Бақеъ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
Сатри 1:
[[Акс:Bagicemetri2.JPG|thumb|Қабристони Бақеъ. [[Соли 2008]]]]
'''Бақе́ъ''' ({{lang-ar|البقيع}}) — аввалин [[Қабристон|гӯристони]] [[Мусулмон|мусулмононмусулмон]]он дар қисмати шарқии [[Мадина]], дар канори [[Масҷиди Пайғамбар|масҷиди Пайғамбар (с)]], ки дар он чун [[Усмон ибни Аффон|Усмон ибни Аффон (р)]], имом Ҳасан, Аббос ибни Абдулмуталлиб, духтарон ва аксари ҳамсарони [[Муҳаммад|Пайғамбари акрам (с)]] ва дигар бузургони садри аввал мадфунанд<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.289-291 // А. Боқизода.</ref>.
 
Минтақаи Бақеъ дар рӯзгори Расули Худо (с) дар гӯшаи шаҳри Мадина ҷойгир шуда, онро аз се ҷониб киштзорҳои мардум иҳота мекард. Пас аз тавсиаи Мадина гӯристони Бақеъ дар миёнаи шаҳр қарор гирифт ва пас аз тавсиаи масҷиди набавӣ дар давраҳои ахир он бо масҷид пайвастааст ва онҳоро роҳрав ва хиёбони борике аз ҳам ҷудо мекунад. Бақеъ яке аз бузургтарин осори боқимонда ва мероси замони нубувват аст, ки дар назди уммати ислом арзиши динии хоссе дорад ва ҳамин кофист, ки Расули Худо (с) вориди он мешуд ва барои хуфтагони он манзил дуо мекард.
 
== Таърих ==
[[Акс:Shrines of the Prophet's Wives and Abdullah ibn Ja'far and Aqeel ibn Abi Talib in Al-Baqi' before demolition.jpg|thumb|300px|[[Қабристон|Гӯристони]] Бақеъ то [[соли 1925]]]]
Расули акрам (с) пас аз ҳиҷрат ба Мадина қитъаи заминеро дар канори масҷиди худ барои дафни мусулмонон интихоб кард ва чун дар он гиёҳи хоре бо номи ғарқад мерӯид, ба гӯристони Бақеи ғарқад низ маъруф гардид. Яке аз дарвозаҳои масҷиди набавӣ бо номи Бобулбақеъ ба тарафи ин гӯристон боз мешавад. Мусулмонон пеш аз ҳиҷрат ҳамроҳи мушрикон дар гӯристонҳои умумӣ дафн мешуданд ва нахустин касе аз муҳоҷирон, ки дар гӯристони Бақеъ ба хок супорида шуд, Усмон ибни Мазъун – саҳоба ва бародари разоии Расули Худо (с) буд, ки соли дуюми ҳиҷрӣ пас аз ҷанги Бадр вафот кардааст ва нахустин нафар аз ансор Асъад ибни Зурора – аз асҳоби байъати Ақаба аст, ки ӯ низ соли дуюми ҳиҷрӣ пеш аз ҷанги Бадр вафот кардааст. Пайғамбар (с) пас аз дафни Усмон ибни Мазъун сангеро бар сари қабри вай гузошт ва фармуд: «Ин қабри пешрафтаи мост!»
 
Охирин саҳобае, ки дар гӯристони Бақеъ ба хок супорида шуд, Саҳл ибни Саъди Соидии Ансорӣ (вафот соли 91 ҳиҷрӣ) аст. Дар баъзе маъхазҳои таърихӣ аз имом Молик ривоят шуда, ки даҳ ҳазор саҳобаи Расули Худо (с) дар Мадина вафот карданд ва дар гӯристони Бақеъ ба хок супорида шудаанд.
 
== Ашхоси дар Бақеъ ба хок супурдашуда ==
Сатри 17:
* қабри модари Оиша (р) Уммирумон,
* қабри Фотима бинти Асад – модари Алӣ (р).
Аз ҳамсарони поки Расули Худо (с) – модарони муъминон, ба ҷуз Хадиҷа (р) ва Маймуна (р), ҳама дар гӯристони Бақеъ ба хок супорида шудаанд. Хадиҷа (р) дар ҷаннатулмуалло – гӯристони аҳли Макка ва Маймуна (р) дар мавзее дар наздики Макка бо номи Сараф дафн гардидаанд.
 
Гӯристони Бақеъ дар замони расули Худо (с) масоҳати хурдтаре – ҳудудан ҳаштод дар ҳаштод (80х80) метри мураббаъро («Бақеи ғарқад», соли 22) фаро мегирифт, пас аз он аз тарафи шим. ғарбӣ порчаи замини дигаре бо номи бақеи аммаҳо – ҷое, ки ду аммаи пайғамбар (с) – Сафия ва Отика дар он дафн шуда буданд ва дар замони халифаи сеюм Усмон (р) боғи ӯ бо номи Ҳушши Кавкаб аз шарқ ба он афзуда шуд. Масоҳ. умумии гӯристони Бақеъ пас аз афзудани ин ду қитъа ба он бар асоси таҳқиқоте, ки мураттибони китоби «Бақеи ғарқад» дар ин бора анҷом додаанд (соли 22–25), сад дар дусаду панҷоҳ (100 х 250 м²) – ҳудуди бисту панҷ ҳазор (25 000) метри мураббаъро ташкил медод. Пас аз охирин тавсиаи ҳарами набавӣ дар замони ҳукумати Саудӣ соли 1410 ҳиҷрӣ тангкӯчаҳои байн бо номи зиқоқи аммаҳо ва заминҳои атроф ба гӯристони Бақеъ аф­зуда шуд ва масоҳ. имрӯзаи он як саду ҳаштод ҳазор (180 000) метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Сатри 39:
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ||1}}
 
[[Гурӯҳ:Гӯристонҳо аз рӯи алифбо]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Бақеъ"