Кӯлоб: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х Вироиши 77.95.3.19 (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки Шухрат Саъдиев анҷом дода буд
Барчасб: вогардонӣ
Сатри 127:
 
Дар омӯзиши таьрихи Кӯлоб саҳми олимону бостоншиносони рус аз ҷумла Маева, Н,А, Матвеева, Покатило Н. Н, Семенов А. А, Баринский А. А, Варична М.А калон аст. Дар асарҳои худ ин олимон дар бораи ҳудудҳои ҷуғрофӣ, таъриху маданияти халқҳои бумӣ, урфу одати онҳо ва мавзеъҳои топаграфӣ, маконҳои таърихӣ ва дигар махсусиятҳои ин диёр маълумотҳои дақиқ медиҳанд. Вале бо вуҷуди ин ҳама таърихи шаҳр ба омӯзиши чуқур ва ҳамаҷониба ниёз дорад. Дар бораи Хатлон, аз ҷумла, минтақаи Кӯлоб дар давраи Юнонӣ Бохтарӣ дар сарчашмаҳои хаттӣ низ баъзе маълумот мавҷуданд. Дар нақли муаррихи Юнони қадим Ариан дар бораи шӯриши Бохтариён бо сарварии Оксиарт бар зидди Юнониёни ишғолгар, шикаст хурдани шӯриш ва ба дасти Искандари Македонӣ асир афтодани ӯ ва духтараш Рухшона «Пули Сангин», ки дар наздикии ш. Нораки имрӯза воқеъ гардидааст, номбар карда мешавад. Дар ҷои дигар гуфта мешавад, ки аз ҳама бештар ба муқобили Юнониён Пратакенҳо ва сокинони Бубасена бо сарварии Катон ва Овсиён мубориза бурданд. Муҳаққиқи маъруф Маркварт Бубасенро дар Балҷувон ҷой медиҳад. Ба ақидаи ӯ Бубасена шакли қадими номи Балҷувон мебошад. Бояд ёдовар шавем, ки дар бораи мавзеъи баргузоршавии ин шӯриш фикру мулоҳизаҳои дигар низ вуҷуд дорад. Масалан, ба ақидаи Ю. Яъқубов шӯриш бо сарварии Оксиарт (Вахшуарт) дар Қалъаи куҳи Хориён дар вилояти Самангон рух додааст. Ба фикри ҳамин муаллиф ноҳияҳои Пратакен ва Бубасен дар ҳудуди ноҳияи Данғара ҷойгир буданд, зеро дар ин ҷо дар роҳи корвонгард деҳаи Паркамчӣ вуҷуд дорад. Ин деҳа дар таърихи Байҳақӣ бо номи Баракадми во мехурад. Дар назди он қалъаи қадиме низ ҳаст. Эҳтимол, вожаи Баркадми шакли арабишудаи паркамчи вуҷуд дорад. Ин деҳа дар таърихи Байҳакӣ бо номи Баракадми вомехӯрад.
 
2700-солагии шањри Кўлоб
Хатлон яке аз манотиќи бостонии Тољикистон буда, ба он аз рўи сарчашмањои таърихї њудуди ноњияњои имрўзаи Хатлон ва як ќисми соњили рости дарёи Панљ, инчунин, Бадахшону Афѓонистон дохил мегардад. Ба шањрњои Хатлон Њулбук, Мунк, Тамлиёт, Андичароѓ, Искандара, Мерканд, Барсарих ва ѓайра мансуб буданд. Оид ба мазмуни калимаи Хатлон дар миёни олимону донишмандон ва муаррихон аќидањои мухталиф мављуданд. Њанўз аз замони лашкаркашињои Искандари Маќдуни ба ин мулк маводи таърихї омада расидааст. То имрўз расидани номњои ќадимї, мисли Шањри Барбар, Исни Кўлоб, Сайёд дар ноњияи Њамадонї, Шањристони «Золи зар» бори дигар аз таърихи куњан доштани Кўлоб гувоњї медињад.
Њанўз асрњо III-II пеш аз милод Кўлоб дар замони њукмронии Юнону Бохтар дањњо Шањристони хурду калон ва рустањои хубу зебо дошта будааст.
Шањрњо ва дењањо њокимони худро доштанд. Пойтахти давлати Бохтар шањри Балх ба сифати модари шањрњои дунё шинохта шудааст.
Расму русуми аљдодї: кандакорї, заргарї, кулолї, сангтарошї, гулдўзї ба кору пайкори сокинони ин гўшаи диёри зебоманзар нашъунамо мекунад. Махсусан, либосњои занонаи гулдўзї (чакан) борњо дар намоишгоњњои байналмилалї бањои баланд гирифтаанд. Аз байни сокинони ин минтаќа дањњо шоирону нависанда, арбоби давлатї, њунармандони варзида сабзида, фазои кишварро равшан намудааст.
Воќеъан, сањми мардуми Хатлон дар пешбурди хољагии халќи љумњурї хеле назаррас аст. Халќи тољик бо номи ќањрамонї Иттифоќи Советї Сафар Амиршоев, шоироне чун Ашур Сафар, Њаќназар Ѓойиб, Муњаммад Ѓойиб, Сафармуњаммад Аюбї ва њунармандони маъруф Одинаи Њошим, Давлатманди Хол, Сурайё Ќосимова, Файзали Њасанов ифтихор менамояд. Президенти Љумњурии Тољикистон Э.Рањмонов низ аз ин диёри њамешабањор ба арсаи сиёсат ворид гаштаанд. Хулоса, љањони сиёсату иќтисод ва фарњангии кишварро бе иштироки намояндагони ин минтаќа наметавон тасаввур намуд.
Инак, шањри бостонии Кўлоб дар арафаи љашни 2700-солагї ќарор дорад. Бо эътимод метавон гуфт, ки чароѓи дидаи мардуми шарифи Тољикистон мањфили љашни 2700-солагии шањри Кўлобро равшан менамояд.
Љашнат муборак, Кўлоби бостонї!
 
== Маориф ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Кӯлоб"