Зоҳир Аҳрорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
Сатри 31:
 
== Зиндагинома ==
Хатмкардаи УДТ (1953). Ассистенти кафедраи адабиёти тоҷики УДТ (1953–55) — Х. к. илмии Институти илмӣ-таҳқиқотии Вазорати маорифи Тоҷикистон (1955–56) — ходими илмии ИЗА АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1956–58). Аз соли 1958 то охири умр дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то охири соли 2010 Шуъбаи шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дошт, аз вазифаи ходими илмӣ сар карда, то мудири шуъба кор кардааст.
 
== Фаъолияти илмӣ ==
Ба қалами Аҳрорӣ беш аз 100 монографияву рисола, мақолаҳои илмӣ, мақолаҳои публитсистӣ ва ғайра тааллуқ доранд. Вай ҳаёт ва эҷодиёти шоири маъруф Абдурраҳмони Мушфиқиро омӯхта, дар борааш рисолаи номзадӣ навишт ва осори ӯро ба шакли китоби алоҳида дастраси хонандагон намуд. Аҳрорӣ яке аз таҳиягарони матни интиқодии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (дар 9 ҷилд) мебошад, ки аз соли 1964 сар карда то соли 2009 се бор ба табъ расидааст. Ҳамроҳи Рауфзода ва К. Айнӣ «Фарҳанги мухтасари «Шоҳнома» ва «Андарзнома»-и Фирдавсиро таҳия ва мунташир намудааст. Ба қатори осори таҳиянамудаи Аҳрорӣ ду ҷилд ғазалиёт, маснавиҳои «Юсуф ва Зулайхо», «Сабҳат-ул-аброр», «Саломон ва Абсол»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, «Муш ва Гурба»-и Шайх Баҳоӣ, «Осори мунтахаби Соиб» (ҳамроҳи Лоиқ Шералӣ) ва ғайра дохил мешаванд. Силсилаи пажӯҳишҳои Аҳрорӣ доир ба адабиёти Эрон дар 3 ҷилд китоби «Адабиёти Эрон дар қарни XVIII» (2006–2007) фароҳам омадаанд.
 
== Мукофоту ҷоизаҳо ==
Сатри 46:
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ||1}}
 
 
[[Гурӯҳ:Олимони Тоҷикистон]]