Базморо (муассисаи ҳунарӣ): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
 
Сатри 1:
«'''Базморо'''» (номи расмӣ: ''Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо»'') - — муассисаи давлатии ҳунарӣ, ки [[Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон]] бо мақсади ҳалли саривақтии масъалаҳои созмондиҳию гузаронидани [[Консерт|консертҳо]], фестивалҳо, рӯзҳо ва даҳаҳои фарҳангӣ, ҳамчунин, танзими сафарҳои ҳунарӣ [[4 июл|4 июли]]и [[2002]] таъсис додааст.
 
== Сохтор ==
«Базморо» давомдиҳандаи кори «Тоҷикгосконсерт» буда, 5 шуъбаи идории марказӣ (консертӣ, фаъолияти сафарҳои ҳунарии хориҷӣ, реклама ва маркетинг, репертуар, ҳайати бадеию ҳунарпешагон), шуъбае дар вил. Суғд, намояндагиҳое дар вил. Хатлон, ВМКБ, оркестри симфонию ҷазӣ дорад. Дар «Базморо» аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳаи санъат шӯрои экспертӣ ташкил ёфтааст, ки савияи бадеию ташкилии сафарҳои ҳунариро муайян мекунад.
 
«Базморо» бо ансамблҳои рақсии «Лола», «Ҷаҳоноро», «Зебо», «Чаманоро», «Мижгона», гурӯҳҳои мусиқии «Авесто», «Дуэти Форам», «Шабнам», Оркестри симфонию ҷазии «Базморо», «Садои Хуҷанд» ҳамкорӣ дорад. Дар ташкилу баргузории чорабиниҳои муҳимми давлативу фарҳангӣ саҳми калон мегузорад.
 
== Самтҳои фаъолият ==
«Базморо» дар чор самт фаъолият мекунад:
 
* ташкилу баргузории фестивалҳо ва рӯзҳои фарҳангӣ