Абдуссалом Атобоев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х FBT002A @ Tempalte: Шахсият → Адиб
No edit summary
Сатри 28:
}}
 
'''Абдуссалом Атобоев''' (тахаллус Атозода; 24.04.1934, [[Ноҳияи Исфара]] — 28.04.1985, [[Душанбе]])  — нависанда ва драматурги тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз соли 1974.
 
== Зиндагинома ==
Абдуссалом Атобоев хатмкардаи Институти давлатии педагогии Душанбе (1958). Солҳои гуногун дар [[рӯзнома]]и «Тоҷикистони советӣ», [[маҷалла]]ҳои «Занони Тоҷикистон», «Садои Шарқ», «Машъал» ва Вазорати фарҳанги ҶТ кор кардааст. Нахустин очерку ҳикояҳои Атобоев Абдуссалом солҳои 60 асри 20 чоп шудаанд. Аммо ӯ бештар чун драматург машҳур аст. Ӯ [[28 апрел]]и [[1985]] вафот кардааст.
 
== Эҷодиёт ==
Пйесаҳои ӯ асосан дар мавзӯъҳои таърихӣ таълиф ёфта­анд. Пйесаи «Суруди нотамом» (1971) аз тақдири фоҷиавии шоираи тоҷик Робиаи Балхӣ (асри 10) ва «Фоҷиаи инсон» (1973) дар бораи воқеаҳои аҳди қадими сарзамини Бохтар (асри 6 то милод) ҳикоят мекунад. Дар пйесаи публитсистии ӯ «Қиёми Лоҳутӣ» (1979)аз рӯзгори инқилобии А. Лоҳутӣ сухан меравад. Мазҳакаи «Иллоанта» (1977), пйесаҳои «Бонги хатар» (1974), «Парвози уқоб» (бо ҳамроҳии Ғ. Абдулло, 1975), пйеса барои театри лухтак «Қиссаи аввалин» (бо ҳамроҳии Е. Абрамян, 1978) ва ғайра низ ба қалами Атобоев Абдуссалом тааллуқ доранд. Пйесаҳои Атобоев Абдуссалом дар маҷмуаҳои ӯ «Суруди нотамом» (1982), «Шамшери меросӣ» (1984) ва дар «Тазкираи адабиёти бачагон» (ҷилди 5) ба табъ расидаанд.<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. АСОС-БОЗ — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - — с.71</ref>
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== МанобеъСарчашма ==
* {{ЭМТ|Атобоев Абдусалом|2}}
<references />
{{ЭМТ}}
 
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Дромнависон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Адибони Тоҷикистон]]