Аҳли Байт: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х VASHGIRD moved page Аҳл-ул-Байт to Аҳли Байт over redirect
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
Сатри 1:
{{Муҳаммад}}
'''Аҳл-ул-Байт''', Аҳли Байт ({{lang-ar|أهل البیت, аҳл – бошанда, аъзо ва байт хона, яъне аъзои хонавода, авлод}} — аъзои хонаводаи ҳазрати [[Муҳаммад|Муҳаммад Пайғамбар (ﷺ)]], ки аз худи Муҳаммад (ﷺ), писарамак ва домодаш [[Алӣ|Алӣ ибни Абитолиб]], Фотима, Ҳасан, Ҳусайн ва минбаъд авлоди онҳо иборат мебошанд.
 
== Аҳли Байт дар Қуръон ==
Сатри 10:
 
== Аҳли Байт аз дигоҳи шиъаён ==
Манзур аз ба вуҷуд омадани чунин як истилоҳи мазҳабӣ он аст, ки халифаи Пайғамбар (ﷺ) – имом мебоист барои таъбири таълимоти ислом ва роҳбарии маънавӣ ба мусулмонон салоҳияти қонунӣ дошта бошад. Ба ақидаи аҳли ташайюъ чунин шахс метавонист танҳо аз ҷумлаи Аҳл-ул-Байт пайдо шавад. Як омили муҳим, ки сабабгори ба фирқаҳо тақсимшавии аҳли ташайюъ аст, ақидаҳои мухталиф доир ба таркиби Аҳл-ул-Байт мебошанд. Шиъиён аз ибтидо ба улуҳияти хонадони Пайғамбар Муҳаммад (ﷺ) ва мушаххасоти хосси авлодӣ доштани аъзои он бовар доштаанд. Чунин сифот имомро аз Аҳл-ул-Байт ҷудо менамуд ва ӯро бо ҳидояти илоҳӣ шоистаи роҳбарӣ ва пешвои мусулмонон дар роҳи сирот-ал-мустақим мекард. Аммо дар ҳамин давраи шаклёбӣ, бо вуҷуди он ки имомони баъд аз имом Ҳусайн басарихилофатомада асосан аз хонадони Алӣ буданд, хонадони Пайғамбар (ﷺ) ҳанӯз ҳам ба маънои васеъ дар асоси омилҳои қабилавӣ муайян мегардид. Чунин таъриф шохаҳои гуногуни авлоди Ҳошим, хонадони бузурги қурайшиҳоро, новобаста мустақиман аз насли Пайғамбар (ﷺ) будан ё набудан, дар бар мегирифт. Пас ба Аҳл-ул-Байт ворисони Муҳаммад (ﷺ) аз тарафи духтараш Фотима ва домоду писарамакаш Алӣ ва ҳамчунин ворисони амаки ӯ ва ҳатто Аббосиён, ба хусус Аббос (653), ки исломро танҳо соли 630 қабул карда буд, дохил карда мешуданд. Алавиёни Фотимӣ ва ғайрифотимӣ, ҳамчунин дигар Ҳошимиёни ғайриалӣ – ҳама ворисони падарии Пайғамбар (ﷺ) – Абдулмуталлиб зоҳиран худро шоистаи узвият дар Аҳл-ул-Байт медонистанд. Баъдтар доираи Аҳл-ул-Байт маҳдудтар шуда, ба он фақат ворисони Муҳаммад (ﷺ) (аз тарафи Фотима ва Ҳасаниёну Ҳусайниён) дохил мешуданд. Минбаъд тамоми имомони низорӣ ва исноашарӣ низ ба Аҳл-ул-Байт маҳсуб дониста мешуданд, вале имомат аз тариқи насс ҷорӣ шуда, танҳо аз падар ба писар ё ба набераи писарӣ мегузашт.<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.154-155 / Б. Раҳматов. </ref>
 
== Адабиёт ==
Сатри 23:
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ||1}}
 
[[Гурӯҳ:Ислом]]