Театри Лоҳутӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Removing Teatri_Davlatii_Akademi-Dramavii_ba_nomi_Abulqosim_Lohuti_s.jpg, it has been deleted from Commons by Steinsplitter because: per [[:c:Commons:Del
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 9:
Моҳи декабри [[соли 1939]] мардуми Тоҷикистон 10-умин солгарди таъсиси Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистонро ҷашн гирифт, ки он ба даҳумин солгарди таъсиси театри драмавӣрост омад. Ин ҷашнвораҳо аз ҷониби театр бо пйесаҳои С.Улуғзода «Шодмон» (ноябри соли 1939 ба саҳна гузошта шуд, коргардон М.Саидов), «Отелло» (таҳияи Мителман соли 1939), пйесаи Д.Фурманов ва С. Поливанов «Исён» (таҳияи нав) пешвоз гирифта шуд.
 
[[Соли 1939]] Театри аввалини тоҷик унвони академӣ- драмавии[[драма]]вии ба номи устод А.Лоҳутиро ба худ гирифт ва фаъолияти бархе аз актёрон, аз қабили Ф Исматов, М.Қосимов, М.Саидов, Г.Бақоева, С.Тӯйбоева, А.Бурҳонов, О.Зиёев ба унвони Артисти хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон тақдир гардида Е.И.Мителман ва оҳангсоз Сергей Баласянян сазовори унвони «Ходими шоистаи санъати РСС Тоҷикистон» дониста шуданд.
 
[[Соли 1964]] театри мазкур аз байни театрҳои Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон якумин шуда бо панҷ намоишномаи азим- «Рӯдакӣ»-и С.Улуғзода, «[[Ромео ва ҶулйеттаҶулиетта]]»-и В.Шекспир, «Гунаҳкорони бегуноҳ»-и А.Н.Островский, «Ҳукми Модар»-и Ф.Ансорӣва «Гавҳари шабчироғ»-и С. Улуғзода дар Театри Пуҳаннандории кишвари ҳамсояи [[Афғонистон]] ҳунарнамоӣ кард. Сафари ҳунарӣ бо ширкати якҷояи ҳунарварони тоҷику афғон дар намоишномаи «Гунаҳкорони бегуноҳ»-и бародарони афғон (ин асарро ҳангоми сафари хидматӣ ба [[Кобул]] Ходими шоистаи санъати РСС Тоҷикистон [[Меҳрубон Назаров]] ба саҳна гузошта буд). Дар нақшҳои асосӣ: Кручинина - Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ [[Тӯҳфа Фозилова]], Незнамов - Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон [[Маҳмуд Воҳидов]], ба поён расид. Ҳунарнамоии театри тоҷик бо музаффариятҳои калон гузашт.
 
Аз соли 1929 Ҳомид Маҳмудов, Фатҳулло Умаров, Миркарим Саидов, С. Саидмуродов, В.Тихонович, Я.Тоналский, аз соли 1937 то 1961 беш аз 20 сол театрро ҳунарманди мардумии ҷумҳурӣ, устоди актёрони наслҳои аввал ва дуввум Е.И.Мителман сарварӣ намуд. Баъд аз ӯ В.Я Ланге (1961-1964), Ф.И.Александрин (1964-1969), [[Ҳоҷиқул Раҳматуллоев]] (1969-1971), [[Хушбахт Майбалиев]] (1971-1977), Н.К Детсик (1977-1981), [[Хушбахт Майбалиев]] (1981-1995), [[Мирзоватан Миров]] (1995-1998), [[Фаррух Қосимов]] (1998-2000), Д. Убайдуллоев (2000-2004), [[Баҳодур Миралибеков]] (2004-2008) ва аз соли 2008 [[Ибодулло Машрабов]] сарварӣ мекарданд.