Ашё: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
Сатри 1:
'''Ашё''' (аз ар. ҷамъи шайъ – чиз) — дар [[ҳуқуқи шаҳр­вандӣ]] (гражданӣ) чизҳои моддӣ, шайъ ([[объект)]]-и ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқҳои вобаста ба он.
 
== Таъриф ==
Тамоми чизҳои олами моддӣ, ки дар ҳолатҳои гуногуни табиии физикавӣ қарор доранд (моеъ, сахт, дурушт, газӣ ва амсоли инҳо) ва ё дар натиҷаи меҳнати инсон офарида шудаанд ва ҳар он чизе, ки ба олами зинда ва ғайризинда мутааллиқ мебошад, ашё ном доранд. Ҳам­чунин дар муқо­иса бо дарки маъмулии ашё ҳамчун чизҳои визуалӣ (бо чашм) фарқшаванда, мафҳуми ҳуқуқии А. дорои мазмуни нисбатан васеъ мебошад (аз қабили нерӯи барқ, атом, гармӣ, сардӣ ва ғайра). Мақсади асосии эътироф намудани А. ба сифати шайъи ҳуқуқ ва уҳдадории шаҳрвандӣ аз таъмини эҳтиёҷоти шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва давлат дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти онҳо иборат аст. Ашёе, ки ба ҷамъият ва инсон барои истифода дастнорас мебошанд (масалан ҷирмҳои осмонӣ, ки одамон аз худ накардаанд), шайъи ҳуқуқи гражданӣ буда наметавонанд. Пул ва ко­ғазҳои қиматдор навъи махсуси А. мебошанд.
 
== Навъҳои ашё ==
Қавонини шаҳрвандӣ (кодекси гражданӣ) навъҳои муайяни ашёро пешбинӣ менамояд, ки ҳар кадоми онҳо дорои мақоми ҳуқуқии худ мебошанд. Дар ин қонунҳо ҷиҳа­ти муқаррар намудани низоми мухталифи ҳуқуқӣ ашёҳо ба манқул ва ғайриманқул тақсим карда шудаанд. Ашёи манқул чунин ашёҳое мебошанд, ки ҷойивазкунии онҳо бе зарари номутаносибии таъйинот мумкин аст. Ба ашёҳои ғайриманқул он ашёе дохил мешаванд, ки ба замин алоқаи бевосита доранд ва ҷойивазкуниашон бе зарару зиён ба таъйиноташон имконнопазир аст. Ду навъи ашёи ғайриманқул аст: Ашёи табиатан ғайриманқул ва ашёе, ки мутобиқи қонун ғайриманқул дониста мешавад (кишти­ҳои баҳру дарёӣ, киштиҳои кайҳонӣ).
 
=== Корхонаҳо ===
Сатри 11:
 
=== Ашёи тақсимшаванда ва тақсимнашаванда ===
Мо­­­лу мулке тақсимшаванда эътироф мешавад, ки ҳанго­ми тақсим таъйиноти аввалияи худро тағйир намедиҳад (хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, қувваи барқ, гармӣ ва ғайра). Агар бе тағйир додани таъйинот тақсим намудани ашё имконнопазир бошад, ашё тақсимнашаванда дониста мешавад (масалан, хона (квартира)-е, ки аз як ҳуҷра иборат бошад).
 
=== Ашёи мураккаб ===
Сатри 17:
 
=== Ашёи асосӣ ва мансуб ===
Ашёи асосӣ он навъи ашё мебошад, ки дар муомилоти шаҳрвандӣ аҳаммияти муста­қил дошта, аз дигар ашёҳо вобаста нест. Ашёи мансуб барои хидмат кардан ба ашёи асосӣ таъйин шудааст.
 
=== Самара, маҳсулот ва даромад ===
Сатри 24:
 
=== Ашёи хосса ===
Он навъи ашё хосса дониста мешавад, ки аз ашёи дигар бо аломатҳои махсуси худ тафовут дорад (масалан, макони ҷойгиршавӣ, рақамҳои муфрад – мушаххас). Ин аст, ки ашёи хосса ивазнашаванда мебошад (масалан, автомобили тамғаи муайян).
 
=== Пул ===
Ҳамчун шайъи ҳуқуқи шаҳрвандӣ пул як шакли махсуси молумулки манқулӣ мисли арзишҳои асъорӣ ва коғазҳои қиматдор мебошад.
 
== Эзоҳ ==
Сатри 33:
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ||1}}
 
[[Гурӯҳ:Истилоҳоти ҳуқуқ]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ашё"