Колбадшиносӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
Сатри 6:
 
=== Таърих ===
Маълумоти нахустин роҷеъ ба анатомияи одам дар асарҳои олимони қадим [[Арасту]], [[Буқрот]], [[Закариёи Розӣ]], [[Абуалии Сино]], [[Ибни Рушд]] ва дигарон мавҷуданд. Равнақи натомия дар Шарқ бештар ба фаъолияти эҷодии Абуалии Сино вобаста аст. Асарҳои безаволи ӯ оид ба анатомияи одам солҳои зиёд сарчашмаи асосии маълумоти ин соҳа буданд. Дар «Қонуни тиб»-и Шайхурраис дар робита ба анатомияи одам мавзӯъҳои ҷолиб ҷой дода шудаанд.
 
=== Омӯзиш ===
Омӯзиши анатомияи организми одам аз тавсифи муттасилу дақиқи намуди берунӣ ва сохти дарунии узвҳо дар ҳолати мӯътадилӣ иборат аст. Барои осон гардондани омӯзиши сохти бадан узвҳоро мувофиқи сохт, амал ва инкишоф муттаҳид намуда, дар бораи онҳо маълумот медиҳанд (анатомияи таснифӣ).
 
=== Фаслҳои анатомия ===
Сатри 22:
*эстезиология — таълимот оид ба узвҳои эҳсос.
 
Он боби анатомияро, ки тағйироти шакл ва сохти узвҳоро роҷеъ ба ҳар гуна давраҳои ҳаёти одам меомӯзад, анатомияи синну сол меноманд (ба ин фасл анатомияи кӯдак ҳам дохил мешавад).
 
Анатомияи пластикӣ (тармимӣ) таълимот оид ба сохти берунии бадан ва таносубҳои он буда, аҳамияти калони амалӣ дорад.
Сатри 43:
Ҳуҷайраи рустанӣ аз лифофа, протопласт (ситоплазма, ядро, пластидҳо, митохондрияҳо) ва маҳсули фаъолияти он (моддаҳои захиравӣ, қатрон, равғанҳои эфирӣ ва ғ.) иборат аст. Мавзӯи асосии омӯзиши анатомияи рустанӣ узвҳои нашви (поя, реша ва шоху барг)-и дарахтон (аз ҷумла дарахтони мева ва ток) ва гулу меваи онҳо мебошад.
 
Анатомияи рустанӣ ба морфология, физиология ва эмбриологияи рустанӣ сахт марбут буда, аз фаслҳои анатомияи физиологӣ, экологӣ, патологӣ ва муқоисавии рустанӣ иборат аст. Анатомияи физиологии рустанӣ алоқаи байни сохт ва ҷараёнҳои дар онҳо рухдиҳанда, анатомияи экологии рустанӣ ба сохти рустанӣ таъсир кардани шароити муҳит ва инкишоф, анатомияи патологии рустанӣ ба сохти рустанӣ таъсир кардани унсурҳои касалиовари биологӣ, химиявӣ ва физикӣ, анатомияи муқоисавии рустанӣ намуд, авлод, оила ва ғ-ро ба тарзи қиёс тадқиқ мекунад. Анатомияи таҷрибавии рустанӣ асосан ба таҷрибаҳои агротехникӣ вобастагӣ дорад. Усули асосии омӯзиши сохти дарунии рустанӣ тайёр намудан ва бо микроскоп дидани қабати тунук буридаи узви рустанӣ мебошад. Усулҳои дигари тадқиқот низ вуҷуд доранд (мас., люминессентӣ, поляризатсионӣ, электронӣ, гистохимиявӣ, таҳлили ренгеноструктуравӣ ва ғ.). Тадқиқоти анатомӣ имконият фароҳам меоваранд, ки бисёр сифатҳои пурқимати дарахтони мева ошкор гарданд, масъалаи механизатсияи боғу токзор ва ниҳолхонаҳо роҳи ҳалли худро ёбад (мас., пайвандкунии мошинӣ, бо мошин буридани току навдаи дарахтон, бо комбайн ғундоштани ҳосил ва ғ.), усулҳои ташхиси сармобардорӣ, устуворӣ ба зараррасону касалиҳо дарёфт шаванд.
 
== Анатомияи эътилолӣ ==
Анатомияи эътилолӣ, морфологияи эътилолӣ - илмест, ки асосҳои морфологии бемориҳои одам ва ҳайвонотро меомӯзад. Мавзӯи тадқиқи анатомияи эътилолӣ тағйироти макроскопӣ ва микроскопӣ дар узву бофтаҳо мебошад. Анатомияи эътилолӣ умумӣ (морфологияи бемориҳо, мас., ихтилоли гардиши хун, мубодилаи моддаҳо, илтиҳоб, омосҳоро меомӯзад) ва ҷузъӣ (морфологияи бемориҳои алоҳидаро тадқиқ мекунад) мешавад. Усули асосие, ки ҳангоми анатомияи эътилолии одам истифода мебаранд, чок кардани ҷасад аст. Ин имкон медиҳад, ки беморӣ аз нигоҳи клиникию морфологӣ таҳлил ва ноқисиҳои ташхису муолиҷа муқаррар карда шаванд. Узву бофтаҳои ҳангоми ҷарроҳӣ бурида гирифта ва маводи [[Биопсия|биопсияробиопсия]]ро низ аз ҷиҳати патологоанатомӣ месанҷанд. Бинобар тараққӣ кардани техникии тиббӣ ва илми ҷарроҳӣ узву бофтае нест, ки мавриди чунин санҷиш қарор нагирад. Дар натиҷаи тадқиқи маводи биопсия анатомияи эътилолии одами зинда низ ба вуҷуд оварда шудааст. Дар тадқиқоти патологоанатомӣ аз усулҳои санҷиши микроскопӣ (люминессентӣ, рӯшноигӣ, электронӣ, ситологӣ, гистологӣ, гистохимиявӣ, морфометрӣ ва ғ.) фаровон истифода мебаранд. Анатомияи эътилолӣ дар робита бо физиологияи эътилолӣ масъалаҳои асосии патологияи умумӣ ва ҷузъиро ҳаллу фасл менамояд.
 
=== Омӯзиш дар Тоҷикистон ===
Сатри 54:
* [[Морфологияи ҳайвонот]]
* [[Морфологияи рустанӣ]]
 
 
== Эзоҳ ==
Line 81 ⟶ 80:
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ||1}}
 
{{Бахшҳои биология}}