Блог: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
Сатри 25:
* аз рӯйи асоси техникӣ: мустақил, дар блогплатформа.
 
Имконоти техникӣ ва маҳдуднамоии Блогҳо бо технологияҳои умумии шабака муайян карда мешавад. Барои созмон додани Блог таъминоти барномавие лозим аст, ки ба истифодабаранда барои ҳамроҳ шудан, тағйир додан ва нашр кардани сабтҳо дар Шабакаи ҷаҳонӣ ({{lang-ru|Всемирная паутина}}) имкон диҳад. Чунин таъминоти барномавӣ муҳаррики Блог номида мешавад. Ғайр аз вазифаи асосӣ (ҳамроҳ намудани сабтҳои муаллиф ва нашри навбатии он) барои муҳаррикҳои муосир вазифаи стандартӣ сохтани рӯйхатҳои коркарди автоматии тозакунии RSS ва Atom, қолаббандии матн ва замимаи мултимедиа дар сабт, ҳамроҳ намудани тақризҳои хонандагон мебошад. Муҳаррики Блог метавонад дар вебфазои шахсии муаллиф (stand alone) ё дар иқтидорҳои яке аз умур, ки ба Блогҳо ҷойҳои махсус медиҳанд (блогплатформа), бошад. Блогҳо бо ҳам аз рӯйи замимаҳои технологии «трэкбэк» алоқаманданд. Онҳо метавонанд ба як «сайёраи Блогҳо» – RSS-агрегатор муттаҳид шаванд.
 
Солҳои охир Блогҳои сиёсӣ пайдо шудаанд, ки воқеаву рӯйдодҳои ҷаҳонро фаъолона таҳлил мекунанд. Нақши иттилоотии Блогҳо низ афзуда, бо ВАО-и расмӣ рақобати шадид пайдо кардаанд. Баъзе муаллифони мақолаҳои сиёсии Блогҳо зери таъқиби идораҳои расмӣ қарор гирифта, дар қонунгузории давлатҳо моддаҳои ҷавобгарӣ нисбат ба чунин ашхос пайдо шуда истодаанд. Аз с. [[2004]] мусобиқаи байналмилалии Блоги беҳтарин (The BOBs) дар 11 забони нашр баргузор мешавад.
Сатри 49:
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ||1}}
 
[[Гурӯҳ:Интернет]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Блог"