Бадахшон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 27:
'''Бадахшон''' ({{lang-fa| '''بدخشان'''}}) — кишвари қадимии тоҷикнишини кӯҳистонӣ, машҳур бо маъданҳои нодир, ҳавои тозаву солим ва мардумони шуҷоъ дар болооби дарёҳои Панҷу Ому ва ҳавзаи д. Кӯкчаву шохобҳои он, қисми шим. ғарби Афғонистон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон. Роҳҳои корвонҳои тиҷоратии Шарқи Қадим ба Хитою Ҳиндустон аз тариқи он мегузаштанд. Аз замонҳои дуртарини то м. то асри 18 ду санги қимати-лоҷвард ва лаъл аввал Бохтар ва баъд Бадахшонро дар ҷаҳон машҳур гардонида буданд.
 
== Маълумоти мухтасар ==
Маълумоти ҷамъовардаи муаллифи «Очерки истории Бадахшана» аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар замони давлатдориҳои ошуриёну бобилиён низ конҳои лоҷварди Бадахшон маълуму машҳур буданд ва подшоҳони он давра барои ба даст овардани лоҷвард ба минтақа ҷосусони худро мефиристодаанд. Аз байни навиштаҷоти аз он замонҳо расида мактуби яке аз ҷосусони подшоҳони Урартуро махсусан зикр кардан лозим аст. Дар он гуфта мешавад: «Дар хусуси лоҷварде, ки подшоҳи ман дар бораи он навишта буд, ки „бигузор барои ман лоҷвард биёваранд“, подшоҳи ман хабар надорад, ки ман [барои ба даст овардани] лоҷвард ба минтақаи кӯҳистонӣ омадам. Вале, ҳангоме ки ман мехостам лоҷвардро бо худ бибарам, [мардуми] кишвар ба муқобили ман бархост. Агар подшоҳи ман розӣ бошад, бигузор қувваҳои аскарӣ [ба он ҷо] равона карда, лоҷвардро бигиранд». Порчаи мазкурро шарҳ дода, тарҷумони он — эроншиноси маъруф И. М. Дяконов менависад, ки ба ақидаи хатои ошуриҳо, гӯё конҳои лоҷвард дар кӯҳҳои Бикнии Дамованди Эрон воқеъ будаанд, вале ҷосуси онҳо конҳои дар ҷаҳон ягонаи лоҷвардро дар Бадахшон (дар он замон Бохтар) пайдо мекунад. Ва ҳангоме ки мехоҳад бо худ як миқдор лоҷвардро бибарад, мардуми маҳал ба муқобили ӯ бармехезанд.
 
Мавҷудияти лоҷварди Бадахшон дар Ҳиндустон (Моҳенҷо-Даро), Миср (некрополи Фива) ва мавзеъҳои диг. қадимии маданияти ҷаҳонӣ дар замонҳои қадимтарин ошкор гардидааст. Тибқи маълумоти муаллифони «Таърихи Бадахшон» — Мирзо Сангмуҳаммад ва Мирзо Фазлалибек лоҷварди Бадахшон чун ҳазорон сол пеш аз ин, дар а.18 низ қимати хеле баланд доштааст. Бадахшон дар давраҳои мухталифи таърихӣ дорои марзу буми тағйирёбандаи ҷуғрофию сиёсӣ будааст. Он аз Ш. ва Шим. Ш. ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Ш. ба Читрол ва Кашмир (Покистон ва бо долони иртиботӣ бо марзҳои Чин (вил. Син Кёнч), аз Ҷ. бо вил. Кунар ва Каписо ва аз Ғ. бо вилоятҳои Лағмону Тахор (Қатаған ва Тахористон) ҳамҷавор мебошад. Бадахшон ноҳияи кӯҳистонист. Силсилакӯҳҳои Ҳиндукуш (баландтарин қуллаи он 7000 м) бо пиряхҳои табиӣ дар ҷануби он ба самти ғарбу шарқ имтидод доранд. Дар байни кӯҳистон чандин мавзеи даштмонанд вуҷуд доранд, ки дар онҳо зироатҳои гуногун рӯёнда мешаванд. Ободиҳо ва шаҳрҳои Бадахшон чи дар бахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чи дар бахши Афғонистон бо роҳҳои аслӣ ва фаръӣ ба ҳам пайвастанд.
 
Авг.Августи 1876, пас аз ҳамроҳ намудани Фарғона ба Россия, русҳо дар доираи хатти марзӣ бо бекии Қаротегин паймон бастанд, ки мувофиқи он ноҳ. Бадахшони кӯҳӣ ба тобеияти Бухоро монда, ноҳ. ҷануби масири Амударё ба тобеияти Афғонистон мегузарад. Бадахшони Афғонистон ҳоло дар ҷануби д. Ому ва дар шарқи вил. Тахор (700 15' 18" тӯли шарқӣ ва 370 29' 50" арзи шимолӣ), дар байни силсилакӯҳҳои Ҳиндукуш дар Ҷануб ва рӯди Қундуз дар Ғ. бо ш-ҳои Андароб, Хондавлат, Хонқулӣ, Кишм, Ҷурм, Баҳорак, Куррону Мунҷон, Вахону Шуғнону Дарвоз то д. Панҷ ва ғ. бо марказияти Файзобод воқеъ мебошад. Масоҳ. 91,4 км<sup>2</sup>. Бадахшон дар марказ дар баландии 1400 м аз с. Бадахшон қарор дорад. Рӯди Кӯчка аз канори он мегузарад. Пиромуни онро кӯҳистон фаро гирифтааст. Роҳҳои иртиботӣ шаҳру ободиҳои Хуррам, Зийбек, Хонобод ва минтақаи Вахонро бо ҳам мепайвандад. Дарёҳои Кӯкча, Зардев, Ҷурм, Бангӣ, Андароб дар он ҷорианд.
 
== Бадахшони Афғонистон ==
Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон тақр. ҳамаи ҳудуди Помири Ғарбӣ ва Помири Шарқӣ аст, ки ба Бухоро вогузор шуда буд. Аз Шим. бо Қирғизистон, аз Ш. бо Хитой, аз Ҷ. бо Афғонистон (вил. Бадахшон) ва аз Ғ. бо минтақаи Душанбе ҳамсарҳад аст. Долони Вахон онро аз Покистон ҷудо месозад. Дар ҷануб қисмате аз рӯди Ҷайҳун марзи онро бо Афғонистон ташкил медиҳад. Он шаҳру ноҳ. Ванҷ, Ишкошим, Мурғоб, Шуғнон, Рӯшон, Қалъаи Хумро бо марказияти Хоруғ дар бар мегирад. Бадахшони Тоҷикистон минтақаи кӯҳистонист. Силсилаи кӯҳҳои Пасиолой дар Шим. Ш.-и он (баландтарин қ. 6852 м бо имтидод ба самти ғарб) дар Шим. Ҷ. ҷойгир шудаанд. Дар самти ҷануби он қ-ҳои баланд то 7134 м ва баландтарин то 6726 м ва дар Шим. то 7495 м воқеъ аст. Чандин дарёву рӯдхона дорад. Дарёчаи Яшилкӯл дар навоҳии марказӣ ва Қарокӯл дар Шим. Асоситарин рӯд — д. Панҷ (Ому) дар Ғ. ва шохобҳои он чун рӯди Ғунд дар Шим. Ш. он, Оқсу дар Ғ. ва Мурғоб дар марказ ҷараён доранд. Руди Панҷ аз самти шим. шарқӣ ба ҷан. ғарбӣ ҷорӣ мешавад. Дар Бадахшон қавмҳои эронӣ зиндагӣ мекунанд, ки тоҷикони маҳаллӣ онҳоро «ғалча» меноманд. Сохтори кӯҳшиносии баландиҳои Помир хеле мушкилфаҳм ва ҳанӯз бисёр унсурҳои он хуб муайян нашудаанд. Аз назари олимон пайдоиши ин кӯҳҳо дар самти Шим. Hercynian ва дар самти Ҷ. Cimmerian ва алпӣ ба шумор мераванд. Умқи сангҳои зеризаминии давраи Pre — Cambrian ва тӯдаҳои хоросанг дар васати табақаи тахтасангҳо парокандаанд. Баландии миёнаи водии Ғунд 3-4 ҳазор м аст ва дарозии сангҳои бурҷмонанди кӯҳҳои азими онро ях пӯшондааст. Ҳисоби миёнаи баландии онҳо 5-6 ҳазор м мебошад. Силсилаи кӯҳҳои Ҳиндукуш, Қароқурум ва Қунлуншон низ дар фалоти Помир вуҷуд доранд, ки онҳо чи дар ҳудуди Бадахшони Тоҷикистон ва чи дар Бадахшони Афғонистон то 7 ҳазор м баландӣ доранд.
Бадахшони Афғонистон ҳоло дар ҷануби д. Ому ва дар шарқи вил. Тахор (700 15' 18" тӯли шарқӣ ва 370 29' 50" арзи шимолӣ), дар байни силсилакӯҳҳои Ҳиндукуш дар Ҷануб ва рӯди Қундуз дар Ғ. бо ш-ҳои Андароб, Хондавлат, Хонқулӣ, Кишм, Ҷурм, Баҳорак, Куррону Мунҷон, Вахону Шуғнону Дарвоз то д. Панҷ ва ғ. бо марказияти Файзобод воқеъ мебошад. Масоҳ. 91,4 км<sup>2</sup>. Бадахшон дар марказ дар баландии 1400 м аз с. Бадахшон қарор дорад. Рӯди Кӯчка аз канори он мегузарад. Пиромуни онро кӯҳистон фаро гирифтааст. Роҳҳои иртиботӣ шаҳру ободиҳои Хуррам, Зийбек, Хонобод ва минтақаи Вахонро бо ҳам мепайвандад. Дарёҳои Кӯкча, Зардев, Ҷурм, Бангӣ, Андароб дар он ҷорианд.
 
== Бадахшони Тоҷикистон ==
Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон тақр.тақрибан ҳамаи ҳудуди Помири Ғарбӣ ва Помири Шарқӣ аст, ки ба Бухоро вогузор шуда буд. Аз Шим. бо Қирғизистон, аз Ш. бо Хитой, аз Ҷ. бо Афғонистон (вил. Бадахшон) ва аз Ғ. бо минтақаи Душанбе ҳамсарҳад аст. Долони Вахон онро аз Покистон ҷудо месозад. Дар ҷануб қисмате аз рӯди Ҷайҳун марзи онро бо Афғонистон ташкил медиҳад. Он шаҳру ноҳ. Ванҷ, Ишкошим, Мурғоб, Шуғнон, Рӯшон, Қалъаи Хумро бо марказияти Хоруғ дар бар мегирад. Бадахшони Тоҷикистон минтақаи кӯҳистонист. Силсилаи кӯҳҳои Пасиолой дар Шим. Ш.-и он (баландтарин қ. 6852 м бо имтидод ба самти ғарб) дар Шим. Ҷ. ҷойгир шудаанд. Дар самти ҷануби он қ-ҳои баланд то 7134 м ва баландтарин то 6726 м ва дар Шим. то 7495 м воқеъ аст. Чандин дарёву рӯдхона дорад. Дарёчаи Яшилкӯл дар навоҳии марказӣ ва Қарокӯл дар Шим. Асоситарин рӯд — д. Панҷ (Ому) дар Ғ. ва шохобҳои он чун рӯди Ғунд дар Шим. Ш. он, Оқсу дар Ғ. ва Мурғоб дар марказ ҷараён доранд. Руди Панҷ аз самти шим. шарқӣ ба ҷан. ғарбӣ ҷорӣ мешавад. Дар Бадахшон қавмҳои эронӣ зиндагӣ мекунанд, ки тоҷикони маҳаллӣ онҳоро «ғалча» меноманд. Сохтори кӯҳшиносии баландиҳои Помир хеле мушкилфаҳм ва ҳанӯз бисёр унсурҳои он хуб муайян нашудаанд. Аз назари олимон пайдоиши ин кӯҳҳо дар самти Шим. Hercynian ва дар самти Ҷ. Cimmerian ва алпӣ ба шумор мераванд. Умқи сангҳои зеризаминии давраи Pre — Cambrian ва тӯдаҳои хоросанг дар васати табақаи тахтасангҳо парокандаанд. Баландии миёнаи водии Ғунд 3-4 ҳазор м аст ва дарозии сангҳои бурҷмонанди кӯҳҳои азими онро ях пӯшондааст. Ҳисоби миёнаи баландии онҳо 5-6 ҳазор м мебошад. Силсилаи кӯҳҳои Ҳиндукуш, Қароқурум ва Қунлуншон низ дар фалоти Помир вуҷуд доранд, ки онҳо чи дар ҳудуди Бадахшони Тоҷикистон ва чи дар Бадахшони Афғонистон то 7 ҳазор м баландӣ доранд.
 
== Иқлим ==
Line 45 ⟶ 50:
Тамоми ҳафриёти соҳилҳои рӯди Ому аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар тиҷорати аҳди бостон, ки байни тамаддунҳои ибтидоии Шарқи Қадим (шумерӣ, ошурӣ, бобилӣ, мисрӣ, иломӣ ва синд) сурат гирифта буд, тоҷирони ин тамаддунҳо дар ҳазораҳои 4-3 пеш аз м. аз тариқи ағбаи Хайбар сангҳои гаронбаҳои лаълу лоҷвардро ба тамоми гӯшаву канори сарзаминҳои Шарқи Миёна ва Наздик барои фурӯш бурда буданд. Зару зевар ва либосу диг. маводдеро, ки бо лаълу лоҷвард оро дода шуда буданд, дар ҳазораҳои 3 қабл аз м. аз Осиёи Пеш, тамаддунҳои Байнаннаҳрайн, Миср, Эрон ва Ҳинду Чин, ҳатто дар мамолики Ғарб пайдо намуданд. Дар он замон мавҷудияти лоҷварди Бадахшон дар Ҳиндустон (Моҳенҷо-Даро), Миср (некрополи Фива) ва мавзеъҳои диг. қадимии маданияти ҷаҳонӣ собит гардида буд. Ин ҳодиса ба он далолат мекард, ки аз Бадахшон ба ин тамаддунҳои номбурда роҳи махсуси корвонии лаъл ва лоҷувард вуҷуд доштааст ва ҳамин роҳ Бадахшонро дар аҳди қадим ба ҷаҳониён ба воситаи ҳамин ду санги гаронбаҳо шиносонидааст. Агар аз ин ҳам ақибтар равем, метавон Бадахшони давраи асри сангро мавриди таҳқиқ қарор дод. Дар асри санг дар Бадахшон сохтани кулбаҳои гилин тоза шурӯъ шуда буданд. Дертар дар асри нависангӣ (неолит) қабилаҳои Шарқи Миёна, аз ҷумла бадахшиҳо аз дарвозаҳои чӯбӣ, ки пошнааш рӯйи сӯрохи сангӣ мечархиданд, истифода мебурданд. Пайдо шудани равзан барои дудбароӣ ва дохил шудани равшаниро низ олимон ба ҳамин давраи неолит нисбат медиҳанд. Осори неолит дар Тахористон (Бадахшон)-ро бостоншиносон дар адабиёти таърихӣ «Неолити кӯҳии маданияти Ҳисор» номидаанд. Ин тамаддун аз ҳазораи 6 то ҳазораи 3 умр доштааст. Мавҷудияти баъзе бошишгоҳҳо дар канори дарёҳо нишондиҳандаи он аст, ки одамони давраи неолит шурӯъ ба кишту кор кардаанд ва обёрӣ аз дарёҳо шурӯъ шудааст.
 
Дар асри биринҷию мис, ки аз ҳазораи 3 то а-ҳоиасрҳои 9-8 то м. дар Бадахшон идома пайдо карда буд, муҳимтарин марҳалаи таърихии такомулу таҳаввулот ба шумор меравад. Рушди нерӯи истеҳсолот ва тағйироти ҷиддӣ дар низоми иҷтимоӣ дар ҳамин давра ба вуҷуд омада буд. Одамон истеҳсол ва истифодаи маъданҳоро омӯхтанд, гудохтани филиззот барои мустаҳкамтар шудани оҳанро ёд гирифтанд ва ба тавлиди ҷангафзорҳо ва ашёи рӯзгор пардохтанд. Бар ин мабно ҳунармандӣ тараққӣ кард, бошишгоҳҳои наву бузург сохта мешуданд. Машғулиятҳои диг. тавлидӣ, аз қабили кишоварзӣ, чорводорӣ, ҳунармандӣ, пайдоиши аспу ароба, роҳсозӣ ва ғ., тақсимоти ҷомеа ба табақаҳоро тезонд. Сохтани сипару досу табару теша, каланду бел дар ҳамин давраи биринҷӣ ривоҷ ёфт.
 
Роҳи бузурги лаълу лоҷвард дар тасвири харитаи тоҷирони аҳди қадим дар ҳамин давра ба вуҷуд омада, бо номи пайраҳаҳои Роҳи абрешим маъруф шуданд, ки минбаъд он ба шоҳроҳи бузурги тиҷорат табдил ёфта, то асри 17-18 ба мардуми халқу миллатҳои гуногун хизмат кард. Бадахшон дар он замон сарзамине маҳсуб мешуд, ки онро Airana vaeqah меномиданд ва «Varena» дар Авесто ба бахше аз ҳудуди Бадахшон дар муҷовирати Хатлон ишора мекунад. Бадахшон чи дар аҳди Иломиён, чи дар давраи Модҳо ва чи дар замони Ҳахоманишиён дар байни тамаддунҳои ҷаҳонӣ бо ҳамин ду навъи санги қиматбаҳои худ мақому манзалати худро пайдо карда буд. Дар замони Ҳахоманишиён роҳҳои иртиботӣ он қадар муравваҷ буданд, ки «Роҳи шоҳ» 2400 км тӯл дошт ва ба воситаи ҳамин роҳ ба хориҷ бурдани лаълу лоҷвард аз Бадахшон, фирӯза аз Хоразм ва нефрит аз Прибайкалия барои фурӯш ба бозори ҷаҳонӣ як амали маъмулии тоҷирон гардида буд. Барои ҳамин акад. А. Е. Ферсман навишта буд, ки дар тӯли тамоми таърихи дуру дарози маданият як санг — лоҷварди кабуди дурахшони сарзамини афғон (Бадахшон) маъмул аст, ки он бо роҳҳои душворгузари корвонҳо то ба Мисру Хитой ва Руму Византия бурда мешуд. Баъзе олимон иддао доранд, ки «Остони кӯҳистон», ки юнониён аз он ёд кардаанд, ҳамоно Бадахшон будааст.
Line 85 ⟶ 90:
Дараи Яфтал дар байни Файзободу Шаҳри Бузург, дар ҳавзаи д. Яфтал воқеъ буд. Яфтал дар асри 11 низ маҳалли маъруфе будааст. Чунончи ас-Самъонӣ дар «Китобу-л-ансоб»-и худ дар моддаи «Яфталӣ» навиштааст: «Ин нисбатест ба кишваре, ки дар охирҳои Тахористон ҷой дорад ва онро Яфтал меноманд. Ва ба ин нисба машҳур аст Абунаср ибни Аби-л-Фатҳ ал-Яфталӣ, ки дар Хуросон амир буд. Ахбораш ва ҷанги ӯ бо Қаротегин дар наздикиҳои Балх, Мардовезро асир карданаш дар „Таърих“-и Самъонӣ зикр гардидаанд». Дар моддаи «ал-Бадахшонӣ» бошад, Самъонӣ навишта аст: «Ин нисбатест ба „Бадахшон“, ки он дар қисми болои Тахористон воқеъ буда, то ҳудуди кишвари туркҳо тӯл кашидааст. Дар он работест, Зубайда духтари Ҷаъфар ибни Абиҷаъфари ал-Мансур (халифаи аббосӣ, 754—775) дар он қалъаи аҷибе бисохт, ки [дар зебоӣ] мисли он кам дида мешавад. Аз он (Бадахшон) беҷода, лоҷвард, булӯр, санги фатила (асбест) — он чизест монанд ба мағзи бардӣ (папирус) ва санге, ки бозҳир (подзаҳр) ном дорад, ба ҷойҳои диг. бароварда мешавад».
 
Дар хусуси урфу одот ва тарзи зиндагонии мардуми Симотало (Яфтал) Сюан-сзан менависад, ки: «Он чи аҷиб менамуд, ин ки занони шавҳардор шохи чӯбине ба баландии тақр. се фут (91,4 см) ба сар мегузоштанд. Ин шох, ки беҳтар аст онро кулоҳ гуфт, ду шох медошт. Ва ин ду шох намояндагӣ аз падару модари шавҳар менамуд, бар ин тафсил, ки шохи болоӣ аз они хусур ва шохи пойин марбути хушдоман мебуд. Ҳар гоҳ яке аз онҳо вафот меёфт, яке аз он шох аз байн мерафт. Дар сурате, ки хусуру хушдоман ҳар ду дармегузаштанд, ҳар ду шох ҳазф мегардид». Ғайр аз ин, Сюан-сзян махсусан қайд намудааст, ки урфу одатҳои яфталиён ба сабаби наздик будани сарҳадди туркон, ба урфу одати туркҳо монанд аст. Бо вуҷуди доштани мавзеъҳои қалъадори мустаҳкам мардуми Симоталоро ӯ кӯчӣ ба қалам додааст. Ҳокими Бодочуаннаро (Бадахшон) ӯ будоӣ гуфта бошад ҳам, дар ибтидо мардумони ҳайтолӣ эътиқодоти хосси худро доштаанд, ба оташу офтоб ва ғ. саҷда мекардаанд. Баъдтар, онҳо қисман дар а-ҳоиасрҳои 6-7 ойини будоиро қабул намуда буданд.
 
Дар бораи вил. ва ш. Бадахшони асрҳои миёна (10-11) маълумоти кӯтоҳу муфиде дар маъхазҳои арабӣ ва форсӣ дарҷ гаштаанд. Ал-Истахрӣ ва Ибни Ҳавқал дар бораи Бадахшон навиштаанд: «Бадахшон [номи] иқлимест ва пойтахташ шаҳри Бадахшон аст. Ва он мамлакати Аби-л-Фатҳ мебошад». Ҳар дуи онҳо дар хусуси мавзеи ҷойгиршавии ш. Бадахшон маълумоти пурқимат додаанд: «[Шаҳри] Бадахшон аз Мунк хурдтар аст. Он [Бадахшон] дорои рустоҳои зиёди ободу ҳосилхез мебошад. Дар он току дарахтони диг. ва дарёҳо мавҷуд буда, он дар ғарби дарёи Харбоб (дурусташ — Харноб, яъне Кӯкча) воқеъ гаштааст… Аз Бадахшон беҷодаи борик (нозук) ва санге (лаъл), ки гавҳари нафис дошта, дар ҳусну равнақ ба ёқут монанд аст ва рангҳои гулобӣ, руммонӣ (ранги анор), сурхи ба хун монанди нозук, ранги ба ранги май монанд доранд, ба ҷойҳои дигар мебаранд (барои тиҷорат). Он [Бадахшон] асли ватани лоҷвард мебошад. Дар кӯҳҳои он конҳои маъданҳои зиёде вуҷуд доранд. Ба он аз тариқи Вахон мушки тибатии зиёд ворид мегардад». Муарриху ҷуғрофиёшиноси дигар ал-Яъқубӣ, дар хусуси роҳ аз Хуттал то ба Шуғнону Бадахшон менависад: «Аз Хуттал роҳ ба Тахористони Боло ва мамлакати Хуморбек, подшоҳи Шуғнону Бадахшон меравад ва аз он ҷо бо роҳи Водии Аъзам — ба Шуғнон».
Line 91 ⟶ 96:
Агар кас ба харитаи мавзеи Ҷурми Бадахшон нигоҳ кунад, дар шим. шарқи мавзеи Баҳорак номҳои ду деҳаи дар муқобили якдигар ҷойгиршуда диққати касро ба худ ҷалб менамоянд. Яке аз он деҳаҳо Сари Шаҳр ва деҳаи дар муқобили он қарор дошта Пои (Поини) Шаҳр ном доранд. Гумон меравад ш. Бадахшони асримиёнагӣ дар байни ҳамин ду деҳа ҷойгир буда, яке аз он деҳаҳо дар аввал ва дигаре дар охири шаҳр қарор доштаанд. Аз ҳамин сабаб ҳам яке Сари Шаҳр ва дигарӣ Поёни Шаҳр ном гирифтаанд. Новобаста ба ин, тавре дар боло зикр гардид, маъхазҳои арабӣ ш. Бадахшонро дар ғарби д. Вардуҷ, яъне дар ҷан. ғарби Баҳорак ҷой додаанд, дурусташ низ ҳамин аст.
 
Дар тӯли таърихи мавҷудияти худ се вилояти таърихии минтақа — Бадахшон, Хатлон ва Тахористон дар ҳамсоягии якдигар қарор дошта, баъзан як қисми масоҳ. яке аз онҳо ба вилояти диг. дохил мешуд ва баръакс. Чунончи, агар дар а-ҳоиасрҳои 9-13 ш-ҳои Нучоро (Андиҷороғ), Корбанг ва Рустои Бек то гузаргоҳи Бадахшон дар наздикии Баҳораки Афғонистони имрӯза ҷузъи Хатлон бошанд, баъди истилои муғул ва қатли омми саросарии мардуми тоҷик мавзеъҳои мазкур, ки дар соҳилҳои чапи д. Панҷ қарор доштанд, ба ҳайати Бадахшон даромаданд. Худи Хуттал ва Бадахшон муддати тӯлонӣ ҷузъи Тахористон буданд. Сарҳаддоти Бадахшон ҳама вақт то давраи охирини мавҷудияти худ (асри 19) доиман дар тағйиру таҳаввул қарор дошта, тибқи вазъи сиёсии минтақа гоҳ маҳдуд ва гоҳ васеъ мегардиданд.
 
Дар давраи то истилои муғул Тахористон, ки Бадахшон ҷузъи он буд, дар асри 12 аввал дар тобеияти Ғуриён (1149—1215) қарор дошт. Дар ин бора дар «Табақоти Носирӣ» омадааст: «Ва чун малик Фахруддини Масъуд бад-он тахти Бомиён биншаст, атрофи билод ва мамолики ҷиболи Шуғнону Тахористон то ба Дарвозу Балур ва атрофи Туркистон то ҳадди Вахшу Бадахшон ҳама дар забт омад». Баъд аз марги Фахруддин, писараш — султон Шамсуддин бар тахти Бомиён нишаста, қаламрави худро боз ҳам васеътар намуда, тамоми ноҳ. Бадахшонро дар тасарруфи худ медарорад: «Чун султон Шамсуддин ба тахти Бомиён бинишаст… мамолики Тахористон тамом дар забти ӯ омад. Ва баъд аз он, [ки] ш. Балху Чағониён ва Вахшу Ҷурму Бадахшону ҷиболи Шуғнон дар тасарруфи ӯ омад, ба ҳар тараф лашкар кашид ва бар ҷумлаи он билод нофизу амр (ҳукмрон) шуд».
Line 97 ⟶ 102:
Дар солҳои 1215-16 Муҳаммад Хоразмшоҳ дар натиҷаи хиёнат Ғазнаро гирифт ва бо ҳамин минтақаи Тахористону Хатлону Бадахшон ба қаламрави хоразмшоҳиён дохил гардид. Дар замони ҳуҷуми Чингизхон ба Мовароуннаҳру Хуросон, Бадахшон низ чун навоҳии диг. минтақа дар соли 1220 арсаи ғорату куштори сахт қарор гирифта буд, чунончи дар «Таърихи ҷаҳонкушой» омадааст: «Ва чун хотири Чингизхон аз харобии Тирмиз фориғ гашт, ба ҳудуди Кангурту Сомон рафт ва зимистон дар он ҷо раҳли истиқомат андохта, ба куштану кандану тохтан он диёрро низ [аз вуҷуди одамон] пок сохт (яъне дар он диёр одам намонд). Ва лашкар ба вилояти Бадахшон фиристод, то он сарзаминро аз хуни куштагон ранги ёқути руммонӣ (чун анор сурх) ва лаъли бадахшонӣ доданд».
 
Дар робита ақидаи шарқшиноси шинохта В. В. Бартолдро дар хусуси он, ки муғулҳо ба Бадахшон ҳуҷум накарда буданд («Бадахшан не был затронут монгольским нашествием…») акнун куҳнашуда шумурдан мумкин аст. Дар а-ҳоиасрҳои 13-14 амирзодаҳои муғул дар сарзаминҳои Тахористону Хатлону Бадахшон ҳукмронӣ мекарданд ва дар байни якдигар зиддиятҳое доштанд. Дар нимаи дуюми асри 14 набераи амир Қазағани муғул — амир Ҳусайн дар Кобулу Андароб, дар Ҳисор — амир Баёни сулдӯз, дар Бадахшон — шоҳ Баҳоуддин ҳоким буданд. Амир Ҳусайн аз амир Темур дар муқобили ҳокими Ҳисор ёрӣ пурсид. Темур бо Хизри ясурӣ рӯ ба Ҳисор оварданд ва Баёни сулдӯз ба Бадахшон гурехт. Иттифоқчиёни мазкур аз паси Баён ба Бадахшон омаданд. Шоҳ Баҳоуддин гурехт ва Бадахшон дар тасарруфи амир Ҳусайн қарор гирифт.
 
Дар ҳудуди солҳои 1367-68 шоҳони Бадахшон исён бардош-танд. Амир Ҳусайн дар якҷоягӣ бо Темур боз ба Бадахшонҳуҷум оварданд. Дар ҷанг бо «тожикон»-и Бадахшон Темур дар мавзее дар як вазъи ниҳоят баде қарор гирифт, ки агар яке аз одамонаш, ки бо он «тожикон» шинос буд, ба миёна намедаромад, Темур ҷони худро аз даст медод.
Line 159 ⟶ 164:
 
== Хоҷагӣ ==
Манбаъҳои даромади Бадахшон дар гузашта аз соҳаи кишоварзӣ, хироҷ аз замин, андоз аз чорво, боҷу хироҷи корвонҳои Роҳи бузурги абрешим буд. Вале манбаи асосии даромад истихроҷи сангҳои қиматӣ ба мисли лаълу лоҷвард ва ғ. аз конҳои Бадахшон (дар ҳавзаи д. Кӯкча, соҳили рости болооби д. Панҷ) ба шумор мерафт. Тарзи ҳаёти хоҷагидорӣ дар Бадахшон аз қадимулайём зироаткорӣ ва чорводорӣ будааст. Ҳарчанд Бадахшони Тоҷикистон сарзамини кӯҳистонист, дар қисмати ғарбии он ва Бадахшони Афғонистон заминҳои кишт мавҷуданд. Дар Бадахшони Тоҷикистон масоҳ. кишт 17,8 ҳазор га (1982) буд. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои чинӣ дар а-ҳоиасрҳои 2-1 то м. ҳайтолиёну тахориҳои қабилаҳои кӯчӣ, ки шуғлашон чорводорӣ буд, зистаанд. Онҳо баъди тасарруфи Осиёи Миёна ва Афғонистон тадриҷан ба ҳаёти муқимӣ гузашта, баробари чорводорӣ ба коркарди замин, рӯёнидани ҳосил, боғпарварӣ ва ҳунармандию тиҷорат машғул шуданд.
 
Кишоварзӣ асосан дар дараҳои сершумори ҳам Бадахшони Афғонистон ва ҳам Бадахшони Тоҷикистон вуҷуд дошт. Аз заминҳои Бадахшон гандум, ҷав, шолӣ, картошка, сабзавот, ҳубубот (лӯбиёиҳо) рӯёнда мешуданд. Дар дараи Кӯкча (дар баландии 1500 м) тангиҳои бисёре вуҷуд дошт, ки то Нуристон зироатҳои гуногун, боғҳои мева ва ба тарафи шарқ ҷангал бештар ба назар мерасад. Фаъолияти кишоварзӣ асосан дар дараҳо анҷом дода мешавад ва бе оби ҷӯйборҳои ҷорӣ аз пиряхҳои табиӣ зироатҳо обёрӣ карда намешаванд. Дар баъзе ноҳ. Помир дар баландиҳои беш аз 3 ҳазор м чорводориро ривоҷ доданд. Аҳолии Бадахшон асосан деҳнишинанд ва бо кишти обӣ зироатҳои гуногун мерӯёнанд, ҳатто дар кӯҳпояҳо имкони кишт мавҷуд аст. Боғдорӣ низ яке аз фаъолиятҳои умдаву суннатии мардуми Бадахшон мебошад. Парвариши ниҳолҳои себу тут, чормағз, писта ва ғ. дар доманакӯҳҳо ва ноҳ. кӯҳӣ ба назар мерасад.
Line 170 ⟶ 175:
Ҷуғрофидони асри 10 Муқаддасӣ роҷеъ ба Бадахшон, хусусан маъданҳову сангҳои гаронбаҳои он маълумоти муфиде ироа намудааст. Ӯ навиштааст: «Бадахшон то кишвари туркон тӯл кашида, дар қисми болои Тахористон воқеъ гаштааст. Дар он кони гавҳаре, ки ба ёқут монанд мебошад (лаъл), мавҷуд аст, ки ғайри он диг. дар ҳеч ҷой чунин кон вуҷуд надорад. Дар он ҷо работи Фозил ва як қалъаи аҷибе, ки аз они Зубайда (зани халифаи аббосӣ Ҳоруннуррашид) мебошад, мавҷуданд. Дар он ҷо конҳои лоҷвард, булӯр, санги бозаҳр (подзаҳр), санги фатила (пилтасанг, асбест) мавҷуд мебошанд. Охирӣ (яъне асбест) чизест ба бардӣ (папирус) монанд, дар оташ намесӯзад. Онро дар равған андохта мегиронанд ва он мисли пилта сӯхтан мегирад ва кам намегардад. Онро дар оташи сӯзон соате мепартоянд ва он ба ҳолати аввалияш бармегардад. Аз он дастархонҳо мебофанд. Чун дастархонҳо чиркин гаштанд ва хостанд онҳоро бишӯянд, он дастархонҳоро дар (оташи) танӯр меандозанд. Пас аз ин онҳо ба мисли ҳолати аввалӣ баргашта, пок мешаванд. Боз санги дигаре (дар Бадахшон) вуҷуд дорад, ки чун онро дар хонаи торик гузоранд, аз худ нур афканда, чизҳои наздикашро равшан месозад».
 
Бадахшон на фақат бо конҳои лаълу лоҷвард, балки бо конҳои маъданҳои зиёди дигар аз қабили тило, нуқра, оҳан, қӯрғошим, руҳ, волфрам, сурб, молибден, булӯри кӯҳӣ, асбест, мис, беҷода (гранат) ва сангҳои диг. гуногуни гаронбаҳо ва нодир — шпиндел, яшм, талқ, навъҳои гуногуни санги мармар, гранит машҳур буда, конҳои мазкур дар тӯли таърих фаъол буданд. Маҳз ҳамин сарватҳои зеризаминӣ Бадахшонро дар олами он замон машҳур гардонида, сайёҳону ҳаводорон аз кишварҳои мухталиф барои ба даст овардани он ба ин сарзамин сафар мекарданд. Бино ба иттилооти маъхазҳо дар а-ҳоиасрҳои 11-12 дар саросари кишвар истихроҷи маъданҳои нодир авҷ гирифта буд. Танҳо дар Кӯҳи Лаъл олимон 500 мавзеи қадимии истихроҷи лаълро кашф кардаанд.
 
Бадахшон на фақат бо конҳои лаълу лоҷвард, балки бо обҳои маъданию шифобахш низ маълуму машҳур мебошад. Дар ҳудуди Бадахшони Тоҷикистон беш аз 60 чашмаи оби гарм ва обҳои сарди маъданӣ мавҷуданд, ки танҳо як қисми онҳо барои табобати беморон мавриди истифода қарор гирифтаанд. Таркиби ин обҳо аз гази карбон, азот, обҳои ширини нӯшокӣ, обҳои маъдании дорои таркиботи гуногуни кимиёӣ бештар дар ҷан. ғарби Помир дучор мешаванд. Дар қисмати ҷан. шарқ — дар Мурғоб −2, Ишкошим −22, Ванҷ — 5, Роштқалъа — 6, Шуғнон — 3 манбаи оби чашма вуҷуд доранд.
Line 188 ⟶ 193:
 
== Маориф ва фарҳанг ==
Ҳодисаи муҳимми фарҳангие, ки он дар саросари сарзамини кӯҳистони Бадахшон аз даврони қадим паҳн шудааст, расмкашӣ дар рӯйи харсангҳо мебошад. Расмҳо дар харсангҳо мазмунҳои гуногунро ифода мекунанд ва давраи замонии ниҳоят тӯлониро дар бар мегиранд. Мас., дар мавзеъҳои Удит (Намадгут ва Даршай) дар харсангҳо расмҳое кашида шудаанд, ки онҳо ба ҳазорсолаҳои 4-3 то м. мансубанд. Дар айни замон дар ҷамоати Пастхуфи ноҳ. Рӯшон дар харсангҳо расми 2 асп, нахчирҳо ва саге кашида шудааст. Дар аксари расмҳои дар харсангҳо кашидашуда расми нахчир (бузи кӯҳӣ), шикорчӣ (пиёда ё савора) бо камон ва саг, одамон ва расми панҷаи одам (рамзи мазҳаби исмоилия) ташкил медиҳад. Шумораи расмҳо низ дар харсангҳо зиёданд. Мас., дар Вибистдараи ҷамоати Навободи ноҳ. Шуғнон дар харсангҳо дар 1,2 га 1203 расм вуҷуд дорад. Инҳо аз ҳар гуна аломатҳо, шаклҳои одамон, нахчирҳо, савораҳо, доира бо нурҳо, шутурҳо, сагҳо, фойтун, рубобҳои мухталиф, панҷаи даст иборатанд. Ба миқдори аз ҳама зиёд — 6000 расм дар харсангҳо дар деҳаи Лангари ҷамоати Зонги ноҳ. Ишкошим ба назар мерасад. Таърихи кашида шудани расмҳо ба замонҳои гуногун — аз асри биринҷӣ сар карда, то асрҳои миёна ва замони муосир мансубанд. Мас., силсилаи навиштаҷоте бо алифбои форсӣ ба назар мерасад, ки тақр. а-ҳоиасрҳои 17-19 дар рӯйи санг навиштаанд. Қадимтарин сангнигораҳое, ки дар деҳаи Лангари Ишкошим мавҷуданд, ба охири давраи асри санг ва ибтидои асри биринҷӣ мансубанд. Дар сангнигораҳои деҳаҳои Удит ва Даршай тасвири бузҳо бо сабти хоссае анҷом шудаанд ва ба ҳазорсолаҳои 4-3 то м. мутааллиқанд.
 
Дар Бадахшон тақр. то асри 11 адабиёти хаттӣ вуҷуд надошт. Носири Хусрав дар деҳаи Юмгони Бадахшон як силсила дӯстон, шогирдон ва пайравоне пайдо кард, ки ба воситаи онҳо ақидаҳои динӣ, фалсафӣ ва адабии худро байни сокинони Бадахшон паҳн мекард. Аз осори Носири Хусрав маълум мегардад, ки дар замони зиндагии ӯ шеъру шоирӣ вуҷуд доштааст. Мутаассифона, дар натиҷаи ҳаводиси давру замонҳои номусоид осори хаттии а-ҳоиасрҳои 11-15 ба ҷуз осори Носири Хусрав, то замони мо боқӣ намондаанд. Ончи мусаллам аст, дар асри 15 шоҳи Бадахшон Султонмуҳаммад мутахаллис ба «Лаълӣ» дар дарбори худ шоирони бисёреро ҷамъ оварда, доираи адабии Бадахшонро таъсис намуд. Дар он Мулло Муҳаммади Бадахшӣ, Мулло Камоли Бадахшӣ ва бисёр диг. шоирон фаъолият мекарданд ва бо маркази умумии адабиёти форс-тоҷики он давр — Ҳирот робитаи адабӣ доштанд. Дар асри 16 дар саҳнаи адабӣ шоирон Дӯстии Бадахшӣ, Надимӣ, Муҳаммадзамон мутахаллис ба Мирзо, Мавлоно Равнақӣ ва диг. буруз намуданд, ки бештар ба доираи адабии Ҳиндустон робитаи адабӣ барқарор карда буданд.
 
Дар асри 17 шоирону аҳли қалам бино ба вазъи нобасомони бавуҷудомада ба Ҳиндустону Мовароуннаҳр ва Хуросон пароканда шуданд. Адабиёти асри 18, бахусус дар нимаи аввали он хуб маълум набошад ҳам, нимаи дуюми он дар давраи ҳокимияти Султоншоҳ, бо беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ, таҷдид гардид. Дар ин давра шоирон Мавлавии Абдулғаффор, Ғиёсуддини Ҷирмӣ аз Ҳинд баргаштанд ва бо Муҳаммадалии Комил, Ошиқ, Ҳашмат ва Муҳташам пайваста фаъолият доштанд. Дар асри 19 ва ибтидои асри 20 зиёда аз 60 нафар шоир дар Бадахшон зиндагӣ мекард ва фаъолияти адабии пурсамар дошт. Мулло Мӯсои Бадахшӣ мутахаллис бо «Мухлис», Мубораки Вахонӣ, Махфии Бадахшӣ, Ҷаъфарӣ, Мирзообид, Пӯлоди Дарморахтӣ, Шоҳфитур ва диг. бо осори дар он давр эҷодкардаи худ машҳур буданд. Марказҳои равнақи адабии форсӣ-тоҷикӣ дар Бадахшон ба вуҷуд омаданд, ки шоирон Абтарии Бадахшӣ, Ҷамили Бадахшӣ, Муллошоҳи Бадахшонӣ, Иброҳими Бадахшонӣ, Нақшбандӣ, Ғиёсии Бадахшонӣ, Дардии Бадахшонӣ, Масраи Бадахшонӣ, Муллоёри Ванҷӣ ва бисёр диг. аз он марказҳо бархостаанд. Дар ин давра таваҷҷуҳ ба улуми фалсафӣ ва табиӣ низ ба хубӣ дар Бадахшон ба мушоҳида мерасид. Шахсиятҳои номвари ин улум аз ҷумла Мирғиёсуддин Алиҳусайн «Хулосат-ут-танҷим», «Бурҳон-ут-тақвим» ва «Донишномаи ҷаҳон»-ро таълиф кард, Шайх Муҳаммади Бадахшӣ ба «Шамсия»-и Котибӣ ҳошия навишт, Муҳаммади Азҳар «Ҷомеъ-уз-заррот» ва «Азҳару-л-муҳсинин»-ро иншо кард, Ақҳари Муҳаммаднабӣ «Китоби фалсафа» ва «Ҳадоиқу-л-ҳақоиқ»-ро тадвин намуд ва Надим Умари Рустоқӣ дар илми мантиқ, ҳикмат ва фиқҳ осори зиёде таълиф кард.
 
== Ёдгорҳои таърихӣ ва меъморӣ ==
Дар саросари сарзамини Бадахшон аз замонҳои қадим қалъаҳои бисёре сохта шудаанд, ки онҳо бештар маҳалли зисти ҳокимони давр будаанд. Инҳо дар ноҳ. Дарвоз — Қалъаи Хумб, дар ноҳ. Ванҷ — Ванҷқалъа воқеъ дар мавзеи маркази ноҳ. Ванҷ (масоҳ. 35 х 12,5 м), ки ба а-ҳоиасрҳои 18-19 мансуб мебошад. Дар Рӯшон -қалъаи Вомар, ки масоҳ. 1,5 га буда, дар он беш аз 200 нафар ҷойгузин мешуданд. Он ба а-ҳоиасрҳои мутааххир — 19-20 мутааллиқ аст. Дар ноҳ. Шуғнон бостоншиносон қалъаҳои бисёреро кашф карданд. Аз мавзеи Поршневи ноҳ. Шуғнон дегчаи хурди филиззие аз зери хок берун оварданд, ки ба а-ҳоиасрҳои 8-5 то м. мансуб аст. Ин бозёфт ҳоло дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии Беҳзоди ҷумҳурӣ нигоҳдорӣ мешавад. Кофирқалъа дар шакли биноҳои мудофиавӣ дар поёноби д. Ғунд, наздикии деҳаи Боғев дар баландие ҷойгир шудааст. Масоҳ. 200×120 м. Тарафи ҷанубии қалъа девори сангӣ дорад, ки ғафсиаш 0,3 — 0,4 м ва баландиаш 1,5 м аст. Дар мобайни қалъа осори чанд бинои росткунҷа боқӣ мондааст, ки замоне арк будааст. Деворҳои Қалъа тиркаш доранд. Дар ҳудуди ноҳ. Роштқалъа, дар ҷамоати М. Миршакар қалъаи қадимии Чокарқалъа аз тарафи соҳили рости Шохдара воқеъ аст, ки масоҳ. он 75×53 м мебошад. Ашёи пайдокардаи бостоншиносон ба асри 7 мансуб будани қалъаи мазкурро таъйид мекунанд. Қалъаи дигари қадимии Роштқалъа қалъаи Шошбувед II дар ҷамоати Сижд мебошад, ки масоҳ. 80×40 м буда, деворҳояш сангин аст. Он як бурҷ доштааст. Қалъаи калонтарину қадимтарини ноҳ. Роштқалъа — қалъаи Доруҷ дар ҷамоати Сижд дар соҳили рости Шохдара воқеъ мебошад. Масоҳ. он 600 м<sup>2</sup> буда, маводди ёфтшуда ба асрҳои миёна мансуб будани онро таъйид мекунанд.
 
Дар ноҳ. Ишкошим қалъаи аз ҳама қадимтарину калонтарин қалъаи Қаҳқаҳа мебошад. Он дар соҳили д. Панҷ, як км дуртар аз деҳаи Намадгут воқеъ буда, дарозии қалъа аз Ғ. ба Ш. 675 м, аз Ҷ. ба Шим. 22 м-ро ташкил медиҳад. Қалъа байни ду шах сохта шуда, аз толори андозааш 8,5×5,79 м ва як дар хонаи андозааш 5,8×3,8 м иборат аст. Ғафсии девораш 1 м буда, бо хишти хом бино ёфтааст. Девор тиркашҳо дорад. Қалъаи диг. калони ин ноҳ. Қалъаи Ямчун (Сияҳпӯш) мебошад, ки дар деҳаи Ямчуни ҷамоаи Питуп воқеъ аст. Дарозии Қалъа аз Шим. ба Ҷ. 650 м буда, он се навъ хонаҳои истиқоматию мудофиавӣ (ҷойи хоби аскарон ва саисхона, хонаҳои истиқоматии соҳиби Қалъа ва ҳарам) дорад. Шомили 5 бурҷ низ будааст. Дар Бадахшон чанд қалъаи дигар Қалъаи Рин, Қалъаи Вранг, Вршимқалъа, Қалъаи Ҷавшангоз ва ғ. мавҷуданд. Аксари қалъаҳо роҳҳои зеризаминӣ доштаанд. Аксари қалъаҳое, ки дар Бадахшон вуҷуд доштанд, ҳоло аз байн рафтаанд ва танҳо дар ёддоштҳои сайёҳону таҳқиқоти бостоншиносон сабт гардидаанд.