Акустика: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
Сатри 1:
'''Аку́стика''' (аз {{lang-el|ἀκούω}} (аку́о) — шунавоӣ) — фасли физика, ки ҳодисаҳои пайдоиш, паҳншавӣ, фурӯбарӣ ва инъикоси садоро дар газ, моеъ ва ҷисмҳои сахт, инчунин алоқамандии онҳоро бо ҳодисаҳои дигари физикӣ меомӯзад.
 
== Таърих ==
Истилоҳи акустикаро бори аввал олими франсавӣ Жозеф Савёр истифода намудааст (1701). Қонунҳои паҳншавӣ ва инъикоси садо аз замони Уқлидус маълуманд. Дар асри 17 вобастагии байни баландии лаҳн (тон) ва адади лаппиш муайян карда шуд. Г. Галилей ва М. Мерсенн (1588 – 1648) паҳншавии мавҷҳои садоро дар ҳаво шарҳ доданд ва бори аввал суръати паҳншавии садоро чен карданд. Торичеллӣ дар вакуум (фазои беҳаво) паҳн шудани садоро исбот намуд. Акустика аз охири асри 17 то аввали асри 20 чун фасли механика дар асоси механикаи И. Ниютон тараққӣ кард. Ҷ. Рэлей бо асари худ «Назарияи садо» (1877) ба инкишофи акустикаи классикӣ асос гузошт.
 
== Самтҳои асосии акустикаи муосир ==
Акустикаи муосир ба акустикаи умумӣ, акустикаи молекулавӣ, акустикаи физиологӣ, акустикаи мусиқӣ, электроакустика, гидроакустика, акустикаи атмосфера, акустикаи ҳарбӣ, акустикаи меъморӣ ва бинокорӣ ҷудо мешавад.
 
=== Акустикаи умумӣ ===
Акустикаи умумӣ назария ва амалияи қонунҳои пайдоиш, паҳншавӣ, фурӯбарӣ ва қабули мавҷҳои садо, инчунин усулҳои ченкунии акустикиро меомӯзад. Барои ҳосил шудани садои бардавом такрори сершумори лаппиш лозим аст, ки бо роҳи бо энергия мунтазам таъмин намудани манбаи лаппиш ба амал меояд. Лаппиш бо амплитуда, адад, давр ва шакли лаппиш тавсиф дода мешавад. Мавҷи садоро бо дарозиии мавҷ, суръати паҳншавӣ ва энергияи он муайян мекунанд.
 
=== Акустикаи молекулавӣ ===
Акустикаи молекулавӣ таъсири сохти молекулавии моддаро бо паҳншавӣ ва дисперсияи ултрасадо дар газҳо, моеъҳо ва ҷисмҳои сахт меомӯзад. Ултрасадо на фақат воситаи тадқиқот, балки аслиҳаи тавонои таъсир ба модда низ ҳисоб меёбад. Г. Гелмголс (1863) дар асоси назарияи резонаторҳо назарияи узви сомеаро чун аппарати шунавоӣ эҷод кард, ки минбаъд асоси акустикаи физиологӣ ва акустикаи мусиқӣ гардид.
 
=== Акустикаи физиологӣ ===
Сатри 25:
 
=== Акустикаи ҳарбӣ ===
Акустикаи ҳарбӣ, масъалаҳои бо ёрии садои аксшуда аниқ кардани мавқеи душман, самти парвози самолётҳо, вазъият ва суръати киштиҳои зериобӣ, масофаи онҳо аз нуқтаи мушоҳида, ҷой, вақт ва характери таркиш ва ғайраро дар бар мегирад. Аз ҷумла, радиолокатсия ва пеленгатсия дар кори ҳарбӣ васеъ татбиқ шудаанд. Феълан заврақҳои зериобӣ, самолётҳо, минаҳои акустикӣ бо ёрии ултрасадо идора карда мешаванд.
 
=== Акустикаи меъморӣ ===
Сатри 37:
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ||1}}
 
[[Гурӯҳ: Физика]]
[[Гурӯҳ:Акустика]]