Фарқият байни намунаҳои "Кӯлоб"

2 bytes removed ,  2 сол пеш
no edit summary
(→‎Васоити ахбори омма: Ислоҳоти иттилоотҳои кӯҳна)
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сафолпораҳои ёфтшуда шаҳодати онанд, ки дар асрҳои VII-VIи пеш аз мелод дар ин ҷо ҳунари кулолгарӣ ба вижа кӯзагарӣ, ки усулан хоси мардумони шаҳранд, хело рушд карда буда аст. Ин бозёфти археологӣ аз мавҷудияти як шаҳри аз лиҳози фарҳангу маданият рушд карда дар ҳудуди имрӯзаи шаҳри Кӯлоб гувоҳ аст. Бозёфти қалъаи қадимае бо унвони «Қалъаи Кӯлоб» дар мавзеи имрӯзаи гузари «Чармгарон» яке аз шаҳрҳои қадимтарини [[Осиёи Марказӣ]] будани шаҳри Кӯлоб гувоҳ аст.
 
Соли 1991 таҳти роҳбарии узви вобастаи АИ ҶТ [[Юсуфшо ЯъқубовЁқубов]] дар акнофи [[қалъа]]и Кӯлоб ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа девори салтанати Кушониён, ки мансуб ба асрҳои 6-1- пеш аз мелод мебошад, ёфт гардид. Дар қабатҳои хоки мавзеи таҳқиқшуда, дар чуқурии 2-4 метр осори даврони ҳукмронии Юнону Бохтарро пайдо карданд, ки ба асрҳои 3-2-и пеш аз мелод рост меояд. Қабатҳои зисти Юнонӣ Бохтарӣ дар як нуқтаи дигари шаҳри Кӯлоб дар қалъаи Купчинор ва соҳили рости сангови Тебалай, ки аз паҳлӯи он мегузарад, ошкор карда шуданд. Дар ин ҷо дар буриши рости сангови Тебалай дар масоҳати 200 -300 метр қабатҳои замони Юнонӣ Бохтарӣ мушоҳида мешаванд. Дар қабатҳо сафолҳои ин давра пайдо карда шудаанд. Ҳамин тавр дар замони Юнонӣ Бохтарӣ шаҳр аз ду қалъа ва ду шаҳристон иборат буд. Қалъаи якум калонтар ва асосӣ буда, дар мавзеи Чармгарони Поён дар қисми ғарбии имрӯзаи шаҳр ҷойгир буд. Дар назди ин қалъа шаҳристон вуҷуд дошт. Ин шаҳристон чандон калон набуда, масоҳаташ 170х150 метрро ташкил мекард. Дар ин мавзеъ чашмаҳо бисёранд ва он барои зиндагӣ хело мувофиқ аст.
 
Дар ҳавлии хонаи 149, воқеъ дар кӯчаи якуми Май ёдгорие пайдо намуданд, ки ба замони [[Ҳахоманишиён]] (асри IV пеш аз мелод), замони Юнону Бохтарӣ ва давлатдории Кушониён мансуб мебошад.
1 566

edit