Бағдод: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
Сатри 60:
 
== Аҳолӣ ==
Аҳолиаш 9 млн нафар (2015) зиёда аз 75 дарсад арабҳо, инчунин курдҳо, туркҳо, арманиҳо, яҳудиҳо ва дигар миллатҳо зиндагӣ мекунанд.
 
== Таърих ==
Соли 762 дар замони халифа ал-Мансур (754–775) сохта шуд ва ба ҷойи шаҳри Куфа пойтахти [[хилофати Аббосиён]] гардид. Аввал Мадинат-ус-Салом (Шаҳри Сулҳ) ном дошт. Ҳанӯз дар асри 9 бо Ҳиндустон, мамолики Араб ва Аврупо ва асри 10 бо давлати Рус робитаи тиҷоратӣ дошт. Замони шукуфоии Бағдод ба давраи ҳукмронии халифа Ҳорунаррашид (асри 9) рост меояд, қасрҳо, мадрасаҳо, биноҳои маъмурию истиқоматӣ сохта шуданд. Тӯли чандин садсола маркази бузурги илмию фарҳангии Шарқи Наздик ба шумор мерафт. Ишғоли Б. ба дасти оли Буя (945) ва Салҷуқиён (1055) сурат гирифта, яке аз шаҳрҳои ин хонадонҳо шуд. Соли 1258 аз ҷониби лашкари хони муғул Ҳулоку ишғол ва хароб карда шуд, солҳои 1393 ва 1401 лашкариёни Темур шаҳрро ғорат карданд. Асрҳои 16–17 зери итоати салҷуқиёну форсҳо қарор дошт, аз соли 1638 ба ҳайати Империяи Усмонӣ ворид гардид. Соли 1917 Б.-ро нерӯҳои низомии англис ишғол намуданд. Аз соли 1921 пойтахти шоҳигарии Ироқ ва аз 14 июли с. 1958 пойтахти Ҷумҳурии Ироқ мебошад. Солҳои 1997–98 аз ҷониби нерӯҳои ҳавоии Амрико ва Британияи Кабир бомбаборон карда шуд. Апрели 2003 шаҳр зери тасарруфи нерӯҳои амрикоӣ-британӣ қарор гирифт. Дар Бағдод бисёр корхонаҳои саноатӣ (бофандагӣ, дӯзандагӣ, хӯрокворӣ), инчунин муассисаҳои илмию фарҳангӣ ҷойгиранд, ки қисми зиёдашон ҳангоми бомбаборони соли 2003 хароб гардиданд.
 
== Иқтисод ==
Сатри 73:
== Адабиёт ==
* ''Новая российская энциклопедия''. Т. II. М., 2005.
 
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ||1}}
 
{{Пойтахтҳои Осиё}}
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Бағдод"