Бадахшон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 25:
| [[Ислом|Мусулмонон]]
|}
'''Бадахшон''' ({{lang-fa| '''بدخشان'''}}) — кишвари қадимии тоҷикнишини кӯҳистонӣ, машҳур бо маъданҳои нодир, ҳавои тозаву солим ва мардумони шуҷоъ дар болооби дарёҳои Панҷу Ому ва ҳавзаи д. Кӯкчаву шохобҳои он, қисми шим. ғарби Афғонистон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон. Роҳҳои корвонҳои тиҷоратии Шарқи Қадим ба Хитою Ҳиндустон аз тариқи он мегузаштанд. Аз замонҳои дуртарини то м. то асри 18 ду санги қимати-лоҷвард ва лаъл аввал Бохтар ва баъд Бадахшонро дар ҷаҳон машҳур гардонида буданд.
 
Маълумоти ҷамъовардаи муаллифи «Очерки истории Бадахшана» аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар замони давлатдориҳои ошуриёну бобилиён низ конҳои лоҷварди Бадахшон маълуму машҳур буданд ва подшоҳони он давра барои ба даст овардани лоҷвард ба минтақа ҷосусони худро мефиристодаанд. Аз байни навиштаҷоти аз он замонҳо расида мактуби яке аз ҷосусони подшоҳони Урартуро махсусан зикр кардан лозим аст. Дар он гуфта мешавад: «Дар хусуси лоҷварде, ки подшоҳи ман дар бораи он навишта буд, ки „бигузор барои ман лоҷвард биёваранд“, подшоҳи ман хабар надорад, ки ман [барои ба даст овардани] лоҷвард ба минтақаи кӯҳистонӣ омадам. Вале, ҳангоме ки ман мехостам лоҷвардро бо худ бибарам, [мардуми] кишвар ба муқобили ман бархост. Агар подшоҳи ман розӣ бошад, бигузор қувваҳои аскарӣ [ба он ҷо] равона карда, лоҷвардро бигиранд». Порчаи мазкурро шарҳ дода, тарҷумони он — эроншиноси маъруф И. М. Дяконов менависад, ки ба ақидаи хатои ошуриҳо, гӯё конҳои лоҷвард дар кӯҳҳои Бикнии Дамованди Эрон воқеъ будаанд, вале ҷосуси онҳо конҳои дар ҷаҳон ягонаи лоҷвардро дар Бадахшон (дар он замон Бохтар) пайдо мекунад. Ва ҳангоме ки мехоҳад бо худ як миқдор лоҷвардро бибарад, мардуми маҳал ба муқобили ӯ бармехезанд.
Сатри 73:
Берунӣ дар тавсифи лаъли Бадахшон мефармояд: «Асосан се санги гаронбаҳо дар хубӣ байни худ рақобат доранд: ёқут, зумурруд ва марворид. Тибқи ҳамин тартиб мебоист ҳангоми тавсиф якеро аз паси дигаре зикр намоем. Вале азбаски дар боби „Ёқут“ фасле бахшида ба сангҳои гаронбаҳо дохил аст, ба ин фасл бояд лаълро низ ҳамроҳ намоем. Зеро он на фақат яке аз сангҳои гаронбаҳост, балки дар байнашон зеботарин низ мебошад. Дар хусуси лаъл ман чунин мегӯям: он — санги сурх ва шаффофу тоза буда, аз ҳайси ранг бар ёқути олидараҷа монанд аст. Ҳатто баъзан дар зебоӣ ва дурахш бар ёқут бартарӣ дорад, вале дар сахтӣ нисбат ба ёқут мулоимтар аст. Аз ҳамин рӯ ҳангоми бархӯрд ё соиш бо ҷисмҳои дигар кунҷу паҳлуҳои лаъл ба осонӣ зарар мебинанд».
 
Лаъл дар назари мардум дар ибтидо дар сурхию шаффофию зебоӣ ҳатто аз ёқут низ баланд меистодааст. Баъдтар мардум фаҳмидаанд, ки он мулоим буда, паҳлуҳои он дар натиҷаи соиш хӯрда мешаванд, нархи он пасттар мегардад. Вале бо вуҷуди он, нархи лаъл дар замони Берунӣ (асри 11) хеле баланд будааст. Ӯ навиштааст: «… Дар замони мо нархи санги (лаълпораи) як дирҳам (3,5-4,0 г) вазн дошта 10 динори ҳиротист. Вале агар вазни санг (лаълпора) дар ҳудуди аз 20 то 100 дирҳам бошад, дар он сурат қимати ҳар як дирҳами он дар ҳудуди 20-30 динор мебошад».
 
Маълумоти аввалин оид ба Бадахшон дар солномаҳои дарбории подшоҳони хитойӣ дучор меоянд. Чунончи дар Вэй-ши (386—581) — таърихи дарбори подшоҳони Шим. Хитой дар бобати кишвари «Йеда»-(ҳайтолиён) чунин омадааст: «…пойтахти Йеда дар масофаи 200 ли (1 ли тақр. баробари 533 м) аз д. Ухюй (Панҷ) дар ҷануби он воқеъ гаштааст. Подшоҳи он дар ш. Бадиян истиқомат мекунад. Ин шаҳр аз қасри подшоҳ иборат буда, қутри (давродаври) он тақр. 10 лиро (5 км) ташкил медиҳад. Дар он маъбадҳо ва ҳайкалҳои будоии бо тило зебузинатдодашуда зиёданд. Як қисм урфу одатҳои онҳо ба урфу одатҳои туркон монанд мебошад. Шумораи нуфуси Йеда то 100 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Онҳо шаҳр надоранд ва дар куҷое, ки алаф зиёд бошад, дар ҳамон ҷо зиндагӣ мекунанд. Тахти подшоҳии онҳо меросӣ нест. Тахтро шахси тавонотарин аз ҷумлаи хешони подшоҳ соҳиб мегардад. Мардуми Йеда бераҳму шуҷоъ мебошанд. Дар Кишвари Ғарбӣ (Осиёи Марказӣ) — Кангюй, Хутан, Шалэ, Анси ва то 30 давлатчаи хурди дигар тобеи подшоҳи Йеда мебошанд. Йеда давлати пурқувват ба ҳисоб меравад».
Сатри 198:
 
Дар ноҳ. Ишкошим қалъаи аз ҳама қадимтарину калонтарин қалъаи Қаҳқаҳа мебошад. Он дар соҳили д. Панҷ, як км дуртар аз деҳаи Намадгут воқеъ буда, дарозии қалъа аз Ғ. ба Ш. 675 м, аз Ҷ. ба Шим. 22 м-ро ташкил медиҳад. Қалъа байни ду шах сохта шуда, аз толори андозааш 8,5×5,79 м ва як дар хонаи андозааш 5,8×3,8 м иборат аст. Ғафсии девораш 1 м буда, бо хишти хом бино ёфтааст. Девор тиркашҳо дорад. Қалъаи диг. калони ин ноҳ. Қалъаи Ямчун (Сияҳпӯш) мебошад, ки дар деҳаи Ямчуни ҷамоаи Питуп воқеъ аст. Дарозии Қалъа аз Шим. ба Ҷ. 650 м буда, он се навъ хонаҳои истиқоматию мудофиавӣ (ҷойи хоби аскарон ва саисхона, хонаҳои истиқоматии соҳиби Қалъа ва ҳарам) дорад. Шомили 5 бурҷ низ будааст. Дар Бадахшон чанд қалъаи дигар Қалъаи Рин, Қалъаи Вранг, Вршимқалъа, Қалъаи Ҷавшангоз ва ғ. мавҷуданд. Аксари қалъаҳо роҳҳои зеризаминӣ доштаанд. Аксари қалъаҳое, ки дар Бадахшон вуҷуд доштанд, ҳоло аз байн рафтаанд ва танҳо дар ёддоштҳои сайёҳону таҳқиқоти бостоншиносон сабт гардидаанд.
 
== Ҳамчунин нигаред ==
* [[Вилояти Бадахшон]]
* [[Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== Адбиёт ==
Line 211 ⟶ 218:
* دانشنامۀ جهان اسلام. ج۲. تهران، ۱۳۷۵؛
* دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. ج۳. تهران، ۲۰۰۶؛
* مراد صاحب نظر. بدخشان در تاریخ. ج ۲. کابول، ۱۳۸۰
 
== Сарчашма ==
'''Бадахшон''' ({{lang-fa|'''بدخشان'''}}) — сарзаминест кӯҳистон дар [[Осиёи Марказӣ]], ки миёни [[Тоҷикистон]] ([[Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]) ва [[Афғонистон]] ([[Вилояти Бадахшон]]) бахш гардида аст.
{{ЭМТ}}
[[File:Badakhshan.svg|thumb|Харитаи Бадахшон байни ду кишвар, дар шимолу-шарқ [[File:Flag_of_Afghanistan.svg|18px|Парчами Афғонистон]][[Афғонистон]], ва шарқу-ҷануб [[File:Flag of Tajikistan.svg|20px|Парчами Тоҷикистон]][[Тоҷикистон]].]]
[[File:Gorno-Badakhshan Autonomous Province in Tajikistan.svg|thumb|[[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]и [[File:Flag of Tajikistan.svg|20px|Парчами Тоҷикистон]][[Тоҷикистон]], бо марказияти Шаҳри [[Хоруғ]].]]
[[File:Badakhshan in Afghanistan.svg|thumb|[[Вилояти Бадахшон]]и-[[File:Flag_of_Afghanistan.svg|18px|Парчами Афғонистон]][[Афғонистон]] бо марказияти шаҳри [[Файзобод, Афғонистон|Файзобод]].]]
 
== Аҳолӣ ==
 
== Таърих ==
Бадахшон таърихи хеле куҳан дорад ва онро ба ду давра тақсим кардан мумкин аст:
 
=== Таърихи куҳан ===
Бадахшон маркази муҳими иқтисодӣ дар [[таърихи қадим|мантиқа]] ба ҳисоб мерафт. Сангҳои қиматбаҳо ба монанди [[лоҷувард]] дар аввал ва миёнаи ҳазорсолаи 4-уми пеш аз милод хариду фуруш мешуд. Бадахшон қисми муҳими «Роҳи Абрешим» ба шумор меравад ва ин роҳ аз Бадахшон мегузашт ва шарқу ғарбро бо ҳам мепайваст.
 
[[Марко Поло]] нахустин аврупоие буда ки аз Бадахшон гузаштааст ва аз он дар сафарномааш ёд кардааст.
 
=== Таърихи нав ===
Бадахшон дар соли [[1895]] миёнӣ ду импиротурии [[Русия]]ву [[Бритония]] ба ду бахш тақсим гардид. Як бахши ин вилоят таҳти номи Бадахшон ба [[Русия]] ва баъдан [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]] дар [[Иттиҳоди Шӯравӣ]] ([[ИҶШС]]) бо марказияти шаҳри [[Хоруғ]] ба [[Русия]] таълуқ гирифт, ва бахшӣ 2 бо марказиятӣ шаҳри [[Фаӣзобод]] ба иморотӣ [[Афғонистон]] паӣваст. [[Русия]] ва [[Бритония]] [[Панҷ (рӯд)|рӯди Панҷ]]ро ба анвони марзӣ-табиъӣ пазируфта ва тавасут сутунҳои марзӣ нишонагузорӣ шуд.
 
[[Вилояти Бадахшон]] дар шимолу шарқи [[Афғонистон]] ҷойгир аст, шумораи ноҳияҳо — 28, паҳноварӣ — 44,059 км², аҳолӣ — 904,700 тан. Марказаш шаҳри [[Фаӣзобод]] аст, ки 315 км аз шаҳри [[Кобул]], пойтахти [[Афғонистон]], дар резишгоҳи рӯди [[Кӯкча]] ҷой гирифтааст ва 50 ҳазор нафар аҳолӣ дорад.
 
[[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]] расман дар [[2 январ]]и соли [[1925]] бар асоси Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии [[Иттиҳоди Шӯравӣ]] дар таркиби [[Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон]] ташкил шуда ва минбаъд ба таркиби [[ҶШС Тоҷикистон]] дохил гардидааст.
Бино ба Сарконуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расман дар ҳайати мамлакат ҳамчун вилояти мухтор арзи ҳастӣ мекунад.
[[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]] дар ҷанубу шарқи [[Тоҷикистон]] ҷойгир аст, шумораи ноҳияҳо — 7, паҳноварӣ — 64 200 км², аҳолӣ — 220 600 тан (2009). Марказаш шаҳри [[Хоруғ]] аст, ки 417 км км аз шаҳри [[Душанбе]], пойтахти [[Тоҷикистон]], дар рӯди [[Ғунд]] ҷой гирифтааст ва 30 ҳазор нафар (2003) аҳолӣ дорад.
 
== Ҷуғрофия ==
[[File:USSR-Tajikistan-Peak Communism.jpg|thumb|right|[[қуллаи Исмоили Сомонӣ]] бо баландӣ (7,495 м)]]
Қисми асосии бадахшонро қаторкӯҳи бузурги Помири шарқӣ ташкил медиҳад. Нуқтаи баландаш [[қуллаи Исмоили Сомонӣ]] (7495 м) дар ҳудуди [[Тоҷикистон]] мебошад.ва нуқтаи дигар [[Ҳиндукуш]] (7,492 м) дар ҳудуди [[Афғонистон]] мебошад. Бинобар дар баъзе гузоришҳои таърихӣ вилоятро, ҳамчун «Боми ҷаҳон» ном мебаранд.
 
== Бознигаред ==
* [[Вилояти Бадахшон]]
* [[Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
 
[[Гурӯҳ:Помир]]
{{тоҷикистон-ҷуғ-нопурра}}
[[Гурӯҳ:Ҷуғрофиёи Афғонистон]]
[[Гурӯҳ:Вилоятҳои таърихии Тоҷикистон]]