Қаратоғ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Farrukh (баҳс | ҳисса)
Саҳифаи нав: '''Қаратоғ''' - деҳаест дар ноҳияи Турсунзодаи Тоҷикистон. == Ҷуғрофия == == Таърих == == Осорхонаи ...
 
илова
Сатри 1:
'''Қаратоғ''' - деҳаест дар [[ноҳияи Турсунзода]]и [[Тоҷикистон]].
== Ҷуғрофия ==
== Таърих ==
Қаратоғи бостонӣ дар шаҳри [[Турсунзода]] ҷойгир буда, дарозии дарааш 47 километрро ташкил медиҳад. Дарёи Қаратоғ 99 километр дарозӣ дошта, аз баландии 4400 метр аз сатҳи баҳр, аз қуллаи Шӯро, аз қаторкӯҳҳои Ҳисор сарчашма мегирад. Мардумшинос Руҳулло Ҷӯрабоев мегӯяд “Ҳанӯз соли 1511 Заҳуриддини Муҳаммад Бобур (1483-1530), арбоби давлатӣ, воқеанигор ва шоир бо корвони шутурҳояш тавассути дараи Қаратоғ гузашта, ба Мастчоҳ сафар кардааст ва дар харитаи сафараш номи дарёро “Камруд” ёдовар шудааст. Аз ин сабаб дар таърих номи ин дарё “Камруд” сабт гаштааст. Қаратоғ аз ибораи ''“Қария”'' – шаҳри хурд ва ''“тоқ”'' – ягона гирифта шудааст. Аммо дар байни ин мардум ақидаҳои зиёде нисбати ин ном ҷо доранд. Ба андешаи гурӯҳи якум Қаратоғ калимаи туркӣ буда, маънояш “Кӯҳи сиёҳ” аст. Гурӯҳи дуюм ақида доранд, ки аслан Қаратуғ, ''Қара'' – сиёҳ, ''туғ'' – асо аст. Гӯё ин ном дар асри 15, дар давраи ҳукмронии амир Ҳусайн ва амир Темур пайдо шуда бошад”.<ref>[http://javonon.tj/news/social/arato-va-mavze-oi-tarikhii-on/ Қаратоғ ва мавзеъҳои таърихии он]</ref>
 
== Мазори “Дарвоза” ==
Дар даромадгоҳи самти ҷанубии собиқ шаҳри Қаратоғ (ҳоло рустои Балхак, қисми низомӣ) оромгоҳе бо номи мазори “Дарвоза” воқеъ аст. Тибқи ривоятҳо ин мазор ба яке аз муридони Хоҷа Аҳрори Валӣ – Шайх Эшони Шоҳмансури Самарқандӣ тааллуқ дорад. Хоҷа Аҳрори Валӣ соли 1428 ҳангоми сафар ба Ҳирот дар Чағониён бо Мавлоно Яъқуби Чархӣ шинос гашта, ӯро пири руҳонии худ хондааст. Чағониён қисми ғарбии водии Ҳисорро дар бар мегирифт. Хоҷа Аҳрори Валӣ дар асри 15 ҳангоми гузаштан аз Қаратоғи бостонӣ бо кадом сабабе фавтидааст ва дар ин ҷо ӯро ба хок супурдаанд.
 
== “Гаҳворасанг” ==
Дар қисмати шимолии саргаҳи деҳа санги сурхи ба гаҳвора шабоҳатдошта воқеъ аст. Ин санг дар забони мардум бо номи “Гаҳворасанг” маъруф аст. Санг рамзҳои “Модари шаҳр”, “Меҳри модар” ва “тавлиди фарзанди модар”-ро дорад. То солҳои охир пиразанҳои деҳа дар назди ин санг расму оинҳои оташпарастиро ба ҷо меоварданд. Соли 2005 барои боқӣ мондан гирди ин санг бо услуби шарқӣ девор карда шуд.<ref>[http://javonon.tj/news/social/arato-va-mavze-oi-tarikhii-on/ Қаратоғ ва мавзеъҳои таърихии он]</ref>
 
== Қалъаи Қаратоғ ==
Дар асри 17 [[Қалъаи Қаратоғ]] яке аз ҷойҳои истироҳатии ҳокимони Ҳисор ба шумор мерафт. Қалъа дар баландии 120 метр, дар соҳили рости дарёи Қаратоғ ҷойгир будааст. Охири солҳои 50-уми асри 18 ҳангоми Ҳисорро забт намудан ин қалъа аз тарафи қӯшунҳои амир валангор карда шудааст. Вақте соли 1886 сайёҳи фаронсавӣ Габрилян Бонвало ба Бухорои Шарқӣ меояд, дар китоби хотираҳояш харобаҳои ин қалъаро сабт менамояд. Деворҳои қалъа аз лой, ба шакли росткунҷа сохта шудааст. Сутунҳояш аз ҷониби шимол намоён буда, барои ҷазо додани мардуми гунаҳкор пешбинӣ шудааст. Дар паҳлӯи қалъа туп, замбаракҳо, ҷои махсус барои туфангҳо, сӯрохиҳо барои тирпаронӣ мавҷуданд. Аз ду тараф биноҳои айвондор ва толорҳои кандакоришуда бо расми гулу меваҳо оро ёфтаанд. Иншооти қалъа дар заминларзаи соли 1908 пурра хароб мегардад. Ҳоло аз ин қалъа зерсутунҳо, сангҳои осиёӣ, суфасанги зери туп, шамшери зангзада, сиккаҳои асри 17 боқӣ мондааст.<ref>[http://javonon.tj/news/social/arato-va-mavze-oi-tarikhii-on/ Қаратоғ ва мавзеъҳои таърихии он]</ref>
 
==Мазори Оффоқхӯҷа (Хӯҷаи муҳтарам)==
Ба ақидаи пирони деҳа, ки аз забон ба забон гузашта, то ба имрӯз ба шакли ҳикояву ривоят боқӣ мондааст, ин асрори қабрҳои нишонадор мебошад. Яке аз қабрҳое, ки мардуми деҳа ва мардуми қошғарӣ то ба имрӯз муқаддас мешуморанд, ин қабри Оффоқхӯҷа (Хӯҷаи муҳтарам) мебошад. Мувофиқи навиштаи китоби “Шоҳмашраб” Оффоқхӯҷа дар ҳамин деҳа аз олам гузаштааст. Қошғариҳои Чин Оффоқхӯҷаро набераи ҳаждаҳуми Паёмбар Муҳаммад (с) мешуморанд. То имрӯз мардуми Қошғар, ки дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зиндагӣ доранд, ба зиёрати ин қабр меоянд.
 
==Катибаи санги Муҳаммад-оқсақол==
Катибаи санги Муҳаммад-оқсақол дар самти шарқии мактаби имрӯзаи деҳа (МТМУ-и №12), дар масофаи 50 метр дуртар воқеъ аст. Дар рӯи қабр санги булӯрини мармарӣ ба чашм мерасад, ки он аз соли 1745 боқӣ мондааст. Дар тани ин санг бо забони ӯзекӣ ва ҳуруфоти арабӣ “Ин қабри Муҳаммад-оқсақол” ҳаккокӣ гаштааст. Эҳтимол меравад, ки ин қабри яке аз ҳокимони Ҳисор Муҳаммадаминбий, аз асри 18 бошад.<ref>[http://javonon.tj/news/social/arato-va-mavze-oi-tarikhii-on/ Қаратоғ ва мавзеъҳои таърихии он]</ref>
 
== Ҳунармандӣ ==
Касбу косибӣ пешаи ҳунармандони ин деҳа буда, ҳар як касб ному хусусияти хоси худро дорост. Сайёҳону савдогарони кишварҳои дурдаст низ бо шӯҳрат ёфтани ҳунармандӣ дар Қаратоғ пои худро ба ин мавзеъ гузоштаанд. Этнографи шинохта Н.Н.Ершов чандин солҳо баҳри омӯзиши таърихи касбу кори ҳунармандони деҳаи Қаратоғ машғул гашта, дар китоби худ “Ҳунармандӣ дар Қаратоғ” мушоҳидаҳояшро сабт намудааст. Ин ягона китобест, ки ҷамъбасти андешаҳои мардуми деҳаро оиди касбу косибӣ ифода намудааст.Яке аз пиронсолони деҳа Дилмурод Азимов мегӯяд, “ҳар касбу ҳунар ифодагари таъриху маданият аст. Маданияти қаратоғиён зинда доштани таърихи ҳунармандист. Шиори ҳар як ҳунарманди ин деҳа “Дӯкон ин нон аст” мебошад. Сабаб дар он аст, ки асоси пешбурди рӯзгори ҳунармандон кор дар дӯкон аст”. Ҳунармандӣ дар Қаратоғ аз ибтидои асри 19 сар карда, то солҳои 60-уми асри 20 бо суръати баланд равнақ ёфтааст. Яке аз ҳунарҳои равнақёфта ин бофандагӣ будааст. Бино ба нақли пирони деҳа то Инқилоби Бухоро дар Қаратоғ бештар аз 3 ҳазор дӯконҳои бофандагӣ фаъолият мекардааст. Устоҳои ин деҳа дар хонаҳояшон то 5-6 дӯкони бофандагӣ доштаанд. Матои истеҳсолмекардаи бофандагони Қаратоғ “алоча” ном дошта, косибон бештар аз 20 намуди онро мебофтаанд. Онҳо сиёҳала, чортеғ, абдушадӣ, чиғӣ, сиёҳкор, мушкузаъфар, алифӣ, маҳмудшоҳии зирагӣ, кӯлобии миёнкӯфта, алочаи бойсунӣ, нимшоҳӣ, кабутак, пӯсти мор, лолагӣ... ном доштанд.<ref>[http://javonon.tj/news/social/arato-va-mavze-oi-tarikhii-on/ Қаратоғ ва мавзеъҳои таърихии он]</ref>
 
== Осорхонаи Мирзо Турсунзода ==
Осорхонаи устод Мирзо Турсунзода соли 1988 дар зодгоҳашон деҳаи Қаратоғ бунёд ёфта, нахустин осорхонаҳои [[водии Ҳисор]] ба шумор меравад. Дар даромадгоҳи Осорхона мизи кории Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода гузошта шудааст, ки он аз китобҳо, медалҳо, телефони корӣ ва дигар ашёе, ки худи шоир дар зиндагиашон истифода намудаанд, иборат мебошад. Дар бинои дигари ин осорхона санъати ҳунарҳои мардуми деҳаи Қаратоғ ҷо гирифтааст. Муҳаққиқ Руҳулло Ҷӯрабоев мегӯяд “Касбу косибӣ пешаи ҳунармандони ин деҳа аст. Ҳар як касб ба худ ному хусусияти худро дорост. Мардуми ин деҳа зиёда аз 95 касбу кори гуногун доштанд”.
== Ба ин ҷо ҳам нигаред ==
Қаратоғ аз аҳди Кушониён то асри 15, яъне то кушодашавии роҳҳои баҳрӣ яке аз шохаҳои тиҷорати “Роҳи Абрешим” маҳсуб ёфта, Самарқанду Бухоро ва дигар ноҳияҳоро бо ҳам мепайваст. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки аз мавзеъҳои харобгаштаи деҳаи Қаратоғ зангулаҳои корвони шутурҳо, зарфҳои чинӣ, мисин, шишаву оина ба даст омадаанд. Ва онҳо имрӯз бо номи табақу коса ва пиёлаи қошғарӣ дар Осорхона ва хонаҳо ҳифз карда мешаванд. Яке аз харитаҳои “Роҳи Абрешим” дар ин осорхона боқӣ мондааст”. <ref>[http://javonon.tj/news/social/arato-va-mavze-oi-tarikhii-on/ Қаратоғ ва мавзеъҳои таърихии он]</ref>
== Пайвандҳо ==
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== Пайвандҳо ==
* [http://javonon.tj/news/social/arato-va-mavze-oi-tarikhii-on/ Қаратоғ ва мавзеъҳои таърихии он]
 
[[Гурӯҳ:Ноҳияи Турсунзода]]