Аттори Нишопурӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 14:
</poem>
}}
Аттор аз авони кӯдакӣ то ба камол расидану идомаи минбаъди зиндагӣ ба молу амвол ниёзмандие надошт ва ҳамин бениёзӣ ба ӯ олами таълиму тадрисро ҳар чӣ фарохтар карда, машғулияти ӯро илова бар доруфурӯшию табобати ҳамнавъон ба фарҳанг афзуда буд. Дар маъхазҳои мавҷуда сабт аст, ки Аттор ҳафтод соли умри худро ба ҷамъоварии маълумот дар бораи зиндагиномаи суфиёну машоих сарф намуда, беш аз чаҳорсад китобро дар мав­зӯи ирфон мутолиа карда буд. Натиҷаи ин заҳматҳои ҳамешагӣ «ТазкиратТазкирату-улл-авлиё»-и ӯст. Зиндагиномаи Аттор мудҳиштарин хунрезии маргбори аҳди муғул аст. Вобаста ба талаботи давру замон ва бениёзии маишию маънавӣ Аттор хидмату мулозимати шоҳу ҳокимонро напазируфта, дар ҳалқаи аҳли тасаввуфи вақт камол ёфта, ба ақоиди эшон дилгармӣ дошт ва дар сояи модари рӯҳонӣ ва шояд падараш ҳам, дӯстдори ҳақиқат ва ёри Ҳақ гардид. Аттор ба мактаби аҳли тасаввуф ворид шуда, ҳаргиз андешаи онро накардааст, ки дорухонаро ба тороҷ диҳад ва сар ба биёбон ниҳад. Баръакс, дар хилвати ҳамон дорухона соатҳои фароғатро ба хондану навиштан мегузаронд, асарҳояшро таълиф менамуд, барои тану рӯҳи ҳам­навъонро саломат нигоҳ доштан заҳмат мекашид. Вай аз машоихе буд, ки тағйири ҳол карда бошад ҳам, аз маш­ғулияти дунявӣ ва касби маош боз наистодааст. Аттор ҳаҷ карда буд ва муво­фи­қи маълумоти Ҷомӣ аз муридони Шайх Маҷидуддини Бағдодӣ, маъруф ба Хоразмӣ ва аз тарбиятёфтагони мактаби Шайх Наҷмуддини Кубро мебошад. Ҳикоятест, ки дар пирии Аттор, ҳангоме ки Баҳоуддин Муҳаммад, падари Ҷалолуддин Муҳаммад, маъруф ба Мавлавӣ бо аҳли оилааш раҳсипори Ироқ буд, дар Нишопур бо писараш ба хидмати Шайх мерасад. Аттор дар ин дидорбинӣ нусхае аз «Асрорнома»-ро ба Ҷалолуддини хурдсол бахшида будааст. Ин ҳикоят ҳақиқати таърихӣ дорад, зеро «Маснавии маънавӣ» дар шеваи маснавии Аттор эҷод шудааст. Аттор соҳиби оила ва фарзандон буд. Вай дар айёми пирӣ, ба дасти муғулон дар Нишопур ба шаҳодат мерасад. Оромгоҳаш дар канори ш. Нишопур зиёратгоҳи хоссу ом аст. Охири асри 15 бо маблағ ва фармони Амир Алишери Навоӣ дар сари марқадаш хонақоҳ сохта будаанд.[[File:Attar_Tomb.jpg|375x375px|Мақбараи Аттор|alt=Мақбараи Аттор|thumb]]
 
== Мероси адабӣ ==
Аз Аттор то ба замони мо осори бисёри манзуму мансур ба мерос мондааст. Дар маъхазҳои мавҷудаи адабию таърихӣ адади офаридаҳои адибро аз 40 (Давлатшоҳи Са­мар­қандӣ) то 114 (Нуруллоҳи Шуштарӣ) ва 190 (Ризоқулихони Ҳидоят) нишон додаанд. Асарҳое, ки то имрӯз дар заминаи боэътимоди таҳқиқи илмӣ маҳсули эҷоди ӯ дониста шудаанд: «МантиқМантиқу-утт-тайр», «Мусибатнома», «Ило­ҳинома», «Асрорнома», «Хусравнома», «Мухторнома», «Ҷа­воҳирнома», «ШарҳШарҳу-улл-қулуб», «Девони қасоид ва ғаза­лиёт», «ТазкиратТазкирату-улл-авлиё», «Панднома» ва «Футувватномаи манзум». Аз «Ҷавоҳирнома» ва «ШарҳШарҳу-улл-қулуб»-и ӯ ба ҷуз ном чизе боқӣ намондааст. Мероси адабии Аттор:
 
=== «МантиқМантиқу-утт-тайр» ===
Маснавии «МантиқМантиқу-утт-тайр» дар вазни рамали мусаддаси маҳзуф буда, аз 45 гуфтору як натиҷа фароҳам омадааст. Нусхаи қаламии он аз 4450 то 4800 байт дорад. Аттор ба ин маснавӣ ду ном гузоштааст:
{{иқтибоси академикӣ
|<poem>
Хатм шуд чун бар ту бар Хуршед нур,
«МантиқМантиқу-утт-тайр»-у «Мақомоти туюр».
</poem>
}}
Асоси маснавиро ғояи ваҳдати вуҷуд ва баёни кайфияти он ташкил медиҳад. Шоир бо забони равону рамзу тамсилот ва амсолу ҳикоёти дилкаш ин маъниро дар зимни ҷамъ сохтани мурғон, интихоби Ҳудҳуд ба сарварию раҳбаладӣ ва барои ба мақсад расидан тай намудани ҳафт водӣ (водии Талаб, водии Ишқ, водии Маърифат, водии Истиғно, водии Тавҳид, водии Ҳайрат ва водии Фақру Фано) бо ишорату киноёт боз намудааст. «Ҳафт водӣ»-и Мирсаййид Алии Ҳамадонӣ асосан мунтахаби «МантиқМантиқу-утт-тайр» аст.
 
== «Мусибатнома» ==
Маснавии «Мусибатнома» низ бар вазни «МантиқМантиқу-утт-тайр» буда, аз 40 мақола, 374 ҳикоя, хотима ва 7530 байт иборат аст. А. дар он бо забони ҳол, на бо забони қол шарҳи сулуки ботини соликро бо овардани ҳикоёти бисёре матраҳ месозад.
 
=== «Илоҳи­нома» ===
Сатри 99:
Ин тақсимбандии ғазалҳои Аттор шартист, зеро баъзан як ғазал ҳар се хусусияти болоиро дошта метавонад. Ҷудо кардани марзи ғазалҳои воқеию маъмулӣ ва ирфонии А. душвор буда, қаландариёти ӯ низ ягон-ягон дар дохили ду навъи аввал ба мушоҳида мерасад.
 
=== «ТазкиратТазкирату-улл-авлиё» ===
Дар байни осори Аттор «ТазкиратТазкирату-улл-авлиё» асари мансур буда, таърих, саргузашт, гуфтору рафтору кирдор ва ақоиди авлиёву суфиёнро дар 988 ҳикоят фаро гирифтааст. Муҳаққиқон соли таълифи онро 1219 шумурдаанд. Ин асар дар заминаи «Табақоти суфия»-и Абдурраҳмони Суламӣ, «РисолатРисолату-улл-қурайшия»-и Қурайшӣ, «КашфКашфу-улл-маҳ­ҷуб»-и Ҳуҷвирӣ эҷод гардида, дар навбати худ ба «НафаҳотНафаҳоту-улл-унс…»-и Ҷомӣ таъсири амиқи услубию ғоявӣ расондааст. Дар иншои он ду сифати нек; содагӣ ва ширинӣ зоҳир аст. Ба қавли М. Баҳор «…тақрибан сабки насри салису равони аҳди Сомониёнро дорад».
Аттор дар шеър таҳаввул ва инқилобе эҷод кардааст. Ӯ дар ҳақиқат тавонист, ки муҳтавои шеърро нав кунад ва дар ин роҳ соҳибмактаб гардаду суханварони оянда бо эҳтиром вайро устод хонанд. Мавлонои Рум фармудаанд:
{{иқтибоси академикӣ
Сатри 112:
* Хусравнома. Душанбе, 1990;
* Илоҳинома. Душанбе, 2001;
* МантиқМантиқу-утт-тайр. Душанбе, 2007.
 
== Адабиёт ==