Боғдорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
Сатри 7:
 
=== Боғдорӣ дар замони шуравӣ ===
Ташкили хоҷагиҳои махсуси боғу токдории замонавӣ дар пешрафти боғдорӣ дар ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузошт. Соли 1926 ба Тоҷикистон бо сардории акад. Н. И. Вавилов экспедитсияи махсуси олимони соҳаи боғдории АИ ИҶШС омад. Онҳо анвои дарахтони меваро омӯхта, меваҳои беҳтарин ва мавзеъҳои барои боғдорӣ мувофиқро дар китоби «Плодовые Среднего Таджикистана» (Л., 1935) гирд оварданд.
 
=== Боғдорӣ дар замони истиқлол ===
Сатри 13:
Вобаста ба шароити табиӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ навъҳои гуногуни мевагӣ, аз ҷумла, ангур, анор, анор, нок, себ, биҳӣ, муруд, гелос, олуча (олуболу), олу, зардолу, шафтолу, тут, чормағз, бодом, ва ғайра парвариш мешаванд. Ҳар яке аз ин меваҳо боз навъу намудҳои худро дошта, нигоҳубини махсусро талаб менамоянд.
Ниҳоли дарахтонро бо роҳҳои пайвандкунӣ, қаламча ва зери хок кардани донак зиёд мекунанд. Пайванд кардани ниҳолҳо яке аз усулҳои қадимаи афзоиши дарахтони мевадор буда, навъҳои зерин дорад: нойчапайванд, қаламчапайванд, кундапайванд, исканапайванд, баргпайванд, пўстпайванд ва ширпайванд.
Ба парвариш ва нигоҳубини боғ корҳои обёрӣ, шохчабурӣ дар охири зимистон ва ибтидои баҳор, нармгардонии бехи дарахтон, порудиҳӣ, сафед кардани кундаҳои дарахтон ва ғайра дохил мешаванд. Вобаста ба табиат ва иқлими ҳаво дар фасли зимистон танаи баъзе дарахтони гармидўст, масалан, анор, анҷир, хурмо ва чанде дигарро бо хасу матоъҳои куҳна мепечонанд, то ки сармо таъсир нарасонад. Бо ҳамин мақсад кундаву танаи ниҳоли анор ва баъзе токҳоро дар хок гўр мекунад.<ref> name="ReferenceA">Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 18 - 22.</ref>
Дар боғоти навбунёди ҷумҳурӣ баробари навъҳои маҳаллӣ парвариши навъҳои дарахтони меваи дигар кишварҳо низ ба роҳ монда шуд. Имрӯз дар хоҷагиҳои боғдории Тоҷикистон зиёда аз 75 навъи дарахтони меваю ғуҷуммева парвариш меёбад. Дар водиҳо анвои пешпазаки гелос ва шоҳтути заминиро охири апрел – аввали май, ангур, зардолу, шафтолу, себ, нок ва анҷирро июн – июл, навъҳои дерпази себ, нок, биҳӣ, анор, ангур ва лимуро охири сентябр – октябр ҷамъоварӣ карда, бисёр вақт то моҳи апрел – май нигоҳ медоранд.
Сатри 37:
Дарахт ва меваи тут дар рӯзгори тоҷикон аҳамияти махсус дорад. Аз чӯби он, ки сахту вазнин мебошад, устоҳо табақу чумча, баъзе созҳои тории мусиқӣ ва ғайра месозанд. Барги тут ҳамчун ғизои асосии кирмаки абрешим дар соҳаи кирмакпарварӣ истифодаи васеъ дорад. Аз меваи он тутмавиз, талқон ва ширинӣ тайёр мекунанд. Дар навоҳии кӯҳии вилояти Суғд навъҳои тути балхӣ, бедона, биринҷӣ, кулолӣ, марворид, морпечак, рахш, фалғарӣ ва ғайра, дар маҷмӯъ 20 навъ, парвариш меёбад.
Дар деҳаҳои Дарвоз тут яке аз меваҳои асосии мардум маҳсуб буд. Дар ҳамаи рустоҳо навъҳои гуногуни тут парвариш мешаванд. Тутҳои беҳтарин ва машҳури Дарвоз: бедона, ревичӣ, бедонаи сурхак, музаффарӣ, сафедак, рахшак, шехӣ, шурак, малбед, шаҳтут, зиғарӣ, сангевнӣ ва чанде дигар мебошанд. Дар айёми тутпаз мардум зери дарахтони тутро рӯфта, ҳамвор мекунанд. Дар аввал меваҳои хомпаз ва бемазаи он меафтанд, ки онро «хастут» меноманд. Хастутро барои хӯроки гову хар медиҳанд. Вақте ки тутҳо пухтанд, дар зери дарахтон чодар паҳн мекунанд ва болои дарахт баромад, меафшонанд. Сипас дар сабадҳо тутҳоро чида, мехушконанд ва тутмавиз ё тути қоқ тайёр мекунанд. Тутҳои хушкро дар санги ҷувозак ё осиёб орд карда, талқон омода месозанд, ки он «тутпист» ном дорад. Тутпист ё орди тутро дар охурҳои махсус – хамба ё кулӣ нигаҳ медоранд. Он дар намӣ зуд сахт мешавад ва шахшудаашро бо табару теша пора мекунанд. Аз тутпист ширинӣ ва ҳалво тайёр мекунанд, ба баъзе таомҳо ҳамроҳ менамоянд ва инчунин дар ҳамон шакли кӯбидааш бо чой истеъмол мекунанд.
Чормағз дар меваҳои мағздор мавқеи махсусро ишғол менамояд. Дар боғҳо ва дашту теппаҳои Суғд ва водии Ҳисор навъҳои қоғатӣ, ғалберак, курак, мағзӣ, кокоӣ, каппа (калон-калон), нахкала ва чанде дигар маъмулу машҳуранд. Аз мағзи чормағз равған мегиранд ва аз пӯсти сабзи меваи он рангҳои сиёҳу қаҳваӣ тайёр мекарданд. Аз чӯби дарахти чормағз устоҳо кундаи ҷувоз, испори ҷуфтронӣ, табақи чӯбин ва ғайра месозанд.<ref> Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 18 - 22.<name="ReferenceA"/ref>
 
Маҳсулоти боғдорӣ – мева, ғуҷуммева ва мағз ба миқдори зиёд қанд, равған, моддаҳои минералию хушбӯй, витаминҳои С, В, В1, В2, В3, В6, Р, РР, Е ва ғайраро дорад. Инсон зиёда аз 81 унсури кимиёии барои организм заруриро ба воситаи меваҳо мегирад. Меваю мағз ғизои шифобахш ва манбаи ашёи хоми саноати хӯрокворӣ, қанноди ву дорусозӣ мебошанд. Бисёр меваҳоро чун парҳезона ба беморон медиҳанд, аз ғуҷуммева, мева ва мағзи онҳо мураббо, полуда ва хушоб пухта, қандалоту шарбатҳои хушаҳртаъм тайёр мекунанд. Бисёр дарахтони мева барои сабзкории хиёбонҳои шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин истифода мешаванд. Аз шаҳди гули онҳо занбӯр асали хушсифат ҳосил менамояд. <ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.637-639 / С. Гулов, Ф. Ӯрунов.
</ref>
 
Сатри 57:
* Гулов С. М. Меваҳои гармидӯсти То ҷикистон. Д., 2008;
* Ӯрунов Ф. У. Ниҳолпарварӣ. Д., 2008;
* Гулов С. М., Ӯрунов Ф. У. Бунёд ва нигоҳубини боғҳо дар Тоҷикистон. Д., 2010.
 
== Манбаъ ==