Бадахшон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
Сатри 25:
| [[Ислом|Мусулмонон]]
|}
'''Бадахшон''' ({{lang-fa| '''بدخشان'''}}) — кишвари қадимии тоҷикнишини кӯҳистонӣ, машҳур бо маъданҳои нодир, ҳавои тозаву солим ва мардумони шуҷоъ дар болооби дарёҳои [[Панҷ (рӯд)|Панҷу]] [[Амударё|Ому]] ва ҳавзаи дарёи Кӯкчаву шохобҳои он, қисми шимолу ғарби [[Афғонистон]] ва [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони]]и [[Тоҷикистон]].
 
== Маълумоти мухтасар ==
Сатри 32:
Мавҷудияти лоҷварди Бадахшон дар Ҳиндустон (Моҳенҷо-Даро), Миср (некрополи Фива) ва мавзеъҳои диг. қадимии маданияти ҷаҳонӣ дар замонҳои қадимтарин ошкор гардидааст. Тибқи маълумоти муаллифони «Таърихи Бадахшон» — Мирзо Сангмуҳаммад ва Мирзо Фазлалибек лоҷварди Бадахшон чун ҳазорон сол пеш аз ин, дар а.18 низ қимати хеле баланд доштааст. Бадахшон дар давраҳои мухталифи таърихӣ дорои марзу буми тағйирёбандаи ҷуғрофию сиёсӣ будааст. Он аз Ш. ва Шим. Ш. ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Ш. ба Читрол ва Кашмир (Покистон ва бо долони иртиботӣ бо марзҳои Чин (вил. Син Кёнч), аз Ҷ. бо вил. Кунар ва Каписо ва аз Ғ. бо вилоятҳои Лағмону Тахор (Қатаған ва Тахористон) ҳамҷавор мебошад. Бадахшон ноҳияи кӯҳистонист. Силсилакӯҳҳои Ҳиндукуш (баландтарин қуллаи он 7000 м) бо пиряхҳои табиӣ дар ҷануби он ба самти ғарбу шарқ имтидод доранд. Дар байни кӯҳистон чандин мавзеи даштмонанд вуҷуд доранд, ки дар онҳо зироатҳои гуногун рӯёнда мешаванд. Ободиҳо ва шаҳрҳои Бадахшон чи дар бахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чи дар бахши Афғонистон бо роҳҳои аслӣ ва фаръӣ ба ҳам пайвастанд.
 
Августи 1876, пас аз ҳамроҳ намудани Фарғона ба Россия, русҳо дар доираи хатти марзӣ бо бекии Қаротегин паймон бастанд, ки мувофиқи он ноҳ. Бадахшони кӯҳӣ ба тобеияти Бухоро монда, ноҳ. ҷануби масири Амударё ба тобеияти Афғонистон мегузарад.
 
== Бадахшони Афғонистон ==
Сатри 231:
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ||1}}
 
{{пайвандҳои беруна}}
 
[[Гурӯҳ:Помир]]
[[Гурӯҳ:Ҷуғрофиёи Афғонистон]]