Вашгирд: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 11:
 
== Таърих ==
Дар баъзе сарчашмаҳои бостонӣ ҳамчун яке аз вилоятҳои Хуталон ном бурдаанд. Бино ба маълумоти солномаи чинии «Таншу» шаҳри У-ше-ке, яъне Вашгирд маркази вилояти Кумед буда, ба ҳудуди Хуталон медаромадааст. Воқеан, дар сарҳадди Вашгирд ва шаҳри Тамлиёти Хуталон пули сангине воқеъ буд, ки дар аҳди кишваркушоиҳои [[Искандари Мақдунӣ]] аз ҷониби таърихнигорони юнонӣ ёд шудааст. Масофаи байни Вашгирд ва пули сангин дурӯза роҳ буда, ҳамчун гузаргоҳ ба ҳудуди [[Хуталон]] хидмат мекард. Ҷуғрофиёдони араб Яъқубӣ низ Вашгирд-роВашгирдро дар асри 10 ҳамчун шаҳри Хатлон ёд намудааст. Вашгирд дар асри 9 яке аз шаҳрҳои канории қаламрави ислом буда, ба хазинаи арабҳо ҳазор дирҳам хироҷ месупоридааст. Беҳуда нест, ки таърихнигори асри 11 араб Самъонӣ дар бораи Вашгирд чунин навишта буд: ''«Мардум аз ҳама ҷо ба Вашгирд мешитобанд, зеро нархи наво дар ин ҷо бисёр паст мебошад. Дар он работҳо ва осори қадима зиёд аст. Ҷангҳое, ки дар аввали ислом дар ин ҷо шуда гузаштаанд, машҳуру маъруфанд ва онҳо дар китобҳо сабт гардидаанд»''. Ба ақидаи Самъонӣ дар ВашигрдВашгирд хатте вуҷуд дошт, ки марбути зардуштиён буд. Вашгирд Бартолд ин хатро ба алифбои санскритӣ ва даврони тасаллути бутпарастон мансуб медонад. Яъқубӣ Вашгирдро вилояти васеи сарҳаддӣ зикр карда, менависад, ки бо туркон ҳамҳудуд аст ва мардуми Вашгирд бо онҳо доимо дар ҷангу пархошанд. Бинобар ин дар ин вилоят 700 қалъаи мустаҳками ҳимоявӣ бунёд кардаанд. То имрӯз дар ноҳияи Файзобод мавзеъҳое бо номҳои Қалъаи Сангин, [[Қалъаи Дашт]], Қалъаи Сурх, Сарой ва дар ноҳияи Нуробод Қалъаи Пунбачӣ ёде аз он қалъаҳои бостонӣ меди­ҳанд. Яке аз шахсиятҳои машҳури Вашгирд [[Ҳотами Асам]] (фавт. 851–52851–852) буд, ки мақбараи ӯ бар дари работи Вашгирд ҷой дошт. Ҳоло дар мардумгоҳ мақбараи зебо сохтаанд.
 
Вашгирд аз соли 1992 яке аз ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Файзобод мебошад.
Сатри 22:
* Беленицкий А. М. Отчёт о работе Вахшского отряда в 1946 г.// Материалы и исследования по археологии СССР. №5. Москва–Ленинград; 1950;
* Бартольд В. Сочинения. Т. 1. Москва 1963; 1988;
* Абдуллоев С. Ҷуғрофиёи таърихи давлати Сомониён. Хуҷанд 2002000.
 
== Пайвандҳо ==