Имороти Муттаҳидаи Арабӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
Сатри 45:
 
== Табиат ==
Ҳудуди АМА аз ҳамвориҳои паст, кӯҳҳои начандон баланд (то 1127 м, дар шарқ) ва рифҳои марҷонӣ (қад-қади соҳилҳои Халиҷи Форс) иборат аст.
 
=== Наботот ===
Бештари ҳудуди АМА биёбон буда, дар ҷануб ва қисми ҷанубу шарқии мамлакат ду воҳаи бузурги сердолударахт мавҷуд аст, ки дар онҳо хурмо, ангур, лиму, норҷил, ақоқиё, буттаҳои тамариск мерӯянд.
 
=== Ҳайвонот ===
Аз ҳайвонот харгӯш, оҳу, қашқалдоқ, мор ва калтакалос мавҷуданд.
 
=== Иқлим ===
Сатри 66:
 
== Маориф ==
Таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ройгон ва то синфи 9 аст. Масъалаи ҷалби духтарон ба таҳсил даҳсолаи охир ба сатҳи зарурӣ расидааст. Солҳои охир дар таълим усулҳои пешқадам, методикаи таълимию таҳсилии Ғарб ҷорӣ шуда истодааст. Ҳоло ба омӯзиши забони англисӣ, ки пештар аҳамият намедоданд, бештар диққат медиҳанд. Барномаи «Муаллими асри 21» тайёр кардани 10 ҳазор омӯзгори сифатан нав ва ҷавобгӯи талаботи замонро (то с. 2020) дар назар дорад. Таҳсили фарзандони хориҷиён дар мактабҳои давлатӣ ва хусусӣ пулакӣ аст. Дар АМА маълумоти олӣ дар ҳамдастӣ бо кишварҳои дигар, дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои машҳур роҳандозӣ шудааст. Дар Донишгоҳи АМА (с. таъсисаш 1976, Абузабӣ), 4 коллеҷи олии техникӣ (1988), Донишгоҳи тиббии халиҷ (1998, Аҷман), Донишгоҳи занона (1988, кампусҳо — шаҳракҳои иқоматиаш дар Абузабӣ ва Дубай), дар шӯъбаҳои Донишгоҳи технологии Ротчестер (Дубай), Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон (Раъс-ул-Хайма), Донишгоҳи Сорбонна намояндагони миллатҳои гуногун таҳсил мекунанд. Маҷмааи бузурги таълимӣ — шаҳраки донишҷӯён [[En:Dubai Knowledge Village|Dubai Knowledqe Vilage]], ки соли 2003 ба истифода дода шудааст, шӯъбаҳои 16 донишгоҳи кишварҳои хориҷӣ (аз ҷумла Донишгоҳи инженерию иқтисодии Санкт-Петербург, Донишгоҳи Маҳатма Гандӣ, Манчестер Бузинес Скул), марказҳои таълимӣ, маркази таълимии электронӣ, марказҳои тадқиқоти илмӣ, хобгоҳҳо ва ғ.-ро муттаҳид кардааст. Китобхонаҳо бештар дар назди муассисаҳои маълумоти олӣ ва марказҳои илмию тадқиқотӣ фаъолият доранд. Китобхонаи марказии ба номи Зоид, китобхонаҳои «Мақом» (барои занон) ва «Фалаҷ» (барои мардон) дорои маводи ғанӣ, махсусан мавод дар мавзӯи илмҳои иҷтимоӣ мебошанд.
 
== Матбуот, радио, телевизон ==
Сатри 90:
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ||1}}
 
{{пайвандҳои беруна}}
Сатри 96:
 
[[Гурӯҳ:Амороти Муттаҳидаи Араб]]
 
[[en:Dubai Knowledge Village|Dubai Knowledqe Vilage]]