Ангат: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 18:
 
== Тавсифоти гиёҳшиносӣ ==
[[File:Hippophae rhamnoides Sturm41.jpg|thumb|left|{{Тасв.гиёҳ.|2}}]]
То 3—11 м қад мекашад. Пӯстлохи тана ва шохҳои ғафсаш бӯри зардтоб ё сиёҳ, навдаҳои бисёрсолааш хокистарранги серхор; хораш сахту тез (дарозиаш 2—7 см). Навдаи наврустааш аз пашмаку пулакчаҳо нуқрагун метобад. Баргаш борики нештаршакл (дарозиаш 2—8 см, бараш 0,2—0,7 см), думчадор (0,1—0,2 см), бедандона. Гулаш ҷудоҷинса; гули модинааш думчакӯтоҳ, сабзтоб ва нисбатан калонтар буда, 2—5 (баъзан 9)-тоӣ дар бағали шохчаҳои навруста ҷой мегирад; гули наринааш зард буда, 6—20-тоӣ дар хӯша ғун шудааст.
 
Ангат дар шароити табиӣ моҳҳои апрел — май гул мекунад. Даври гулшукуфташ 7—10 шаборӯз; гулаш сершаҳд. Мевааш донакдори гирда ё байзашакл, рангаш норинҷӣ ё сурхтоб, сершираи нордон, таъми ананас дорад; донакаш (вазни 1000-тоаш 12—13,2 г) ҷигарранги ҷилодор. Мевааш аз аввали моҳи август то охири октябр мепазад. Дар таркиби мевааш 11—60 мг% каротин (провитамини А), витаминҳои Е (8 мг%), С (316—500; дар ширааш то 900 мг%), В (0,97 мг%), В1, (0,016—0,035 мг%; дар ширааш 0,1—0,18 мг%), B2, (то 0,56 мг%), В6, (0,003—0,079 мг%) ҳаст. Ангат ҳамчунин 3,56—8 % қанд, то 2,6 % кислотаҳои органикӣ, 2,64 % моддаҳои даббоғӣ, то 9 % равғани сурхтоб ё норанҷӣ, кверсетин ва изорамнетин, донакаш 240 мг% каротиноидҳои ҳархела, ликонин, тараксантин, фитофинин дорад. Дар мағзи донакаш 12—13 % равған, инчунин витаминҳои В1 (то 0,28 мг%), В2 (то 0,38 мг%), Е ва Г (110—165 мг%), каротин (40—100 мг%) ҳаст. Барги Ангат 8—9 % (шохчаи наврустааш то 10 %) моддаҳои даббоғӣ, кверсетин, изорамнетин, миритсетин дорад.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ангат"