Афғонистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
Сатри 35:
}}
 
'''Афғонистóн''' ([[Забони дарӣ|дарӣ:]] '''أفغانستان'''), номи пурраи расмӣ '''Ҷумҳурии Исломии Афғонистон''' ([[Забони пушту|пушту:]] '''د افغانستان اسلامي جمهوریت'''‎, [[Забони дарӣ|дари:]] '''جمهوری اسلامی افغانستان''') — давлатест, ки дар қисми ҷанубу ғарбии [[Осиёи Марказӣ]] ҷой гирифтааст.
 
Дар самти шимол бо [[Туркманистон]] (744 км), [[Ӯзбекистон]] (137 км) ва [[Тоҷикистон]] (1344 км), дар ғарб бо [[Эрон]] (945 км), дар ҷануб ва шаҳри бо [[Покистон]] (430 км) ва [[Ҳиндустон]] (120 км), дар шимолу шарқ бо [[Хитой]] (76 км) ҳамсарҳад мебошад.
 
Дарозии умумии ҳудуди сарҳад 5529 км аст (ин сарҳад тақрибан сад сол пеш бо мудохилаи Россияи подшоҳӣ ва Британияи Кабир муайян гардидааст). Аз шимол ба ҷануб 1350 км ва аз шарқ ба ғарб 900 км тӯл кашидааст. Масоҳаташ 655 ҳазор км², аҳолиаш 28,4 млн нафар (мутобиқи маълу­моти дигарон – 31 млн нафар); пойтахти Афғонистон шаҳри – Кобул (аҳолӣ 1,5 млн нафар). Афғонистон 34 вилоят, 354 вулусволӣ ва 31440 деҳа дорад. Забонҳои давлатӣ – [[паштун]] ва [[дарӣ]].
Сатри 116:
Дар заминҳои аз тоҷикон холишудаи ин минтақа қа­билаҳои афғон, ки ба чорводорӣ машғул буда, берун аз шаҳрҳо зиндагӣ мекарданд, ҷой гирифтанд. Аммо аз қадимуззамон, аз асри санг шурӯъ намуда, дар ин марзу бум одамон мезистаанд. Бостоншиноси маъруф Корбэн афзорҳои давраи асри санги ин сарзаминро, ки аз дараи Чахмок, Додалда­раи Самангон, Ҳазорсум, Гӯрдараи Бадахшон ёфт шудаанд, ба 50 ҳазор сол қабл мансуб медонад. Давраи ба истилоҳ ни­матаърихии ин киш­вар аз су­рудҳои ведӣ оғоз меёбад, ки ҳанӯз хат ихтироъ нашуда буд ва ориёиҳо дар Ориёнои Қадим ё Афғони­стони кунунӣ зиндагии кӯчӣ доштанд, худоҳои гуногунро мепарастиданд, барояшон қурбониҳо мекарданд ва назронаҳо медоданд. Сурудаҳои ведӣ, ки аксандози зиндагию фаъолияти ин мардум буданд, аз даҳон ба даҳону аз насл ба насл гузашта, баъдан якҷо бо маданияти авестоӣ барои рушд ва маданӣ сохтани ҷомеа нақши муҳим доштанд. Мутобиқи маъхазҳои таърихӣ, давлатдории аввалин дар сарзамини Афғонистон ҳазорсолаи якуми то мелод (Бохтар) ба вуҷуд омадааст. Дар давраҳои қадим ва асрҳои миёна марзу буми кунунии Афғонистон ба ҳайати дав­латҳои бузурги Шарқи Миёна ва Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ дохил мешуд. Бохтар ва заминҳои ҷануби онро то Ҳинд Куруши Кабир (бунёдгузори давлати Ҳахоманишиён) забт карда буд ва Бохтар яке аз навоҳии тараққикардатарини ин империя маҳсуб мешуд. Аз ин сарзамин Роҳи Бузурги Абрешим убур мекард ва мамолики чор гӯшаи дунёро бо ҳам мепайваст. Солҳои 329–326 пас аз сарзамини Афғонистонро забт кардани Искандари Мақдунӣ империяи Ҳахомани­шиҳо барҳам хӯрд ва дар шикастапораҳои ин империя давлатҳои алоҳида арзи ҳастӣ карданд, ки давлати Юнону Бохтарӣ аз ҷумлаи онҳост. Ин давлат дастикам бештар аз сад сол вуҷуд дошт ва тадриҷан ҷояшро ба империяи абарқудрати Кушониён дод. Асри 5-и мелодӣ Ҳайтолиён империяи Кушониёнро аз байн бурданд ва дар ин сар­заминҳо Сосониён ҳукмфармо шуданд. Минбаъд давраи футӯҳоти аъроб аст. Дар давраи халифаи дуюми ислом–Умар сипоҳиёни араб дар дарвозаҳои Хуросон пайдо шуда буданд ва аз тариқи Ҳирот бар шимоли кишвар ва аз тариқи Систон ба ҷануби сарзамин ҳамлавар гаштанд. Фотеҳон баъди кушторҳо ғаниматҳо, ғулом ва канизи бисёреро бо худ бурданд ва як қарн си­парӣ гардид. Баъдҳо оҳиста-оҳиста ҷунбишҳои миллии мустақил рӯнамо шудан гирифтанд, ки аввали чунин ҳаракатҳо қиёми Абумуслими Хуросонӣ буд. Сипас давлатҳои сулолавии дигар арзи ҳастӣ намуданд: Тоҳириён (821–873), Саффориён (873–900), Сомониён (875–999), Фариғуниён (250–410 қамарӣ), Лудиҳои Мултон (370–410), Оли Боинҷури Тахористон (232–372), Ғазнавиён (963–1186), Ғуриён (1151–1215), Хоразмшоҳиён (1077–1221).
[[Акс:Portrait miniature of Ahmad Shah Durrani.jpg|alt=Аҳмадшоҳи Дуронӣ (1724-1773)|thumb|[[Аҳмадшоҳи Дурронӣ]] (1724-1773)]]
Ташаккули афғонҳо (паштунҳо) ба сифати халқи воҳид ба асрҳои 11–12 рост меояд. Паҳншавии паштунҳо дар Хуросон (Афғонистони имрӯза) дар асрҳои 15–16 оғоз гардид. «Муҳоҷирати бузург»-и афғонҳо ба лашкаркашиҳо ва ҷангҳои хонумонсӯзи Чингизхону Темур (асрҳои 13–14) вобаста аст.
 
Баъди соиқаи хонумонсӯзи Чингиз Мангухон тамоми сарзамини Афғонистонро ба Шамсуддин Муҳаммади Курт вогузошт. Хонаводаи Курт то соли 783 қамарӣ (1381 мелодӣ) ҳукумат ронда, оқибат Оли Курт ба дасти Амир Темур соли 786 қамарӣ (1384 мелодӣ) аз байн рафт. Сипас дар даврони салтанати Ҷало­луддин Акбар писари хурдсоли Ҳумоюн дар Ҳинд шимол Афғонистонро ӯзбакҳои Мо­вароуннаҳр истило намуда буданд. Қисматҳои ғарбӣ, ки Қандаҳор марбути он буд, ба дасти сафавиҳои Эрон афтод ва дар қисмати шарқи Афғонистон ҳаракати озодихоҳӣ ва истиқлолхоҳӣ Афғонистон ба унвони Рӯшониён ба вуҷуд омад. Дар ин байн дар баъзе маҳалҳо қабилаҳои алоҳидаи афғонӣ барои нигоҳдошти иқоматгоҳҳои хеш ва тавсиаи чарогоҳҳо ва заминҳои корами хеш ба самти ғарбӣ юришҳо карда, дар он ҷо муқимӣ шуданд. Аввалҳо қабилаҳои афғонии юсуфзуйҳо навоҳии шимол водии Пешовар (Пишовур)-ро ишғол карда, дар миёнаҳои Афғонистон 16 марватҳо ба вилояти Банну соҳиб шуданд. Ибтидо Афғонистон 17 қабоили ғилзуйҳо ва абдолиён атрофи Куҳҳои Сулаймон ва навоҳии Қандаҳорро аз худ карданд. Дар охирҳои Афғонистон 17 ва авв. Афғонистон 18 музофоти алоҳидаи Афғонистон – Ҳирот ва баъдҳо Қандаҳор ба ҳайати давлати Са­фа­виёни Эрон, Пешовару Кобулу Ғазна ба ҳайати давлатдории Темуриёни Ҳинд дохил шуданд. Дар давраи ҳукмронии [[Нодиршоҳи Афшор]] (1736–1747) тамоми сарзамини ҳамондавраинаи Афғонистон ба империяи ӯ дохил буд. Соли 1747, баъди қатл шудани Нодиршоҳ, афғонҳо шӯриш бардоштанд ва дар натиҷа, давлати афғон – сулолаи Дурронӣ – Аҳмадшоҳи Абдолӣ ба вуҷуд омад. Ӯ дар навбати аввал муғулҳоро саркӯб ва дастнишондаҳои Нодиршоҳро аз Ҳирот берун кард. Империяи Аҳмадшоҳ аз Осиёи Марказӣ то Деҳлӣ ва аз Кашмир то Баҳри Араб тӯл мекашид. Соли 1774 вориси Аҳмад­шоҳ – Темуршоҳ пойтахти мамлакатро аз Қандаҳор ба Кобул кӯчонд. Бо сабаби фарохии ҳудудӣ империяи [[Аҳмадшоҳи Дурронӣ]] мустаҳкаму пур­иқтидор набуд ва сабаби ин камқувватӣ нотифоқии қабилаҳои гуногуни афғон буд. Ҳамчунин дар ин давра фишори беруна низ ба Афғонистон возеҳ ба назар мерасид; ав­валҳо аз тарафи эрониён ва минбаъд аз тарафи англисҳо аз Ҳинди Британиявӣ. Кӯшиши Британияи Кабир барои ғасби Афғонистон (ҷанг­ҳои аф­ғону англис, солҳои 1838–1842 ва 1878–1880) бенатиҷа монд, вале бо вуҷуди ин англисҳо назорати сиё­сати берунаи Афғонимтонро (тибқи қарордодҳои 1879 ва 1893) ба даст гирифтанд.
Сатри 125:
Дар давраи солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ Афғонистон сиёсати бетарафӣ ва дахолат накарданро пеш гирифт, вале таҳти таъсири Ин­қилоби Октябр гурӯҳҳои навандеш ва пеш­рафт­хоҳи мамлакат фаъолияти густарда намуда, барои истиқлоли комили Афғонистон мубориза мебурданд. Соли 1919 (20 феврал) Ҳабибуллоҳхон дар наздикии Ҷалолобод ба қатл расид. Ба сари давлат писари ӯ [[Амонуллоҳхон]] (1919–1929) омад. 28 феврали1919 Афғонистон давлати соҳибистиқлол эълон карда шуд. Дар навбати аввал истиқ­лоли Афғонистонро Россияи Шӯравӣ ба расмият шинохт. 7 апрели 1919 Амонуллоҳхон бо мактуб ба В. И. Ленин муроҷиат карда, барои бо Россияи Шӯравӣ доштани робитаҳои дӯстона изҳори хоҳиш намуд. 27 майи 1919 бо имзои В. И. Ленин ва М. И. Калинин ҷавоби мусбати мактуби Амонуллоҳхон ба Афғонистон расид. Дар баробари ин, Амонул­лоҳ­хон эълон дошт, ки дар мамлакат бояд фавран ислоҳоти дохилидавлатӣ карда шавад, вале англисҳо истиқлоли Афғонистонро қабул надоштанд ва моҳи майи 1919 байни Афғонистон ва Британия боз ҷанг (ҷанги сеюми афғону англис) оғоз гардид. Муқовимати шадиди афғонҳо англисҳоро ба оштӣ маҷбур сохт ва 8 августи 1919 дар Равалпиндӣ Шартномаи сулҳи байни Афғонистон ва англисҳо ба имзо расид, ки тибқи он англисҳо расман истиқлоли Афғонистон-ро пазируфтанд. 28 феврали 1921 дар Маскав байни Россияи Шӯравӣ ва Афғонистон шартномае имзо шуд, ки тибқи он дар байни ду давлат муносибатҳои дипломатӣ муқаррар гардиданд ва тарафайн уҳдадор шуданд, ки бар зидди якдигар бо давлати сеюм тааҳҳуд нахоҳанд кард. Давлати Шӯравӣ розӣ шуд, ки ба Афғонистон ёрии иқтисодӣ ва техникӣ расонад. Ин нахустин шартномаи баробарҳуқуқии Афғонистон бо яке аз давлатҳои бузурги он давр буд. Ноябри 1921 байни Британия ва Афғонистон низ шартномаи дигарон ба имзо расид. Вале аз муҳтавои шартнома бармеомад, ки нақшаҳои худхоҳонаи мустамликадорони англис қатъ нагардиданд, баръакс Британия ният дошт ба корҳои дохилии давлат мудохила кунад ва мушкилоти иқтисодию иҷтимоии онро ба манфиати худ истифода барад. Соли 1923 нахустин Конститутсияи Афғонистон қабул карда шуда, сардорони ақвому қабоил аз ҳуқуқи ҷамъ кардани андоз маҳрум шуданд; таъсири рӯҳониён ба мактаб ва умури адлия маҳдуд гардид, чанд мактаби дунявӣ, аз ҷумла, мактабҳои махсус барои занону духтарон ба кор шурӯъ карданд.
[[Акс:King Zahir Shah of Afghanistan in 1963.jpg|alt=Муҳаммад Зо­ҳиршоҳ, 1963|thumb|Муҳаммад Зо­ҳиршоҳ, [[1963]]]]
Ислоҳоти буржуазии ҳукумати Амонуллоҳхон харҷу сарфи бисёреро ба вуҷуд овард, ки бори гарони зиндагии мардуми одии заҳматкаш боз ҳам вазнинтар шуд ва ба ҳамин сабаб солҳои 1924–1928 дар манотиқи алоҳидаи мамлакат шӯришҳои мардумӣ сар заданд. Пешвои калонтарин шӯриши тоҷикони Куҳистон ва Куҳдоман [[Ҳабибуллоҳи Калаконӣ]] буд, ки душманон ба ӯ лақаби Бачаи Саққоро дода буданд ва бо ин ном машҳур шуд. Дар нати­ҷаи фишори шӯришчиён моҳи январи соли 1929 Амонуллоҳхон аз амирӣ даст кашид ва пешвои шӯришиён – Ҳабибуллоҳхон амири Афғонистон эълон шуд. Бешубҳа, рӯҳониён, ки аз ислоҳоти пеш аз вақти Амонуллоҳхон норозӣ буданд, аз Ҳабибуллоҳи Калаконӣ пуштибонӣ менамуданд. Бинобар ин подшоҳи нав ислоҳоти Амонуллоҳро бекор кард ва ба манфиати мардум чораҳои муҳим андешид. Тамоми боқидории молиёти гузаштаро барҳам дод, хидмати аскариро бекор кард. Ҳар кас ихтиёрӣ ба давлат бояд хидмат мекард. Барои ҳар аскар моҳона 20 рупияи нақд ва 4 ир (1 ир – 7 кг) гандум маош муайян кард, молиёте, ки болотар аз шароити вазъшуда бошад, бекор карда мешуд. Мизони молиёт аз рӯйи шароити ахлоқӣ муайян карда мешуд. Ҳабибуллоҳ тамоми боқиёт аз хироҷи замин, боғу молиёти тоҷирон ва пешаваронро, ки аз давраи Амонуллоҳ ва падари ӯ Ҳабибуллоҳ монда буданд, барҳам дод. Яъне маҳз ба фоидаи мардуми заҳматкаш чораҳои мушаххас андешид. Аммо кишварҳои хориҷӣ Ҳабибуллоҳи Калакониро дастгирӣ накарданд. Сталинро тоҷик будани ӯ ба ташвиш оварда буд, англисҳоро истиқлолхоҳиаш. Бинобар ин Британия Нодирхонро, ки барояш одами худӣ буд, ёрӣ ва мусаллаҳ намуда, бар зидди Калаконӣ таҳрик намуд. Аз фурсати муносиб истифода намуда, генерал Нодирхон бо мадади қабилаҳои ҷануби Афғонистон бо таҳрики эҳсосоти қавмии онҳо ба Кобул ҳамла оварда, онро ишғол намуд ва Ҳабибуллоҳхон (Бачаи Саққо)-ро қатл кард. Ҳукумати Нодирхон бо Иттиҳоди Шӯравӣ муносибатҳои дӯстонаро боз ҳам мустаҳкамтар карда, соли 1931 (24 июн) дар байни ИҶШС ва Афғонистон шартномаи бетарафӣ ва ба ҳамдигар ҳуҷум накардан ба тасвиб расид. Худи ҳамон соли 1931 Конститутсияи нави Афғонистон қабул карда шуд, ки дар асоси он сохти давлатӣ шакли монархияи конститутсионӣ гирифт.
 
Пас аз Нодиршоҳ 8 ноябри 1933 Муҳаммад Зо­ҳиршоҳ ба сари ҳокимият омада, сиёсати дохилӣ ва хориҷии падарашро идома дод. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939–1945), ки дар раванди он мавқеи бетарафӣ эълон карда буд, Зоҳиршоҳ кӯшиш кард дар Афғонистон навгониҳову тағйирот ба вуҷуд биёрад. Аз нимаи дуюми солҳои 50 Афғонистон 20 муносибатҳои ИҶШС ва Афғонистон густариш пайдо карданд ва аз тарафи Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони чандин муассисаи иқтисодӣ ва саноатӣ дар Афғонистон оғоз гардид. Дар нимаи авв. соли 1966 ислоҳоти васеи сиёсӣ анҷом дод. Моҳи сентябр Конститутсияи нав қабул шуд, соли 1965 интихобот ба парламент доир гардид. Конститутсияи озодихоҳӣ аҳзоби сиёсиро кафолат дод.
Сатри 140:
Маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳури нави Афғонистон 29 сентябр баргузор шуда, дар он [[Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай|Ашрафғанӣ Аҳмадзай]] ба унвони раиси ҷумҳури нав ва доктор [[Абдуллоҳ Абдуллоҳ]] ҳамчун раиси иҷроии ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон қасам ёд намуданд.
 
Абдуллоҳ аз ёрони наздики [[Аҳмадшоҳи Масъуд]] буд. Ӯ дар даврони набард бо Толибон, ба унвони сухангӯи ҷабҳаи Масъуд ва пули иртиботи онон бо ҷаҳон шинохта мешуд. Абдуллоҳ байни солҳои 2001 то 2006 дар давлати [[Ҳомид Карзай]], вазири умури хориҷаи Афғонистон буд.
 
Дар замони интихоботи райиси ҷумҳур рӯзи 19 феврали соли 2014 Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз сӯи афроди номаълум зери ҳамлаи мусаллаҳона қарор ҳам гирифта буд, аммо хушбахтона як афсари пулис дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳи номаълум маҷрӯҳ шуда, ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ осебе нарасида буд.
Сатри 161:
 
=== Дин ===
[[Акс:Abdul Rahman Mosque in March 2010.jpg|alt=Масҷиди Абдурраҳмон. Бузургтарин масҷид дар Кобули Афғонистон, 2010|thumb|320x320px|Масҷиди Абдурраҳмон. Бузургтарин [[масҷид]] дар [[Кобул|Кобули]]и [[Афғонистон]], [[2010]]]]
То интишор гардидани дини ислом дар ҳудуди имрӯзаи Афғонистон (асрҳои 8–11) дар ин сарзамин мардум эъти­қодманди зардуштия, будоия, монавия, насрония ва дигар динҳову боварҳо буданд. Охирин минтақаи ин сарзамин, ки бо Кофиристон маъруф буд, баъдҳо ба дини ислом гаравонида шуданд. Акнун тамоми бошандагони кишвари Афғонистон мусулмон буда, 85% аҳли суннат (аксар эътиқодманди мазҳаби Ҳанафия), 11% мусулмонони аҳ­ли ташайюи ис­но­ашарӣ ва 4% мусулмонони шиаи имомияи исмоилияанд. Баъзе мусулмонони аҳли суннат ва ҷамоат ҳамчунин пайрави равияю ҷараёнҳои чиштия, суҳра­вардия, нақш­бан­дия, қодирия ва бархе аз аҳли ташайюъ ба алавия, зайдия, қарматия, нусайрия мутааллиқ мебошанд. То та­ҳав­­вуло­ти ох. с-ҳои 80 дар Афғонистон шумораи маҳ­дуди сикхҳо, ҳинду­маз­ҳаб­ҳо, яҳудиҳо, арманиҳо мезистанд ва эъти­қод­манди мазҳабҳои худӣ буданд. Дар Афғонистон бештар аз 15 ҳазор мас­ҷид фаъолият дорад ва мардум ба 20 ҳазор мазор ва ма­конҳои муқаддас назру ниёз мекунанд. Аз ҷумла, Ором­гоҳи ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (дар Мазори Шариф), макони нигоҳдории хирқаи ҳаз­рати Муҳам­мад (с) (дар Қандаҳор), Масҷиди Сахӣ (Кобул), Мақба­раи Охундзода (Ҷалолобод), Масҷиди Ҷомеъ (Ҳирот) зиё­ратгоҳи мардуманд.
 
=== Адабиёт ===
Сатри 197:
 
== Ҳизб, ҳаракатҳо ва иттиҳодияҳо ==
Дар Афғонистон ҳизбҳои си­ё­сӣ таърихи дерин надоранд. Солҳои 60 а 20 таъсири сохти сотсиалистӣ, ки аз доираи як мамлакат баромада, ба системаи байналмилалӣ ворид шуда буд, дар Афғонистон хеле возеҳ эҳсос мегардид; маҳфилҳои алоҳидаи марксистӣ ва гурӯҳҳои ҷудогонаи сотсиалистии зиёиёни демократ тад­ри­ҷан ба ҲХДА табдил ёфтанд. Дар баробари ҳара­катҳои тарақ­қихоҳонаи ҷаво­нон чандин ҷунбишу ҳизби дигар арзи ҳастӣ карданд. Ҳанӯз солҳои 60 Афғонистон 20 дар Афғонистон наҳзати исломӣ ба вуҷуд омад ва созмоне ташкил шуд. Дар До­нишгоҳи Кобул шуъбаи ҷавонони наҳзат бо но­ми «Ҷа­вонони мусулмон» фаъолият мекард. Соли 1973 созмони ис­ло­мӣ номи «Ҷамъияти исломии Афғо­нис­тон»-ро гирифт. Баъд аз ҳиҷрати аъзои он ба Покистон дар сафи ҷамъият ҷудоӣ ба амал омад ва он ба ду ҳизб тақсим шуд, ки якеро Гулбуддин Ҳикматёр ва дигареро Бурҳонуддин Раб­бонӣ роҳбарӣ мекарданд. Баъд аз соли 1978 дар Покистон 7 ҳизби суннӣ ва дар Эрон 8 ҳизби шиамазҳаб амал мекард. Ҳизби шиа ни­ҳоят мут­та­ҳид шуда, Ҳиз­би ваҳ­дати исломии Афғонистонро ташкил намуд. Ҳиз­би ҳаракати исло­мӣ бо роҳба­рии Осиф Муҳ­синӣ мус­тақимтар нигоҳ дошт.
 
Ҳизби Исломии Афғонистон соли 1974 бо сарварии Гулбуддин Ҳикматёр алайҳи низоми Муҳаммад Довуд таъ­сис ёфта буд. Барномаи ҳизб аслан аз мусоидат намудан ба интишори таълимоти ислом ба тамоми дунё, таблиғи сиёсӣ барои фарқи аҳолии Афғонистон мутобиқи забон, ирқ ва соири аломатҳои иҷтимоӣ, комилан бар­ҳам додани низоми таълимии мав­ҷуда, ки дар он духтарону писарон як­ҷо таҳсил мекунанд, талаби ба мулло­ҳо ва уламо дасти ёрӣ дароз кардани давлат, табдили пурраи низоми судӣ ба қонуни шариат ва амсоли инҳо иборат мебошад.
 
=== Ҷамъияти исломии Афғонистон ===
Ҳизби исломӣ, ки ба асоси ҳаракати «Ҷа­вонони мусулмон» таъ­сис ёфта, муассисаш проф. Бурҳо­нуд­дини Раб­бонӣ буд. Пас аз Ҳизби исломии Аф­ғонистон ин ҳизб аз ҷиҳати шу­мораи аъ­зо, мартабаву манзилат дар ҷои ду­юм қа­рор дошт. Аксари аъзои он сокинони Ҳи­рот, Бод­ғис, Форёб, Ҷузҷон, Балх, Са­ман­гон, Қундуз, Тахор, Бағ­лон, Бадахшон, Панҷ­шер ва бештаре аз ҷумлаи си­лоҳ­бадас­то­ни вақт буданд. Асоси барномаи ин ҳизб низ дар Афғонистон таъсис додани давлати ис­ломӣ буд. Бурҳо­нуд­дин Раббонӣ 20 сент. 2011 дар нати­ҷаи суиқасд ба шаҳодат расид.
 
=== Ҳизби исломии Афғонистон ===
Сатри 214:
 
=== Ҳаракати инқилоби исломии Афғонистон ===
Со­ли 1978 дар музофоти Балучистон (Покистон) таъсис ёфта, аз худи ҳамин сол дар Афғонистон амал мекард. Му­ассиси ин ҳизб Муҳаммаднабӣ Муҳаммадӣ буда соли 1920 дар вилояти Лугар дар оилаи мавлавӣ Абдулваҳҳоб аз қабилаи аҳмадзай таваллуд шудааст. Муҳаммаднабӣ Му­­ҳаммадӣ пайрави ҷараёни Қодирияи Нақшбандия буд ва соли 1979 бо фармони сарвари вақти Афғонистон Ҳафизуллоҳ Амин ба қатл расонда шуд. Муҳаммад Набӣ дар фаъоли­яташ миллатгаро ва зидди коммунистӣ буд. Маҳози миллии исломии Афғонистон моҳи марти соли 1970 ташкил шудааст. Роҳ­ба­раш Пир Саййидаҳмади Гелонӣ мебошад. Маҳози мил­лӣ асосан аз муридон ва пайравони фирқаи Қодирия ибо­­рат аст, ки пешвои он Пир Саййидаҳмади Гелонӣ мебошад.
 
=== Ҳизби халқӣ-демократии Афғонистон (ҲХДА). ===
Ин ҳизб дар анҷумани муассисон янв. 1965 дар Кобул таъ­­сис ёфта, дар он 27 вакил иштирок дош­танд ва Кумитаи Марказии он дар ҳайати Нурмуҳам­мад Таракӣ, Бабрак Кормал, Султоналии Киштманд, Солеҳмуҳаммади Зерай, Дастагири Панҷшерӣ, Бадахшӣ ва Шаҳрухи Шаҳпар интихоб гардида буданд. Баъди ду сол дар сафи ҳизб ҷудоӣ ба амал омада, он ба ду ҷиноҳ – «Халқ» (таҳти сарварии Таракӣ) ва «Парчам» (бо роҳбарии Кормал) тақсим гардид. Баъди ғалабаи Инқилоби Савр мухолифатҳо ва таъқибу фишори парчамиҳо аз нав шиддат гирифт. Дар вазъи истибдоди шоҳӣ ҳар ду ҷиноҳи ҳизб расман ғайри­қонунӣ маҳсуб мешуданд. Бо ҳамдастии ҳукумати вақ­ти Афғонистон муқобили фаъолияти ҲХДА аз тарафи аҳ­зобу ҳа­ра­катҳои бунёдгаро, миллатгаро, мисли «Ҷаво­нони мусулмон», «Афғон миллат», «Шуълаи ҷовид» ва амсоли инҳо аксуламалҳо анҷом дода мешуданд. Вале бо вуҷуди чунин фишорҳо ҲХДА фаъолияти таблиғӣ ва тарвиҷии худро густариш медод. «Халқ» ва «Парчам» муттаҳид шу­данд. Ба сабаби камшумории синфи коргари мавҷуда дар Афғонистон ҲХДА фаъолияти хешро ба таблиғу тарвиҷ дар артиш ва соири сохторҳои қудратӣ нигаронда буд. Дар давраи омодасозӣ ва ташкили Инқилоби Савр «Халқ» ва «Парчам» муттаҳид шуданд, вале ин ваҳдат дер давом накард.
 
=== Ташкилоту иттиҳодияҳо ===
Ғайр аз ҳизбҳои сиёсию наҳзату ҳаракатҳои гурӯҳ­ҳои алоҳида дар Афғонистон як зумра ташкилоту иттиҳодияҳо аз қаби­ли Иттиҳодияи коргарӣ, Ташкилоти демократии ҷавоно­ни Афғонистон (амсоли Комсомоли Иттиҳоди Шӯравӣ буда, соли 1975 таъсис ёфт), Ташкилоти демократии занони Афғонистон (соли 1966 таъсис ёфта, баъдтар ба Шӯрои занони Афғонистон табдили ном кард), Иттиҳо­дияи нависандагон ва шоирон (1980 ташкил шуд), Ит­тиҳоди журналистон (таъсисаш соли 1980), Иттиҳоди кормандони ҳу­нар (рассомон, филмсозонон, мутрибон, соли 1980 таъсис ёфт), ҷабҳаи миллии «Ватан» (соли 1981 таъсис ёфта, баъд­ҳо ба «Ҷабҳаи миллӣ» табдили ном кард) мавҷуд буданд, ки вобаста ба вазъи сиёсии кишвар фаъолият доштанд. Баъди соли 2001, пас аз рӯйи кор омадани таҳавву­лоти нав ва суқути «Толибон», дар муддати кӯтоҳе дар Афғонистон бештар аз 100 ҳизб номнавис шуданд. Вале баъдан дав­лат мудохила карда, ҳизбҳои сиёсӣ аз нав номнавис шуданд ва акнун 32 ҳизби сиёсӣ дар Афғонистон фаъолият дорад.<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.89-103 / Х. Муҳаббатов, Б. Раҳматов.</ref>
 
 
== Эзоҳ ==
Line 237 ⟶ 236:
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ||1}}
 
[[Гурӯҳ:Давлатҳо аз рӯи алифбо]]