Соҳиб Табаров: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Template: Шахсият → Олим@FBT002A
илова
Сатри 27:
'''Соҳиб Табаров''' - [[олим]], мунаққид ва адабиётшинос, номзади илми филология ([[1949]]), Узви вобастаи [[Академияи илмҳои Тоҷикистон|Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон]] ([[1953]]). Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ([[1991]]). Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон ([[1991]]), доктор ва [[профессор]]и фахрии [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]] ва [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]]<ref>Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.</ref>,
==Зиндагинома==
Солҳои 1934–1936 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории ба номи В.М. Молотови ш. Самарқанд, 1936–1937 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории ба номи А. В. Луначарскии ш. Панҷакент таҳсил намудааст. Солҳои 1937–1939 дар Омӯзишгоҳи ба номи Лоҳутии ш. Кӯлоб ва солҳои 1939–1943 дар факултети адабиёти [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко]] таҳсил дошт. Соли 1943 пас аз хатми донишкадаи омӯзгорӣ муддате дар кафедраи забон ва адабиёти он муаллимӣ кардааст. Якчанд муддат дар Омӯзишгоҳи омӯзгории ш. Кӯлоб дарс гуфтааст.
Баъд аз хатми [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко]] аз соли 1943 то соли 1985 дар вазифаҳои гуногун дар [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|ДДТ ба номи В.И. Ленин]] фаъолият намудааст. Солҳои 1953-1980 сарвари кафедраи адабиёти тоҷик, узви вобастаи [[Фарҳангистони улуми Тоҷикистон|Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон]] С.Ш. Табаров буд.
Аз соли 1943 то соли 1985 дар вазифаҳои гуногун дар [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|ДДТ ба номи В.И. Ленин]] фаъолият намудааст. Солҳои 1945–1949 аспиранти филиали тоҷикистонии АИ ИҶШС, 1949–1952 ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти АИ ҶШС Тоҷикистон, 1952–1962 мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, 1962–1980 мудири кафедраи адабиёти советии тоҷик, 1980–1985 дотсенти кафедраи номбурдаи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|ДДТ ба номи В.И. Ленин]] буд.
 
Мартабаи илмӣ ва фаъолияти адабиётшиносию мунаққидии С.Ш.Табаров боиси густариши беш аз пеш ва эътибори илмию таълимии кафедра гардид. Паҳлӯҳои мухталифи назарӣ ва амалии таърихи адабиёти давраи нави тоҷик дар асару мақолаҳои зиёди илмӣ ва илмию оммавии устод Табаров, мавриди тадқиқи амиқ қарор гирифтаанд. Дар давраи мудирии Табаров дар баробари устодони варзида – [[Шарифҷон Ҳусейнзода]], [[Баҳром Сирус]], [[Муллоҷон Фозилов]], [[Ҳилол Каримов]], [[Воҳид Асрорӣ]], [[Турсунбой Неъматзода]] насли дигари омӯзгорон чун [[Саъдулло Асадуллоев]], [[Зоҳир Аҳрорӣ]], [[Асадулло Сӯфизода]], [[Саъдоншо Имронов]], [[Маҳмуд Давлатов]], [[Хайрулло Муҳибов]], [[Собира Аминова]] ва баъдтар [[Раҳим Мусулмонқулов]], [[Худойназар Асозода]], [[Абдулҳай Маҳмадаминов]], [[Абдуҷаббор Раҳмонов]], [[Маҳмаисуф Имомов]], [[Абдувалӣ Давронов]], [[Рустам Ваҳҳобов]], [[Равшан Раҳмонӣ]] ба воя расиданд.