Романтизм: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 7:
Романтизм (фаронсавӣ — [[роман]]) чунин методи эҷоди бадеист, ки мувофиқи он ҳаёти воқеӣ дар асар ба таъбири философи немис В. Шеллинг (1755—1854), «на чунон ки ҳаст, балки чунон ки мебояд» тасвир мешавад. Тасвирҳои романтикӣ дар осори адибони классикии форсу тоҷик ба воситаи ифодаи ғояҳои халқпарварона, шоҳи одилу афсонавӣ, асотир, ҳаёти шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ва ғайра фароҳам омадаанд. Баёни рамзиву тамсилӣ ва муболиғаомез чун усули истифодаи асарҳои романтикӣ дар адабиёти давраи нави тоҷик ҳам мавқеи муносиб дорад.
Дар достонҳои [[Низомӣ]] («Искандарнома»), [[Амир Хусрав]] («Ойинаи Искандарӣ»), [[Ҷомӣ]] («Хирадномаи Искандарӣ») образҳои подшоҳони одилу некукирдор ва халқпарвару хирадманд офарида шудаанд. Дар охири ин асарҳо мамлакати обод ва мардумони озод ба тасвир омадааст, ки дар ҷомеаи инсонӣ то ҳол чунин мамлакати идеалӣ вуxуд надорад.
Моҳияти тасвирҳои романтикӣ хонандаро ба шавқу завқ оварда, тасвирҳои боиси диққатҷалбкунандагии мундариҷаи асари романтикӣ мегардад. Бинобар ин, гоҳо адибон асарҳояшонро бо манзараҳои табиат ва дигар тасвирҳои xолиби романтикӣ ҳусни оғоз мебахшанд. Аз ин ҷиҳат, боби аввали романи «Дохунда»-и [[С. [[Айнӣ]] — «Дараи ниҳон» ҷолиби диққат аст. Дар ин боб манзараи табиии яке аз дараҳои кӯҳистони ҳисори Шодмон, ки ишқи Ёдгору Гулнор аз он сарчашма мегирад, тасвир ёфтааст. Махсусан, тасвири чашмаҳои кӯҳии Дараи ниҳон дар фасли баҳор назаррабо ва мафтункунанда мебошад. Нависанда шаффофии ҷӯйчаҳоро ба ойина ва софии оби ҷӯйчаҳоҳоро ба алмоспора монанд мекунад ва сабаби ин софкориро муболиғаомез «аз санг гузаронида» меноманд: «Оби ин ҷӯйчаҳо чунон соф аст, ки гӯё аз санг гузаронида софкориаш карда бошанд, монанди алмоспора беғубор менамояд… Канор ва замини ин ҷӯйчаҳо аз сангпораҳо бино ёфтааст, ки ба сабаби шустушeйи ҳамешагии об монанди ойина шаффоф шудааст».
Тасвирҳои бадеӣ ба хонанда завқи бадеӣ ва лаззати эстетикӣ бахшида, ӯро ба дарки амиқи фалсафаи зиндагӣ раҳнамун месозад.