Ноҳияи Ваҳдат: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
Сатри 81:
 
== Мавқеи ҷуғрофӣ ==
Аз ҷануб бо [[Ноҳияи Ёвон|ноҳияҳои Ёвону]] [[Ноҳияи Норак|Норак]], аз шимол бо [[Ноҳияи Айнӣ|ноҳияи Айнӣ]], аз шарқ бо [[Ноҳияи Файзобод|ноҳияҳои Файзободу]] [[Ноҳияи Нуробод|Нуробод]], аз ғарб бо [[Ноҳияи Рӯдакӣ|ноҳияи Рӯдакӣ]] ҳамсарҳад аст. Аз маркази шаҳр то [[Душанбе|шаҳри Душанбе]] 15 км. Масоҳаташ 3,7 ҳазор км2.
 
== Аҳолӣ ==
Сатри 106:
 
== Иқлим ==
Иқлими Ваҳдат вобаста ба баландӣ тағйир меёбад: то баландии 1500 м – тобистон гарм, зимистонаш начандон хунук (ҳарорати миёнаи июл 20–25ºС, январ аз 0 то –5ºС; боришоти солона 700–900 мм); дар баландиҳои 1500–3000 м тобистон салқин, зимистон хунук (ҳарорати миёнаи июл 10–20ºС, январ аз –5 то –15ºС аст; боришоти солона 900–1200 мм); аз 3000 м боло иқлими хунук ҳукмфармост (ҳарорати миёнаи июл аз 10ºС пасттар). Миқдори боришоти солона 700–900 мм. Ваҳдат дарёи бисёр дорад. Калонтарин дарёҳо Кофарниҳон ва шохоби он Элок ба шумор мераванд. Дарёи Кофарниҳон аз ғарби шаҳр ҷорӣ гашта, онро дарёчаи кӯҳии Ромит ва дигар дарёчаву чашмаҳои сершумор, ки аз пиряхҳои бузург маҷро мегиранд, сероб гардондаанд. Хоки водӣ ва доманакӯҳҳо хокистарранги муқаррарӣ, хокистарранги тира, хоки кӯҳҳо – ҷигарранг.
 
== Наботот ==
Сатри 112:
 
== Ҳайвонот ==
Олами ҳайво­ноташ низ гуногун аст. Аз сумдорҳо нахчир, муфлон, гуроз, аз дарандаҳо хирс, паланг, гург, шағол, рӯ­боҳ, қоқум, савсор, вашақ, қашқалдоқ, аз хояндаҳо суғур, заргӯш, ҷайра, хорпушт, мири мушон, кӯрмуш, аз хазан­да­ҳо калтакалос ва ҳар гуна морҳо (кубро, мори чипор, гурза), аз парандаҳо кабк, мурғи ҳилол, уқоб, мурғи ҳумо, заргулдор, дурроҷ ва ғайра вомехӯранд. Дар дарёҳояш гулмоҳӣ ва ширмоҳӣ мавҷуданд. Дар ҳавзаи дҳои Сорбою Сардаи Миёна (саргаҳи Кофарниҳон) мамнӯъгоҳи Ромит воқеъ гаштааст, ки дар ин ҷо манзараҳои табиӣ ва баъзе намуди ҳайвонҳои ваҳшӣ ҳифз карда мешаванд. Дар Ваҳдат моҳипарварӣ равнақ дошта, гулмоҳӣ, амурмоҳии сафед, суфмоҳӣ ва зағорамоҳӣ парвариш карда мешаванд. Соли 2013 дар хоҷагиҳои моҳипарварии Ваҳдат (ҶММ «Форел», ҶСП «Аква–Порс», ҶММ «Зафари Ориф», ҶММ «Ирам–Азия», хоҷагиҳои деҳқонии «Бобоҷон», «Са­мадов», «Фозилов», «Расулов Мустафо») 23,3 т моҳӣ истеҳсол шудааст.
 
== Роҳҳо ==
[[Акс:Ваҳдат. Сохтмони роҳ.tif|alt=Ваҳдат. Сохтмони роҳ|left|thumb|Ваҳдат. Сохтмони роҳ]]
Ваҳдат бо шаҳри Душанбе тариқи роҳи автомобилгард мепайвандад. Роҳ­ҳои автомобилгарди Душанбе – Нуробод – Рашт – Ҷиргатол, Душанбе – Норак – Кӯлоб – Хоруғ аз Ваҳдат мегузаранд.
 
== Кишоварзӣ ==
Сатри 129:
Дар Ваҳдат ба варзиш низ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Варзишгоҳ, маҷмааи варзишӣ, 153 майдончаи оммавии варзишӣ, 29 толори варзиш, 2 ҳавзи шиноварӣ ( аз ҷумла 1 ҳавзи шиноварии пӯшида) дорад. Дар Ваҳдат мураббиён, аз ҷумла, 2 Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, 4 Устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, 15 Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 33 номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 мураббии хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд. 2 Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, 8 Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27 номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 52 нафар соҳиби унвони дараҷаи якуми варзиши Ҷумҳурии То­ҷикистон дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолият доранд.
== Маориф ==
Соли хониши 2013–14 дар шаҳри Ваҳдат 17 муассисаи томактабӣ, [[Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат|Коллеҷи омор]], Омӯзишгоҳи тиббӣ, Литсейи касбҳои техникӣ, 147 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 90 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 34 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 19 мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ, Литсейи талабагони лаёқатманди ба номи Балъамӣ, мактаб-гимназияи ба номи Темур Собир, мактаб-интернати «Дӯстӣ», мактаби нобиноён, мактаби шабона, мактаби хусусӣ, маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон амал мекард, ки дар он 61076 нафар талабагон таҳсил мекард ва ба онҳо 2960 омӯзгор, 1896 нафар бо маълумоти олӣ, 114 нафар олии нопурра, 688 нафар миёнаи махсус, 262 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ таълим медоданд.
 
== Тандурустӣ ==
Дар Ваҳдат 121 муассисаи тандурустӣ (сохтори госпи­та­лӣ), аз ҷумла беморхонаи марказӣ (бо 16 шуъба), маркази ҷарроҳӣ, 6 беморхонаи минтақавӣ, маркази ёрии аввалияи тиббӣ-санитарӣ, аз ҷумла, маркази саломатии шаҳрӣ, филиали маркази саломатии шаҳрӣ, 30 маркази саломатии деҳотӣ, 79 бунгоҳи саломатии деҳотӣ, маркази солимии насловарӣ, Беморхонаи ҷумҳурия­вии сил, Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ, Маркази эмгузаронӣ, Маркази пешгирӣ ва мубориза алайҳи ВИЧ (СПИД), Маркази назорати давлатии беҳдошт (санитарию эпидемиологӣ), Маркази байниноҳиявии экспертизаи тиббию судӣ, Маркази стоматологӣ, 18 дорухона мавҷуд буда, дар он 336 табиби маълумоти олидор, 956 нафар корманди миёнаи тиббӣ, 543 нафар фаррош ва корманди хоҷагӣ хидмат мерасонанд.
 
== Муассисаҳои динӣ ==
Дар Ваҳдат 159 ташкилоти динӣ, аз ҷумла 25 масҷиди ҷомеъ, 130 масҷиди панҷвақта ва мадраса, 4 ташкилоти ғайриисломӣ (калисои масеҳиён, калисои Ҳавориёни Нав (новоапостолские), ҷамъияти динии миссионерии «Грейс Сон Мин», маҳфили рӯҳонии маҳаллии «Баҳоиён») амал мекунад.
 
== Рӯзномаҳо ==
Дар Ваҳдат рӯзномаи шаҳрӣ – «Шаҳриёр», маҷаллаи шаҳрии бонувон – «Бахтофарони Ваҳдат», рӯзномаи соҳавии «Шамъи ирфон» фаъолият доранд.
 
== Адибон ==
Сатри 165:
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ||1}}
 
{{Ноҳияи Ваҳдат}}
{{Тақсимоти маъмурии Тоҷикистон|state=collapsed}}
 
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ]]