Бозӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
Сатри 1:
{{otheruses|Бозӣ (мазмунҳо)}}
[[Акс:Deskohraní 2012 - 6782.JPG|thumb|Бозии кӯдакон]]
'''Бозӣ''' — яке аз намудҳои асосии фаъолияти ҷисмию зеҳнӣ, ки дар инкишофи ҳамаҷонибаи фардии [[Кӯдак|бачаҳо]] муҳим аст.
 
== Нақши бозӣ дар фаъолияти инсон ==
Дар бозӣ талаби ба олами атроф таъсир расондани кӯдак зоҳир гардида, сифатҳои фикрӣ, ахлоқӣ ва иродавиаш ташаккул меёбанд. Бозӣ дар кӯдак ҳамчун шакли баамалбарории фаъолият хидмат менамояд. Амалҳои бозӣ дар кӯдакон дар натиҷаи тақлиди онҳо ба рафторҳои калонсолон ҳангоми муошират ташаккул меёбанд. Бозиҳо бештар хусусияти коллективӣ доранд. Дар бозиҳои дастаҷамъӣ коллективи бачаҳо ба вуҷуд омада, сифатҳои дӯстӣ ва ҳамкории онҳо инкишоф меёбад. Бозиҳои гуногуни серҳаракат ва дидактикӣ ба дарки сифатҳои алоҳидаи ашё, инкишофи мушоҳидакорӣ, хулосабарорӣ ва дигар тарафҳои фаъолияти фикрӣ мадад мерасонанд. Кӯдак дар бозӣ хусусиятҳои барояш номаълуми ашёро дониста, тадриҷан ба дарки таъсири байниҳамдигарӣ ва вазифаи ашё мерасад. Ҳамаи бозиҳои дастаҷамъона, ки иҷрои онҳо риоя кардани қоидаи муайянро талаб мекунад, ба тарбияи ирода ва талабҳои умум итоат кунондани маҳорати бача ёрӣ мерасонад. Мазмуни бозӣ бо инкишофи кӯдак низ тағйир меёбад. Дар синни хурди мактабӣ бачаҳо ба сифатҳои ҷасоратнокӣ, пурқувватӣ, чолокии одамон тақлидкунон бозӣ мекунанд. Дар синни миёнаи мактабӣ (хусусан дар 11–14-солагӣ) бозиҳои дорои мазмуни романтикию қаҳрамонӣ аҳаммияти бештар пайдо менамоянд. Дар ин синну сол бозиҳо дар худтарбиякунии бачагон нақши бузург мебозанд.
 
== Навъҳои бозӣ ==
Сатри 18:
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ||1}}
 
[[Гурӯҳ:Бозиҳо]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Бозӣ"