Асҳоб: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
Сатри 1:
{{Ислом}}
'''Асҳóб''' ({{lang-ar|أصحاب‎}}), ё '''[[саҳоба]]''' ({{lang-ar|صحابة‎}}) — саҳобагони [[Муҳаммад|Пайғамбари Ислом (ﷺ)]], дар таърифи истилоҳии вожа – касе, ки [[Муҳаммад|Пайғамбар (]][[Муҳаммад|ﷺ]])-ро бо имон мулоқот карда ва бо ислом аз дунё рафта бошад.
 
== Таърифи асҳоб ==
Сатри 12:
 
== Шумораи асҳоб ==
Ҳарчанд шумораи умумии Асҳоб ба таври дақиқ муайян нагаштааст, вале сиранигорон адади онҳоро бо муқоиса ба шумораи ширкаткунандагон дар ҳаҷҷи вадоъ бештар аз сад ҳазор мегӯянд, зеро дар он ҳаҷ ҳудуди сад ҳазор нафар ширкат дошт. Абузаръаи Розӣ мегӯяд: [[Муҳаммад|Пайғамбар (с)]] вафот кард ва касоне, ки ӯро дида ва аз ӯ шунида буданд, бештар аз сад ҳазор нафарро ташкил медоданд, ки ҳама ё бо шунидан ва ё бо дидан аз ӯ ривоят кардаанд. Гуфтанист, ки номи ҳамаи Асҳоби [[Муҳаммад|Пайғамбар (с)]] дар китобҳо ва донишномаҳои тарҷумаиҳолӣ наомадаанд.<br />Ҷамъоварӣ ва тадвини [[ҳадис|ҳадиси]]и [[Муҳаммад|Расули Акрам (с)]] ва нақ­ди илмии исноди ривоятҳо дар асрҳои 2–3 ҳиҷрӣ (7–8 милодӣ) ба зуҳури донишномаҳои гаронмояи шарҳиҳолӣ мусоидат намуд, ки Асҳоби [[Муҳаммад|Пайғамбар (с)]] дар онҳо ҷойи намоёнеро фаро гирифтаанд. Аз ҷумла «Ал-исоба фӣ тамйизи-с-саҳоба»-и [[Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ]] (асри 15) яке аз бузургтарин донишномаҳои шарҳиҳолӣ ба шумор меравад, ки номи бештар аз дувоздаҳ ҳазор саҳобаро дар бар гирифтааст.<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ]] – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.45-46</ref>
 
== Адабиёт ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Асҳоб"