Варақсангҳои сӯзанда: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
Сатри 1:
[[Акс:Oilshale.jpg|thumb|Варақсанги сӯзанда]]
'''[[Варақсангҳо|Варақсангҳо́и]] сӯзанда́''' — [[Санг|сангҳоисанг]]ҳои русубии таркибашон карбонатӣ-гилӣ, гилӣ ё силитсиумӣ, ки 10–50%, баъзан то 60% [[Моддаҳои органикӣ|моддаи органикӣ]] (керогенӣ)-и тавъам бо [[маводди минералӣ]] таҳшиншуда доранд.
 
== Тавсифот ==
Рангашон сиёҳтоб, сиёҳи зардтоб, хокистарӣ-зайтунӣ. Ба варақаҳои тунук ҷудо мешаванд. Баъзан каустоболитҳои сахти серхокистари дорои моддаҳои органикии пайдоишашон гуногунро низ варақсангҳои сӯзанда меноманд.
 
=== Таркиб ===
Сатри 9:
 
=== Навъҳо ===
Варақсангҳои сӯзандаро вобаста ба таносуби миқдори обсабзҳо ва гумус ба сапропелитӣ ва гумусӣ – сапропелитӣ ҷудо мекунанд. Варақсангҳои сӯзандаи сапропелитӣ аз варақсангҳои сӯзандаи гумусӣ – сапропелитӣ бо миқдори бештари ҳидрогенаш (8 – 10%) ва миқдори камтари кислотаҳои гуминиаш (0,5%) дар массаи органикӣ фарқ мекунад. Варақсангҳои сӯзандаи сапропелитӣ то 20–30% қатрон дошта, то 3500–4000 ккал/кг гармӣ медиҳанд, ки аз варақсангҳои сӯзандаи гумусӣ – сапропелитӣ хеле зиёд аст. Аз ҷиҳати пайдоиш варақсангҳои сӯзандаи баҳрӣ, кӯлӣ, толобӣ ва аз рӯи таркиб варақсангҳои сӯзандаи гилӣ, карбонатӣ ва силитсиумиро фарқ мекунанд.
 
== Пайдоиш ==
Моддаи ибтидоии варақсангҳои сӯзанда, ки асосан аз боқимондаи набототи планктонии содатаринҳо, миқдори ками зоопланктон ва қисмҳои набототи қаърӣ иборат аст, дар соҳилҳои начандон жарфи баҳрҳои шӯр ва газнокиашон муътадил ва кӯлҳо ба вуҷуд меояд. Варақсангҳои сӯзанда дар таркиби ҳамаи таҳнишастҳои давраҳои геологӣ – аз кембрий то неоген дучор меоянд ва масоҳати калон (садҳо, ҳатто ҳазорҳо км2)-ро ишғол мекунанд. Дар кишварҳои Назди Балтика, Белорусия, Украина, Ёқутистон, Ӯзбекистон ва диг. ҷойҳо захираҳои бузурги варақсангҳои сӯзанда мавҷуд аст.
 
=== Захира ===
Сатри 32:
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ||1}}
 
{{Пайвандҳои беруна}}