Фарқият байни намунаҳои "Балхаш"

навсозӣ
(Балхаш)
 
(навсозӣ)
'''Балхаш [Balxaš]''' — номи кӯли баста дар қисми шарқии Ҷумҳурии Қазоқистон буда, дар хамии васеи Балхашу Алокӯл, дар баландии 340 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Масоҳаташ 17 - 22 ҳазор км² , дарозиаш 605 км, бараш дар қисми шарқӣ 9-19 км, ғарбӣ то 74 км, чуқуриаш то 26 м аст. Ба кӯли Балхаш дарёҳои Или, Қаротол, Оқсу, Лепсӣ ва монанди инҳо мерезанд. Ин кӯл аз охирҳои ноябр то миёнаи апрел ях мебандад. Бо ҳамин ном дар соҳили кӯл шаҳр дар вилояти Ҷезқазғани Ҷумҳурии Қазоқистон вуҷуд дорад. Маънои луғавии ин гидроним мусаффои оби кӯл аст ва вожаи Балхаш ба забонҳои қадимаи эронӣ мутааллиқ аст.<ref>Ҳомидов Д.Р. Таҳқиқи забоншиносии гидронимҳои мавзеъҳои таърихии тоҷикнишин/Рисолаи докт. илми филол. — Душанбе, 2018. — С. 122. — 470 с. {{ref-tg}}</ref>
 
== Нигаред ==
 
== Манобеъ ==
<references/>
 
[[Гурӯҳ:Кӯлҳои Қазоқистон]]
[[Гурӯҳ:Ҷуғрофияи Қазоқистон]]
{{ҷавона}}