Аттори Нишопурӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 14:
</poem>
}}
Аттор аз авони кӯдакӣ то ба камол расидану идомаи минбаъди зиндагӣ ба молу амвол ниёзмандие надошт ва ҳамин бениёзӣ ба ӯ олами таълиму тадрисро ҳар чӣ фарохтар карда, машғулияти ӯро илова бар доруфурӯшию табобати ҳамнавъон ба фарҳанг афзуда буд. Дар маъхазҳои мавҷуда сабт аст, ки Аттор ҳафтод соли умри худро ба ҷамъоварии маълумот дар бораи зиндагиномаи суфиёну машоих сарф намуда, беш аз чаҳорсад китобро дар мав­зӯи ирфон мутолиа карда буд. Натиҷаи ин заҳматҳои ҳамешагӣ «Тазкират-ул-авлиё»-и ӯст. Зиндагиномаи Аттор мудҳиштарин хунрезии маргбори аҳди муғул аст. Вобаста ба талаботи давру замон ва бениёзии маишию маънавӣ Аттор хидмату мулозимати шоҳу ҳокимонро напазируфта, дар ҳалқаи аҳли тасаввуфи вақт камол ёфта, ба ақоиди эшон дилгармӣ дошт ва дар сояи модари рӯҳонӣ ва шояд падараш ҳам, дӯстдори ҳақиқат ва ёри Ҳақ гардид. Аттор ба мактаби аҳли тасаввуф ворид шуда, ҳаргиз андешаи онро накардааст, ки дорухонаро ба тороҷ диҳад ва сар ба биёбон ниҳад. Баръакс, дар хилвати ҳамон дорухона соатҳои фароғатро ба хондану навиштан мегузаронд, асарҳояшро таълиф менамуд, барои тану рӯҳи ҳам­навъонро саломат нигоҳ доштан заҳмат мекашид. Вай аз машоихе буд, ки тағйири ҳол карда бошад ҳам, аз маш­ғулияти дунявӣ ва касби маош боз наистодааст. Аттор ҳаҷ карда буд ва муво­фи­қи маълумоти Ҷомӣ аз муридони Шайх Маҷидуддини Бағдодӣ, маъруф ба Хоразмӣ ва аз тарбиятёфтагони мактаби Шайх Наҷмуддини Кубро мебошад. Ҳикоятест, ки дар пирии Аттор, ҳангоме ки Баҳоуддин Муҳаммад, падари Ҷалолуддин Муҳаммад, маъруф ба Мавлавӣ бо аҳли оилааш раҳсипори Ироқ буд, дар Нишопур бо писараш ба хидмати Шайх мерасад. Аттор дар ин дидорбинӣ нусхае аз «Асрорнома»-ро ба Ҷалолуддини хурдсол бахшида будааст. Ин ҳикоят ҳақиқати таърихӣ дорад, зеро «Маснавии маънавӣ» дар шеваи маснавии Аттор эҷод шудааст. Аттор соҳиби оила ва фарзандон буд. Вай дар айёми пирӣ, ба дасти муғулон дар Нишопур ба шаҳодат мерасад. Оромгоҳаш дар канори ш. Нишопур зиёратгоҳи хоссу ом аст. Охири асри 15 бо маблағ ва фармони Амир Алишери Навоӣ дар сари марқадаш хонақоҳ сохта будаанд.[[File:Attar_Tomb.jpg|375x375px|Мақбараи Аттор|alt=Мақбараи Аттор|thumb]]
 
== Мероси адабӣ ==
Сатри 109:
}}
Аттор бо офаридаҳои худ дар такомули афкори адабии форс-тоҷик нақши боризе дорад, ки минбаъд ҳам дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ пазируфтанию короянд.
[[File:Attar_Tomb.jpg|400px|centre|Мақбараи Аттор]]
 
== Осор ==
* Хусравнома. Душанбе, 1990;