Бадахшон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 25:
| [[Ислом|Мусулмонон]]
|}
'''Бадахшон''' ({{lang-fa| '''بدخشان'''}}) — кишвари қадимии тоҷикнишини кӯҳистонӣ, машҳур бо маъданҳои нодир, ҳавои тозаву солим ва мардумони шуҷоъ дар болооби дарёҳои [[Панҷ (рӯд)|Панҷу]] [[Амударё|Ому]] ва ҳавзаи д.дарёи Кӯкчаву шохобҳои он, қисми шим.шимолу ғарби [[Афғонистон]] ва [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони БадахшониБадахшон|Вилояти Тоҷикистон.Мухтори РоҳҳоиКӯҳистони корвонҳоиБадахшони]] тиҷоратии Шарқи Қадим ба Хитою Ҳиндустон аз тариқи он мегузаштанд[[Тоҷикистон]]. Аз замонҳои дуртарини то м. то асри 18 ду санги қимати-лоҷвард ва лаъл аввал Бохтар ва баъд Бадахшонро дар ҷаҳон машҳур гардонида буданд.
 
== Маълумоти мухтасар ==
Роҳҳои корвонҳои тиҷоратии Шарқи Қадим ба Хитою Ҳиндустон аз тариқи он мегузаштанд. Аз замонҳои дуртарини то м. то асри 18 ду санги қимати-лоҷвард ва лаъл аввал Бохтар ва баъд Бадахшонро дар ҷаҳон машҳур гардонида буданд. Маълумоти ҷамъовардаи муаллифи «Очерки истории Бадахшана» аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар замони давлатдориҳои ошуриёну бобилиён низ конҳои лоҷварди Бадахшон маълуму машҳур буданд ва подшоҳони он давра барои ба даст овардани лоҷвард ба минтақа ҷосусони худро мефиристодаанд. Аз байни навиштаҷоти аз он замонҳо расида мактуби яке аз ҷосусони подшоҳони Урартуро махсусан зикр кардан лозим аст. Дар он гуфта мешавад: «Дар хусуси лоҷварде, ки подшоҳи ман дар бораи он навишта буд, ки „бигузор барои ман лоҷвард биёваранд“, подшоҳи ман хабар надорад, ки ман [барои ба даст овардани] лоҷвард ба минтақаи кӯҳистонӣ омадам. Вале, ҳангоме ки ман мехостам лоҷвардро бо худ бибарам, [мардуми] кишвар ба муқобили ман бархост. Агар подшоҳи ман розӣ бошад, бигузор қувваҳои аскарӣ [ба он ҷо] равона карда, лоҷвардро бигиранд». Порчаи мазкурро шарҳ дода, тарҷумони он — эроншиноси маъруф И. М. Дяконов менависад, ки ба ақидаи хатои ошуриҳо, гӯё конҳои лоҷвард дар кӯҳҳои Бикнии Дамованди Эрон воқеъ будаанд, вале ҷосуси онҳо конҳои дар ҷаҳон ягонаи лоҷвардро дар Бадахшон (дар он замон Бохтар) пайдо мекунад. Ва ҳангоме ки мехоҳад бо худ як миқдор лоҷвардро бибарад, мардуми маҳал ба муқобили ӯ бармехезанд.
 
Мавҷудияти лоҷварди Бадахшон дар Ҳиндустон (Моҳенҷо-Даро), Миср (некрополи Фива) ва мавзеъҳои диг. қадимии маданияти ҷаҳонӣ дар замонҳои қадимтарин ошкор гардидааст. Тибқи маълумоти муаллифони «Таърихи Бадахшон» — Мирзо Сангмуҳаммад ва Мирзо Фазлалибек лоҷварди Бадахшон чун ҳазорон сол пеш аз ин, дар а.18 низ қимати хеле баланд доштааст. Бадахшон дар давраҳои мухталифи таърихӣ дорои марзу буми тағйирёбандаи ҷуғрофию сиёсӣ будааст. Он аз Ш. ва Шим. Ш. ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Ш. ба Читрол ва Кашмир (Покистон ва бо долони иртиботӣ бо марзҳои Чин (вил. Син Кёнч), аз Ҷ. бо вил. Кунар ва Каписо ва аз Ғ. бо вилоятҳои Лағмону Тахор (Қатаған ва Тахористон) ҳамҷавор мебошад. Бадахшон ноҳияи кӯҳистонист. Силсилакӯҳҳои Ҳиндукуш (баландтарин қуллаи он 7000 м) бо пиряхҳои табиӣ дар ҷануби он ба самти ғарбу шарқ имтидод доранд. Дар байни кӯҳистон чандин мавзеи даштмонанд вуҷуд доранд, ки дар онҳо зироатҳои гуногун рӯёнда мешаванд. Ободиҳо ва шаҳрҳои Бадахшон чи дар бахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чи дар бахши Афғонистон бо роҳҳои аслӣ ва фаръӣ ба ҳам пайвастанд.
Сатри 54:
Роҳи бузурги лаълу лоҷвард дар тасвири харитаи тоҷирони аҳди қадим дар ҳамин давра ба вуҷуд омада, бо номи пайраҳаҳои Роҳи абрешим маъруф шуданд, ки минбаъд он ба шоҳроҳи бузурги тиҷорат табдил ёфта, то асри 17-18 ба мардуми халқу миллатҳои гуногун хизмат кард. Бадахшон дар он замон сарзамине маҳсуб мешуд, ки онро Airana vaeqah меномиданд ва «Varena» дар Авесто ба бахше аз ҳудуди Бадахшон дар муҷовирати Хатлон ишора мекунад. Бадахшон чи дар аҳди Иломиён, чи дар давраи Модҳо ва чи дар замони Ҳахоманишиён дар байни тамаддунҳои ҷаҳонӣ бо ҳамин ду навъи санги қиматбаҳои худ мақому манзалати худро пайдо карда буд. Дар замони Ҳахоманишиён роҳҳои иртиботӣ он қадар муравваҷ буданд, ки «Роҳи шоҳ» 2400 км тӯл дошт ва ба воситаи ҳамин роҳ ба хориҷ бурдани лаълу лоҷвард аз Бадахшон, фирӯза аз Хоразм ва нефрит аз Прибайкалия барои фурӯш ба бозори ҷаҳонӣ як амали маъмулии тоҷирон гардида буд. Барои ҳамин акад. А. Е. Ферсман навишта буд, ки дар тӯли тамоми таърихи дуру дарози маданият як санг — лоҷварди кабуди дурахшони сарзамини афғон (Бадахшон) маъмул аст, ки он бо роҳҳои душворгузари корвонҳо то ба Мисру Хитой ва Руму Византия бурда мешуд. Баъзе олимон иддао доранд, ки «Остони кӯҳистон», ки юнониён аз он ёд кардаанд, ҳамоно Бадахшон будааст.
 
=== Замони Ҳахоманишиён ===
Дар замони Ҳахоманишиён санги гаронбаҳои лоҷварди дурахшони Бадахшон маъруф буд. Дар бораи он дар матнҳои хатти мехии замони Доро (521—485 то м.) дар байни сангҳои гаронбаҳое, ки аз давлати ҳахоманишӣ оварда мешуданд, аз санге ёд шудааст бо номи «касака-капаутака» («санги кабуди лоҷвард»), ки аз шаҳр-давлат (сатрапия)-и Бохтари тобеи давлати Ҳахоманишиён ворид мегардид. Тибқи маълумоти «Таърихи Бадахшон», лоҷварди Бадахшон ҳеч гоҳ қимати худро аз даст надодааст. Дар он омада, ки «он сангбарсарзадаро (мир Баҳодуршоҳ дар назар аст) санги лоҷвард соҳиби шаъну шавкат намуд, ки лоҷвард дар мамлакати Хитой баҳси тамом ёфт ва як сери (воҳиди вазн) санги Бадахшон ба ҳазору понсад рупия расид. Ва дар ин боб чунон қадағани тамом фармуд, ки резасанге аз он ба дасти аҳаде аз акобиру асоғир намеафтод. Ва ҳам бар ин лоҷвард хазинаи маъмуре аз нуқуду ёмбуи нуқра ва аҷноси амтиаву ақмиша аз ҳар ҷинс ба ҳам расонид».
 
Line 92 ⟶ 93:
Дар хусуси урфу одот ва тарзи зиндагонии мардуми Симотало (Яфтал) Сюан-сзан менависад, ки: «Он чи аҷиб менамуд, ин ки занони шавҳардор шохи чӯбине ба баландии тақр. се фут (91,4 см) ба сар мегузоштанд. Ин шох, ки беҳтар аст онро кулоҳ гуфт, ду шох медошт. Ва ин ду шох намояндагӣ аз падару модари шавҳар менамуд, бар ин тафсил, ки шохи болоӣ аз они хусур ва шохи пойин марбути хушдоман мебуд. Ҳар гоҳ яке аз онҳо вафот меёфт, яке аз он шох аз байн мерафт. Дар сурате, ки хусуру хушдоман ҳар ду дармегузаштанд, ҳар ду шох ҳазф мегардид». Ғайр аз ин, Сюан-сзян махсусан қайд намудааст, ки урфу одатҳои яфталиён ба сабаби наздик будани сарҳадди туркон, ба урфу одати туркҳо монанд аст. Бо вуҷуди доштани мавзеъҳои қалъадори мустаҳкам мардуми Симоталоро ӯ кӯчӣ ба қалам додааст. Ҳокими Бодочуаннаро (Бадахшон) ӯ будоӣ гуфта бошад ҳам, дар ибтидо мардумони ҳайтолӣ эътиқодоти хосси худро доштаанд, ба оташу офтоб ва ғ. саҷда мекардаанд. Баъдтар, онҳо қисман дар асрҳои 6-7 ойини будоиро қабул намуда буданд.
 
=== Асрҳои 10—11 ===
Дар бораи вил. ва ш. Бадахшони асрҳои миёна (10-11) маълумоти кӯтоҳу муфиде дар маъхазҳои арабӣ ва форсӣ дарҷ гаштаанд. Ал-Истахрӣ ва Ибни Ҳавқал дар бораи Бадахшон навиштаанд: «Бадахшон [номи] иқлимест ва пойтахташ шаҳри Бадахшон аст. Ва он мамлакати Аби-л-Фатҳ мебошад». Ҳар дуи онҳо дар хусуси мавзеи ҷойгиршавии ш. Бадахшон маълумоти пурқимат додаанд: «[Шаҳри] Бадахшон аз Мунк хурдтар аст. Он [Бадахшон] дорои рустоҳои зиёди ободу ҳосилхез мебошад. Дар он току дарахтони диг. ва дарёҳо мавҷуд буда, он дар ғарби дарёи Харбоб (дурусташ — Харноб, яъне Кӯкча) воқеъ гаштааст… Аз Бадахшон беҷодаи борик (нозук) ва санге (лаъл), ки гавҳари нафис дошта, дар ҳусну равнақ ба ёқут монанд аст ва рангҳои гулобӣ, руммонӣ (ранги анор), сурхи ба хун монанди нозук, ранги ба ранги май монанд доранд, ба ҷойҳои дигар мебаранд (барои тиҷорат). Он [Бадахшон] асли ватани лоҷвард мебошад. Дар кӯҳҳои он конҳои маъданҳои зиёде вуҷуд доранд. Ба он аз тариқи Вахон мушки тибатии зиёд ворид мегардад». Муарриху ҷуғрофиёшиноси дигар ал-Яъқубӣ, дар хусуси роҳ аз Хуттал то ба Шуғнону Бадахшон менависад: «Аз Хуттал роҳ ба Тахористони Боло ва мамлакати Хуморбек, подшоҳи Шуғнону Бадахшон меравад ва аз он ҷо бо роҳи Водии Аъзам — ба Шуғнон».
 
Line 104 ⟶ 106:
Дар робита ақидаи шарқшиноси шинохта В. В. Бартолдро дар хусуси он, ки муғулҳо ба Бадахшон ҳуҷум накарда буданд («Бадахшан не был затронут монгольским нашествием…») акнун куҳнашуда шумурдан мумкин аст. Дар асрҳои 13-14 амирзодаҳои муғул дар сарзаминҳои Тахористону Хатлону Бадахшон ҳукмронӣ мекарданд ва дар байни якдигар зиддиятҳое доштанд. Дар нимаи дуюми асри 14 набераи амир Қазағани муғул — амир Ҳусайн дар Кобулу Андароб, дар Ҳисор — амир Баёни сулдӯз, дар Бадахшон — шоҳ Баҳоуддин ҳоким буданд. Амир Ҳусайн аз амир Темур дар муқобили ҳокими Ҳисор ёрӣ пурсид. Темур бо Хизри ясурӣ рӯ ба Ҳисор оварданд ва Баёни сулдӯз ба Бадахшон гурехт. Иттифоқчиёни мазкур аз паси Баён ба Бадахшон омаданд. Шоҳ Баҳоуддин гурехт ва Бадахшон дар тасарруфи амир Ҳусайн қарор гирифт.
 
Дар ҳудуди солҳои 1367-68 шоҳони Бадахшон исён бардош-тандбардоштанд. Амир Ҳусайн дар якҷоягӣ бо Темур боз ба Бадахшонҳуҷум оварданд. Дар ҷанг бо «тожикон»-и Бадахшон Темур дар мавзее дар як вазъи ниҳоят баде қарор гирифт, ки агар яке аз одамонаш, ки бо он «тожикон» шинос буд, ба миёна намедаромад, Темур ҷони худро аз даст медод.
 
Баъд аз ин волии Бадахшон — Шоҳ Шайхмуҳаммад ёд мегардад, ки дар соли 1370 ҳангоми маросими ба тахти подшоҳии Мовароуннаҳр нишастани амир Темур ӯ ҳамчун волии тобеи ӯ иштирок дошт. Дар замони вафоти Шоҳрухи темурӣ (1446-47) писари хурди Муҳаммади Ҷӯкӣ — мирзо Абубакр барои муддати кӯтоҳе Хатлону Қундузу Бағлону Бадахшонро гирифта буд. Соли 1469-70 мирзо султон Маҳмуд, писари подшоҳи Самарқанд-султон Абусаид ҳамаи вилоятҳои дар боло зикршударо бо иловаи Тирмизу Чағониён забт намуд.
 
=== Солҳои 1500 ===
Дар соли 1504-05 лашкари ӯзбак бо сардории Шайбонихон ба минтақаҳои ҳокимнишини Ҳисору Қундуз ҳуҷум карда, онҳоро ишғол намуд ва Бадахшон низ зери таҳдиди ҳуҷуми ӯзбакҳо қарор гирифт. Вале дар ҷанги сахте, ки байни ду қувваи асосӣ дар минтақа — байни Шайбонихон ва шоҳи Эрон — Исмоили Сафавӣ дар с.1510 дар наздикиҳои Марв рух дод, Шайбонихон кушта ва қувваҳояш торумор гардиданд. Баъди гирифтани Ҳирот шоҳ Исмоили Сафавӣ дар он ҷо ҳокими темурии Бадахшон — писари султон Маҳмуд Мирзо — Увайс Мирзоро, ки дар таърих бештар бо номҳои Мирзохону Хонмирзо машҳур буд, ба ҳузураш қабул кард ва ба иловаи Бадахшон мулки Ҳисорро низ ба ӯ дод. Азбаски дар он вақт Ҳисору Хатлон як мулкро ташкил медоданд, Мирзохон акнун ҳокими як минтақаи хеле калони иборат аз Бадахшон, Ҳисор ва Хатлон шуд. Аз ҳамин таърихи соли 1510 сар карда, Кӯлобу Бадахшон якҷо то соли 1584 ба дасти темуриёни Ҳинд қарор гирифтанд. Вале подшоҳии Хонмирзо дар Ҳисор он қадар зиёд давом накард. Ба зудӣ Убайдуллохони Шайбонӣ дар соли 1513-14 Ҳисорро гирифт ва Хонмирзо акнун ҳокими Бадахшон ва Хатлон шуд. Ин дафъа Хатлон аз Ҳисор ҷудо гашт.
 
Аз рӯйи навиштаҳои мирзо Ҳайдари муғул дар «Таърихи Рашидӣ» дар соли 1504-05 маркази вақти Бадахшон Қалъаи Зафар буда, худи Бадахшон дар ҳамон айём ба чор қисм тақсим карда шуда будааст: «Қисми болои он тобеи Кошғар буда, онро Мирзо Абубакри Кошғарӣ ва баъд султон Саиди Кошғарӣ истило карда, дохили девони Кошғар намуда будаанд (яъне сокинони ин қисми Бадахшон хироҷро ба Кошғар мепардохтанд); қисми поину нисбатан ҳамвору муфиди он дар дасти ӯзбакҳо[и шайбонӣ] қарор дошт ва мардуми ин қисм хироҷро ба онҳо мепардохтанд; пораи сеюми он қисми миёнаи Бадахшон буда, даромади онро шоҳ Разиюддин мегирифт; ниҳоят, қисми чорум, ба таъбири мирзо Ҳайдар, иборат аз „тангиҳои Бадахшон“ буд, ки Қалъаи Зафарро бо заминҳои атрофи он дар бар мегирифт».
 
Солҳои 1504-051504—05 бародари Шайбонихон — Маҳмуд султон, ки волии Қундуз буд, даргузашт ва Шайбонихон ба ҷойи ӯ Қамбарбийи марвиро волӣ таъйин кард. Қамбарбий як дастаи ӯзбакҳоро бо сардории Маҳмуд ибни Муҳаммад-махдум ном ба сӯи Қалъаи Зафар, маркази Бадахшон барои ишғоли он фиристод. Ба ӯзбакҳо намояндаи мардуми маҳаллӣ (таҳҷоӣ) бо номи Муборакшоҳ бо дастаи худ ба ҷанг пардохта ғолиб омад. Ба сабаби ин зафар қалъаи дастнораси бевосита дар соҳили Кӯкча қарордошта, ки Шафдевор (Шафтивар) ном дошт, Қалъаи Зафар номида шуд. Сабаби дигар чунин ном гирифтани қалъаи мазкур боз дар он буд, ки асли баромади худи Муборакшоҳ аз қабилаи маҳаллие буд бо номи «музаффариён» [ки решаи ин калима низ аз «зафар» мебошад].
 
Бобур менависад, ки дар Бадахшон чор бек дар байни бадахшониён бо сари баланд мегаштанд ва ба ӯзбакҳо тобеъ набуданд. Инҳо Муҳаммади Қӯрчӣ, Муборакшоҳ, Зубайр ва Ҷаҳонгири туркман буданд. Ин чор бек якҷо шуда, Носир Мирзои темуриро шикаст дода, аз Бадахшон дар соли 1506-07 пеш карданд ва ӯ ба Кобул рафт. Дар соли 1507-08 Мирзохон, ки дар Кобул буд, аз Бобур рухсат гирифта, ба Бадахшон, ба Қалъаи Зафар омад. Дар ин асно дар байни бекҳои ёдшудаи Бадахшон зиддиятҳое пайдо шуданд, ки дар натиҷа Муборакшоҳро Зубайри Роғӣ кушт. Мирзохон, Зубайрро кушт. Мирзохонро аз Кобул худи Зубайр даъват карда оварда буд. Аз навиштаҳои Мирзо Ҳайдар, ки худ дар Қалъаи Зафар дар назди Мирзохон буд, чунин маълум мегардад, ки аҳволи Мирзохон дар Қалъаи Зафар бисёр бад будааст: «Маоши Мирзохон он қадар, ки ба хӯрдиёт (хӯрданиҳо) кофӣ тавонад буд, набуд». Дар аввалҳои баҳор дар миёни муътақидони шоҳ Разиюддин ихтилофе пайдо шуд [ва он] ба ҳадде расид, ки сари ӯро бурида, пеши Мирзохон оварданд".
 
Шоҳ Разиюддин ба сабаби ихтилоф бо пайравонаш с.соли 1510 кушта шуда, мавқеи Мирзохон дар Бадахшон каме устувор гардид. Ӯ то ҳангоми вафоташ дар соли 1520 подшоҳи Бадахшон буд. Азбаски Сулаймоншоҳ — писари Мирзохон хурдсол буд, Бобур ӯро дар наздаш нигоҳ дошта, писари навраси 13-солаи худ — Ҳумоюнро ҳокими Бадахшон таъйин кард.Ҳумоюн баъд аз шикасти сахти дуюми ӯзбакҳо аз лашкари қизилбошҳои Эрон дар соли 1528 дар Хуросон, тибқи хоҳиши падараш Бобур, ба сӯи Ҳисору Самарқанд лашкар кашид, аммо ба муваффақият ноил нашуда, ба қафо баргашт. Дар худи ҳамин сол Бобур Ҳумоюнро ба Агра, ба назди худаш даъват кард, то агар мабодо вафот кунад, Ҳумоюн ҷойи ӯро гирад. Ҳумоюн дар Бадахшон амиреро бо номи Фақир Алӣ ба ҷойи худ гузошта, худ ба Агра ба назди падараш рафт. Амирон ва мардуми Бадахшон, ба сабаби он ки ӯзбакҳо дар наздикии Бадахшон қарор доштанд, дар таҳлука афтода, ба назди хони Кошғар — Саидхон расулҳо фиристода, таърихеро муайян карданд, ки агар ӯ то фалон таърих ба Бадахшон ҳамчун ҳоким биёяд, бисёр хуб мешавад. Агар ӯ то таърихи мазкур наояд, бадахшониён рафта ӯзбакҳоро худашон оварда, Бадахшонро ба онҳо месупоранд. Сабаби султон Саидхонро ҳамчун ҳокими Бадахшон хостани мардум дар он буд, ки Шоҳбегими бибии хони мазкур аз авлоди шоҳони Бадахшон буд. Тибқи даъват султон Саидхон дар ибтидои соли 1529 то ба мавзеи Сариғчӯпони Бадахшон омада, аз он ҷо дастаи пешгарди лашкари худро таҳти сардории муаллифи «Таърихи Рашидӣ» — Мирзо Ҳайдари мазкур ба сӯи Қалъаи Зафар фиристод. Вақте ки мирзо Ҳайдар ба назди Қалъаи Зафар омада расид, маълум гардид, ки 11 рӯз пеш аз ин Ҳумоюн бародари хурдии худ — Мирзо Ҳиндолро ба Қалъаи Зафар ҳамчун ҳокими Бадахшон фиристода будааст. Мирзо Ҳайдар ба назди Ҳиндол кас фиристода, хост фаҳмонад, ки «Ҳоло фасли зимистон аст, хони Кошғар -Саидхон низ ба Бадахшон омадааст, то баромадани зимистон баъзе мавзеъҳои Бадахшонро ба хон биспор. Баъди баромадани зимистон хон низ баргашта ба Кошғар меравад». Азбаски Ҳиндол ба ин маслиҳат розӣ нашуд, «… охируламр кор бар тохт (ғорат) қарор ёфт. То омадани хон (Саид) банда (мирзо Ҳайдар) атрофи Қалъаи Зафарро фароҳам овардам (ғорат кардам) ва он ҷо аз нотиқу сомит, ки исми шайъ (чиз) бар он тавон ниҳод, дарҳам кашиданд. Баъд аз чанд рӯз хон ҳам расид. Муддати се моҳ Қалъаи Зафарро муҳосира намуданд ва атрофи онро он чи аз банда боқӣ монда буданд, мардуми хон бурданд».
 
Ҳамин тавр, мардуми Бадахшон аз зиддияти байни ҳокимони темурӣ-муғулии худ ғорат гардида, мардуми зиёде молу ҷони худро талаф доданд. Ҳиндол дар қалъа ҷон ба саломат бурд. Баъдтар Бобур Ҳиндолро ба назди худ даъват карда Сулаймоншоҳи писари Мирзохонро ба Бадахшонҳамчун ҳоким фиристод ва дар ин бора ба хони Кошғар — Саидхон мактуб навишта, фаҳмонд, ки ӯ вориси ҳақиқии тахти Бадахшон — Сулаймоншоҳро ба он ҷо фиристодааст. Дар ин байн Ҳумоюн, ки баъди вафоти падараш — Бобур дар соли 1530 дар Ҳинд ҷойи ӯро гирифта буд, баъди муборизаҳою ҷангҳои зиёд бо подшоҳони мухталиф оқибат аз Шерхони сурӣ шикаст хӯрда, ба сӯи Кобул ба қафо баргашт. Ӯ солҳои 1544-46 аз Кобул ба Қалъаи Зафар ҳуҷум оварда бо Сулаймоншоҳи мазкур ҷангид. Сулаймоншоҳ тоб наоварда гурехт. Ҳумоюн Қалъаи Зафарро гирифта, баъд аз он ҷо ба Кишм омад. Дар Кишм ӯ бемор шуд. Чун ин хабар ба гӯши Комрон — бародари дигари Ҳумоюн расид, ӯ зуд ба Кобул омад. Чун Ҳумоюн низ аз ин хабар огаҳӣ ёфт, Қалъаи Зафарро боз баргардонида ба Сулаймоншоҳ дод ва ӯ ҳам фавран ба Кобул баргашт. Баъд аз он ки Комрон тоату фармонбардорӣ изҳор кард, Ҳумоюн ӯро дар ҳудуди соли 1549 ҳокими Кӯлоб таъйин кард.
Line 134 ⟶ 137:
Ҳамин тавр, Бадахшон ва Хатлон аз соли 1584 дар тобеияти ӯзбакҳо қарор гирифтанд. Азбаски дорулмулки Абдулмуъмин ш. Балх буд, акнун Бадахшон ва Хатлон аз Балх идора карда мешуданд. Соли 1598 Абдуллоҳхон вафот кард ва Абдулмуъмин ба Бухоро рафта, ба тахти падараш нишаст. Абдулмуъмин пас аз 6 моҳи подшоҳӣ кушта шуд. Ниҳоят, намояндаи охирини шайбониҳо — Пирмуҳаммад дар Бухоро ва писарамаки диг. Абдуллоҳхон — Абдуламин дар Балх ба сари қудрат омаданд.
 
=== Солҳои 1600 ===
Соли 1601 дар Мовароуннаҳр сулолаи нави туркӣ, ки онро «ҷониҳо» ё «''аштархониҳо''» ном мебаранд, ба сари қудрат омад. Соли 1602 Балх ва Бадахшон дар ихтиёри Валимуҳаммади аштархонӣ қарор гирифтанд. Чун соли 1606-07 Боқимуҳаммад дар Бухоро вафот кард, амирон Валимуҳаммадро аз Балх ба Бухоро бурда, ба ҷойи бародараш ба тахт шинонданд. Бо рафтани Валимуҳаммад аз Балх мардуми Бадахшону Қундуз ва Кӯлобу Ҳисор ба муқобили Аштархониён шӯриш бардоштанд. Шӯришбардоштагон Абдуллоҳ-султон ном намояндаи Шайбониёнро дар вилоятҳои ёдшуда хон эълон намуданд. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки намояндагони сулолаи Шайбониён дар ин шӯриш даст доштаанд. Валимуҳаммад ба муқобили исёнбардоштагон хешовандони худ — бародарон Имомқулӣ ва Надирмуҳаммадро фиристод. Онҳо Деҳнаву Ҳисору Кӯлобро ишғол намуданд. Сипас, Имомқулӣ аз наздикии Айвоҷи Қубодиён аз оби Омӯ гузашта, ба Хулм ва аз он ҷо ба Ғӯрӣ рафта, Мирзо Ҳусайн номро, ки Тахористону Бадахшон ба дасти ӯ қарор доштанд, шикаст дод. Дар ҳамон соли 1606 Валимуҳаммад Балх ва Бадахшонро ба Надирмуҳаммад дод. Баъди гузаштани 5 сол Имомқулӣ ва Надирмуҳаммад хостанд тахти Бухороро соҳиб шаванд. Бо ин мақсад соли 1611 Имомқулӣ бо лашкари худ роҳи Бухороро пеш гирифт. «Надирмуҳаммадхон низ лашкари Балху Бадахшонро дар андак вақт ҷамъ карда мутаоқиб (аз пушт) равон шуд». Имомқулӣ баъди соҳиб шудан ба тахти Бухоро лақаби «Хони калон» ва Надирмуҳаммадхон дар Балх лақаби «Хони хурд»-ро гирифта, ҳар кадом дар давоми зиёда аз сӣ сол ҳукмронӣ намуданд. Балх ва Бадахшон ҳамчун ҷузъи давлати аштархонӣ бояд дар тобеияти пурраи Бухоро қарор медоштанд. Аммо Надирмуҳаммад дар қаламрави Балх ва Бадахшон озодона фаъолият мекард. Ӯ солҳои 1630-40 барои аз нав тобеъ намудани ноҳияву вилоятҳои Бадахшон ва атрофи қаламрави худ пардохт, зеро дар як қатор аз он навоҳӣ ҳокимони маҳаллӣ мавқеи худро устувор гардонида, ба Аштархониён боҷ намепардохтанд. Амирони Надирмуҳаммад бо фармони ӯ мавзеъҳои Бадахшон ва атрофи онро дар давоми солҳои 1635-40 фатҳ намуданд. Чунончи, соли 1635 ноҳ. Рӯшону Шохдара ва баъдтар Роғу Чатрорро низ гирифта, тобеи Балх гардониданд. Надирмуҳаммадхон писараш Хусрав-султонро волии Ғӯрӣ ва писари дигараш — Қутлуғ-султонро волии Қундуз таъйин кард. Баъд аз он ки Абдулазиз — писари Надирмуҳаммадхон соли 1647 ба тахти подшоҳии Бухоро нишаст, амиронаш барои суст кардани қудрати падараш дар Балх ба ӯ чунин маслиҳат доданд: «Агар хоҳӣ, ки дар оянда падарат ва диг. ба ту итоат намоянд, вилояти Бадахшонро номзади Қутлуғ-султон кун ва шарт гузор, ки дар иваз ӯ ба падарат итоат накунад». Қутлуғ ба ин шарт розӣ шуда, ба Қундуз бозгашт ва аз итоат ба падар сар печид. Надирмуҳаммад аз ин рафтори ӯ дар хашм шуда, писари диг. худ — Субҳонқулихонро хон эълон кард ва ӯро ба муқобили Қутлуғ фиристод. Субҳонқулӣ бародараш Қутлуғро дар Қундуз муҳосира кард ва ӯро ба даст оварда, кушт.
 
Line 154 ⟶ 158:
Аз байни мирони диг. Бадахшон, хусусан Муҳаммадумархони Рустоқӣ, ки дар ибтидо бо Абдурраҳмонхон ҳамкорӣ дошт, акнун дер шуда бошад ҳам, нағз фаҳмид, ки мақсади Абдурраҳмонхон хотима бахшидан ба истиқлоли Бадахшон ва ба Афғонистон ҳамроҳ намудани ин вилоят аст. Аз ин рӯ, ӯ ба маркази Бадахшон рафта, хост дар якҷоягӣ бо қувваҳои мирҳои дигар ба муқобили афғонҳо исён бардорад: «Муҳаммадумархони Рустоқӣ рӯй аз давлат бартофта, фироран дохили алоқадори (ноҳия)-и Бадахшон шуда, ба султон Иброҳимхон дар фитна ҳамдаст гашт. Сардор Абдуллоҳхон мир Султоншоҳ ва Бобохони Бадахшӣ ва шоҳ Юсуфалихони Шуғнониро, ки бо Муҳаммадумархони Рустоқӣ дар муфсудаву турктоз анбоз шуда буданд, гирифта, бо иёлу мансубони эшон маҳбус ва равонаи Кобул кард. Ва аз ҳузури аълои ҳазрати воло мир Султоншоҳ ва Бобохон маъмур ба иқомаи Қалот шуда, иёлу тааллуқоти шоҳ Юсуфалихон дар Кобул муқим гардиданд». Ва бо ҳамин ин шоҳон аз Бадахшон ва аз саҳнаи сиёсат дур карда шуданд.
 
=== Замони шӯравӣ ===
Бо ин носозгорӣ тақдири Бадахшон ба охир нарасид. Дар охири асри 19 ду давлати абарқудрати он замон, ки ҳар кадом мехостанд ҳар чӣ бештар заминҳои дигарро ба тасарруф дароваранд, Англия ва Россия соли 1895 бо якдигар шартнома баста, сарҳаддоти байни кишварҳои таҳти назораташон қарордоштаи Афғонистону Бухороро бо маҷрои дарёҳои Панҷу Ому дар болооб муқаррар намуданд. Дар айни замон ҳангоми муайян кардани сарҳаддот қад-қади д. Панҷ, онҳо фақат манфиатҳои савақулҷайшӣ (стратегӣ) ва сиёсии худро ба назар гирифта, ба манфиатҳои мардуми маҳаллии ҳар ду ҷониби рӯди мазкур заррае ҳам аҳаммият надоданд. Аз ин рӯ, нисфи Дарвозу Шуғнону Вахон дар Афғонистон ва нисфи дигар вилоятҳои мазкур дар ҳайати Бухорои Шарқӣ қарор гирифтанд. "Бо ин сарҳадмуайянкунии ғайритабиӣ манфиатҳои вилоятҳои марбута сахт халалдор гардиданд — навишта буд шарқшиноси бузурги рус В. В. Бартолд. Соли 1920 дар Бадахшон ҳокимияти Шӯроҳо барқарор гардид. Июни 1923 Кӯҳистони Бадахшон ҳамчун вил. мустақил ба ҳайъати вил. мустақили Тоҷикистони Шӯравӣ дохил шуд. Соли 1924 ба ҳайати он шомил ва бо қарори КИМ ИҶШС аз таърихи 2 янв. 1925 ба ҳайъати вил. мухтори Тоҷикистони Шӯравӣ дохил карда шуд.