Акклиматизатсия: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
Сатри 2:
 
== Акклиматизатсияи одам ==
Акклимантизатсияи одам яке аз шаклҳои мутобиқат буда, боиси тағйироти ҷараёни мубодила ва дигаргуниҳои вазифавии организм мегардад. Қобилияти акклимантизатсия шудан дар ҷараёни инкишофи ҳаёт дар рӯи [[Замин]] ба вуҷуд омада, бо минтақаҳои гуногуни иқлимӣ ва тағйироти даврии иқлим зич вобаста аст. Акклимантизатсияро омилҳои муҳити табиӣ ба вуҷуд меоваранд, ки аз шароити маҳали пештара хеле фарқ мекунанд, масалан, ҳарорати баланд ва паст, сернамӣ, хушкӣ, афканишоти ултрабунафши кам ё барзиёд, фишори атмосферии паст ё баланд ва ғайра. Айёми ба шароити нави иқлимию географӣ одат кардани инсон, ғайр аз равандҳои биологӣ, ҳамчунин омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ (шароити меҳнат ва маишат, сифати хӯрок, либос, истиқоматгоҳ ва ғайра) аҳамияти калон доранд. Одамони солим акклимантизатсияро нисбатан осон мегузаронанд. Акклимантизатсия ва мутобиқат дар шароити душвори табиӣ, масалан, дар [[Шимол|Шимоли]]и Ақсо, [[Антарктида]], ки мумкин аст баъзе носозгориҳои фаъолиятиро ба вуҷуд оваранд, бошиддат мегузарад. Ҳангоми кор дар ҳавои кушод мубодилаи моддаҳо меафзояд. Дар вақти хунукии сахт ва шамол мумкин аст фишори хун паст шуда, нафаскашӣ душвор гардад, яъне ба истилоҳ нафастангии қутбӣ ба вуҷуд ояд. Дар давраи одат кардан ба иқлими гарм имкон дорад, ки иштиҳо гум, фаъолияти рӯдаҳо носоз, хоб нохуш ва дараҷаи муқобилати организм ба бемориҳои сироятӣ паст шавад. Баробари афзудани намии ҳаво механизмҳои мутобиқат ҳам бошиддат кор мекунанд. Дар иқлими экватории бешаҳои сернами тропикӣ Акклимантизатсия барои инсон мушкилтар аст. Аз ҳад зиёд тафсидани тан боиси гармозанӣ ва лоғарӣ мешавад. Бо мурури вақт одам ба ҳарорат ва намӣ тобовар шуда, мубодилаи моддаҳо ва дигар фаъолиятҳои организм мӯътадил мегарданд. Дар шароити баландкӯҳҳо манзили нав ҳар қадар аз сатҳи баҳр баланд ҷойгир бошад, акклимантизатсия ҳамон қадар душвор мегузарад. Дар рафти акклимантизатсия фаъолияти организм тадриҷан устувор гашта, ба меъёри сокинони доимии кӯҳистон мерасад, вале суръати кашишхӯрии дил гардиши хун қадре суст, дараҷаи мубодилаи моддаҳои асосӣ паст мешавад. Баҳри безарар гаштани Акклимантизатсия вазъи саломатии одам пешакӣ муайян ва номгӯи бемориҳое, ки барои дар ин ё он шароити иқлим зистан имкон намедиҳанд, муқаррар карда мешавад. Ҳамчунин сохтмони маҳалҳои аҳолинишин ва манзил бо назардошти хусусиятҳои иқлим, таъмини аҳолӣ бо либоси мувофиқ, ташкили дурусти тағзия ва низоми обнӯшӣ, пешгирӣ намудани оқибатҳои норасоӣ ё барзиёдии радиатсияи ултрабунафш, риояи низоми мутобиқи меҳнат, маишат ва истироҳат аҳамияти калон дорад.
 
== Акклиматизатсияи растанӣ ==
Сатри 20:
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ||1}}
 
[[Гурӯҳ:Акклиматизатсия]]