Шиҳобуддин Умари Суҳравардӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
Сатри 31:
 
== Зиндагинома ==
Дар Бағдод назди амакаш Абдулқодири Суҳравардӣ улуми расмию шаръиро аз худ карда, сипас ба тасаввуф гароид. Аз Абдулқодири Гелонӣ улуми динӣ, махсусан фиқҳро омӯхт. Дар Басра муддате иқомат дошт. Сипас ба Бағдод омада, ба ваъзгӯӣ машғул шуд. Абулҳафси Суҳравардиро халифа Носируддин борҳо ҳамчун намояндаи худ ба дарбори салтанатии Руму Шом ва Хоразму Балх фиристодааст. Дар ин сафарҳояш ӯ бо Ибни Фориз, Ибни Арабӣ, Наҷмуддини Розӣ ва Саъдии Шерозӣ сӯҳбат оростааст.
 
== Осор ==
Абулҳафси Суҳравардӣ асарҳои бисёре навиштааст, ки мутаассифона ҳамаи онҳо то замони мо нарасидаанд. Аз осори боқимондаи ӯ «Футуватнома», «Рашф-ул-насоеҳ-ул-имония фӣ кашф-ил-фазоеҳ-ил-юнония», «Рисолат-ус-сайр ва т-тайр», «Иршод-ул-уриддин», «Ҷазб-ул-қулуб ило мавосилот-ил-махсус» ва ғайраро ном бурдан мумкин аст. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо «Рашф-ул-насоеҳ-ул-имония фӣ кашф-ил-фазоеҳ-ил-юнония» аз рӯи мазмуну мундариҷааш ба «Таҳофут-ул-фалосифа»-и Ғазолӣ ва «Масореъ-ул-фалосифа»-и Шаҳристонӣ монанд аст. Абулҳафси Суҳравардӣ ба забони форсию арабӣ низ шеър гуфтааст. Ақидаҳои суфиёнаи худро ӯ дар асари машҳураш «Авориф-ул-маориф» баён кардааст.
 
 
== Эзоҳ ==
Line 41 ⟶ 40:
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ||1}}