Асп: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
Сатри 19:
 
== Тавсифот ==
Аспҳо нисбат ба дигар ҳайвоноти хонагии қадим калонҷуссатар мебошанд. Пояш пурқувват, банди сеюми ангушти мобайни он ба сум табдил ёфтааст. Наринаҳо 40 ва модинаҳо 36 дандон доштанд. Байни дандонҳои ашк ва курсии аспҳо қариб 10 см ҷой ҳаст, ки ба он лаҷом мезананд. Вобаста ба сохт ва тағироти дандонҳои пеш синну соли аспҳоро муайян кардан мумкин. Дили аспҳо 4-4,5 (дар баъзе аспҳои корӣ 6-6,5) ва шушашон 5-5,5 (ғунҷоишаш қариб 30 л) кг мешавад. Ҳарорати мӯътадили баданаш 38°С. Асп 35-50 л хун (ҳангоми 500 кг будани вазни бадан) дорад. Меъдааш содда (ғунҷоишаш қариб 20 л) аст; талхадон надорад. Аспҳои кори соле то 6-8 т пору медиҳанд. Пору ва пешоби асп, нитроген, калий ва кислотаи фосфати бисёр дорад.
 
Мӯйи асп ҷилонок, кӯтоҳ ва тахт аст. Вобаста ба ранг аспҳоро «тӯруқ», «ҷиран», «ашҳабӣ», «сиёҳмушкин» ва ғайра меноманд. Асп [[баҳор]] ва [[тирамоҳ]] тулак намуда, ба сармо (то 60°С) ва гармо (то 50°С) хуб тоб меорад, ба иқлими нав зуд одат мекунад. Ғадудҳои арақбарори асп ниҳоят бисёр буда, ҳангоми кор то 85-100 г хлориди натрий ихроҷ мекунад. Ин миқдор намак бошад, дар хӯроки муқаррарии асп нест. Бинобар ин ба хӯроки аспҳое, ки корҳои вазнинро иҷро мекунад, рӯзе 25-40 г намак илова бояд намуд. Узвҳои шунавоӣ ва шоммаи аспи нағз инкишоф ёфтаанд. Чашмаш тез аст, то 360° мебинад, ранг, андоза ва шакли чизҳоро фарқ мекунад. Асп зуд дастомӯз мешавад.
 
Асп дар 1-1,5 солагӣ болиғ гардида, дар 6-7 солагӣ пурра инкишоф меёбад. Давраи ҳамлаш 11 моҳ як бача мезояд. Тойчаҳоро махсус нигоҳубин кардан лозим. Солиму бардам ва боқувват таваллуд шудани тойчаҷо ба тарзи нигоҳубини модинаҳо вобаста аст. Модинаҳо рӯзе 20-25 кг шир медиҳад. Аз шири модинаҳо [[қимиз]] тайёр мекунанд. Тойча одатан баъди 30-40 дақиқаи таваллуд модарашро мемакад. Барон тойчаҳо хусусан фалла аҳамияти калон дошта, баъзе касалиҳоро пешгирӣ ва меъдаро тоза мекунад. Модиён ва тойчаро баъди як ҳафта аз аспхона cap додан лозим. Тойчаҳо одатан 6-7 моҳ шир мемаканд. Бинобар ин ҳангоми кор фармудани модиҳо тойчаро хамеша ҳамроҳи он бояд нигоҳ дошт. Асп то 30-35 (баъзан 67) сол умр мебинад ва онро дар хоҷагӣ аз 3 то 14-15 (баъзан то 18-20)-солагӣ истифода бурдан мумкин.
 
== Корбурд дар хоҷагӣ ==
Дар замине, ки гаштани трактор имконнопазир аст, инчунин барои кашондани алаф, хошок, пахта, шир ва ғайра метавон аз асп истифода бурд.
 
Дар баъзе мамлакатҳо асп барои хизмати полис, артиши миллӣ (ҳифзи сарҳад), хоҷагии ҷангал, мамнӯъгоҳҳо, иктишофоти геологӣ, бостоншиносӣ ва ғайра кор фармуда мешавад. Модиёнҳоро 2 моҳ қабл аз зоидан ва 15 рӯз баъди он, инчунин аспҳои касалро кор фармудан мамнӯъ аст.
 
Дар як шаборӯз ба аспи корӣ дар шароити Тоҷикистон 8 кг беда, 4 кг коҳ, 5 кг ҷав, 1 кг сабӯси гандум ва 2 кг хӯроки сершира бояд дод. Ба асп ҳамчунин хошок, сабзӣ, лаблабу, картошка, тарбузи хӯрокӣ, кадуи хӯрокӣ, тарбеда, силос, ҷав, сулӣ, ҷуворимакка, хӯрокиҳои омехта ва ғайра медиҳанд. Ҳангоми дар таркиби хӯрок нарасидани модда­ҳои минералӣ ба асп бӯр, орди устухон, мононатрийфосфат ё претсипитат додан лозим аст. Ба асп рӯзе 3 маротиба хӯрок дода мешавад. Пеш аз хӯрок об медиҳанд, ки он ҳазми ғизоро беҳ мегардонад.
 
== Асотир ==
Сатри 40:
 
=== Вожаи асп ===
Калимаи «асп» як ҷузъи номи ашхоси қадими асотирӣ ва ривоятӣ — [[Гуштосп]], Таҳмосп, Арҷосп, [[Гаршосп]], [[Луҳросп]], Озаргушасп, Ҷомосп ва дигарон мебошад. Дар «[[Шоҳнома]]»-и Фирдавсӣ аз галабонӣ (асппарварӣ) дар байни эрониён ва турониён, наслгирӣ аз аспҳои хушзоти паҳлавонону подшоҳон, масалан, аз Рахш (аспи Рустам), Шабранг (аспи Сиёвуш), Шабдиз (аспи Хусрави Парвиз) ва ғайра сухан меравад. Дар «Зардуштнома» омадааст, ки [[Зардушт]] пайғамбар будани худ­ро пас аз муолиҷаи аспи шоҳ Гуштосп собит кард. Аспи шоҳ Гуштосп аз пой монда буд. Зардушт онро муолиҷа кард ва Гуштосп ба ӯ эътиқод овард.
 
== Таърих ==
Сарнасли асп эогиппус мебошад, ки тақрибан 70 млн сол қабл умр ба сар бурдааст. Ҷуссаи [[эогиппус]] баробари [[рӯбоҳ]] буда, пои пешаш 4 ва пои қафояш 3 ангушт дошт.
Аспро 10 ҳазор сол муқаддам дар даштҳои моварои [[Осиёи Марказӣ]], Дон, Днепр ва Сибири Ҷанубӣ ром кардаанд. Алҳол аз аспҳои ёбоӣ фақат [[аспи Пржевалский]] боқӣ мондааст, ки дар даштҳои [[Муғулистон]] дучор меояд.
 
=== Асппарварии мардуми тоҷик ===
Ба асппарварӣ аз қадимулайём шуғл доштани тоҷиконро бозёфтҳои ҳафриётӣ ва мусаввараҳои гуногун низ собит менамоянд. Дар бисёр асбобу зарфҳои рӯзгор, ки бостоншиносон пайдо кардаанд, тасвири аспҳо нисбатан бештар вомехӯрад.
 
Ниёгони мо оид ба асп, нигоҳубин ва бемориҳои он чандин «Фараснома» таълиф намудаанд. Дар китоби «Одоб-ул-ҳарб ва-ш-шуҷоъа» омадааст, ки «…Асп шинохтан илме шариф аст, чун касе аспро нашиносад, ӯро аз ҷумлаи нодонон шуморанд. Шинохти асп бояд ва шинохти дандони ӯ ва хуҷастагӣ ва иллату айби ӯ дар дандонҳо ва нишонҳо, ки онро бувад, то ба ҳама чизҳо доно ва имом бошад». Яке аз бобҳои китоби мазкур дар бораи муолиҷаи иллати аспон аст. Чунончи, муаллиф қайд мекунад, ки «…Асперо, ки таб гирад, нишон он аст, ки дамақ гирад ва бинӣ паҳн боз кунад ва сар фуруд дорад ва паҳлу бизанад ва дами бинӣ гарм бошад, илоҷаш он аст, ки як рӯз беалаф дорад, дигарон рӯз се ман об ва ду ман мавизи сиёҳ ва бодрӯ ва гашниз ва шоҳтара аз ҳар яке як даста андар дег биҷӯшонад, то он об ба як ман боз ояд, пас биполояд, дар даҳани сутур резад, некӯ шавад».
Сатри 100:
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ||1}}
 
[[Гурӯҳ:Аспҳо]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Асп"