Кӯҳҳои Анд: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 16:
[[Акс:A black and white photo of a lake in the Andes Mountains.jpeg|thumb| ]]
 
'''А́нд''', ''Кордилйе́раҳои А́нд'' ({{lang-es|Andes; Cordillera de los Andes}}; анта, ба забони инкҳо — мис, кӯҳҳои мисдор) — [[системаи кӯҳӣ]], ки [[Америкаи Ҷанубӣ|Америкаи Ҷанубиро]] аз [[ғарб]] ва [[шимол]] фаро гирифтааст. Яке аз баландтарин (кӯҳи Аконкагуа, 69626 962 м) ва дарозтарин (90009 000 км) системаи кӯҳии олам аст.
 
Анд аз силсилаи қаторкӯҳҳои асосан меридионалии мутавозӣ — Кордилйераҳои Шарқӣ, Марказӣ, Ғарбӣ ва Соҳилӣ иборат буда, байни онҳо пуштакӯҳҳо (дар Боливия, Перу) ва пастхамиҳо воқеанд. Анд минтақаи серзилзила аст: қариб 70 вулқон, аз ҷумла 30 вулқони амалкунанда (Котопахӣ, Мистӣ, Майпо, баландтаринаш Чимборасо — 6 310 м) дорад.
Сатри 24:
 
== Иқлим ==
Иқлими Анд гуногун аст: дар доманаи кӯҳҳои қисмҳои шимолӣ ва марказии Анд — тропикӣ ва экваторӣ, ҳарор. ҳаво доимо аз 20°С баланд аст; ҷанубтар аз он иқлим мӯътадил, дар кӯҳҳо мӯътадил ва сард. Боришоти солона дар ғарби Колумбия ва ҷануби Чилӣ бештар аз 60006 000 мм, дар нишебиҳои шарқии минтақаи экваторӣ қариб 3000 мм. Дар соҳилҳои Перу ва шимол Чилӣ — 100 мм ва аз он кам. Дар Шимол ва маркази Анд сатҳи барф баланд аст. Дар Ҷануб барфҳои доимӣ аз баландии 1000—1200 м сар мешаванд. Пиряхҳо бисёр буда, баъзеи онҳо то уқёнус рафта мерасанд. Анд бахшгоҳи байни уқёнусҳои Ором ва Атлантик мебошад, аз ин ҷо дарёи калонтарини Америкаи Ҷанубӣ — Амазонка оғоз меёбад. Дар Анд яке аз калонтарин кӯлҳои баландкӯҳи дунё — Титикака воқеъ аст. Нишебиҳои сернами шимол ғарбии Андро то ҷануб Анди Марказӣ бешазорҳои экваторию тропикии кӯҳӣ пӯшидаанд, ки хокашон латеритӣ аст. Дар Анди Кариб бешаҳои баргрез ва хоки сурхи кӯҳӣ, дар Анди субтропикии Чилӣ бешазорони ҳамешасабз ва хоки қаҳваранг дида мешавад. Аз 38° арзи ҷанубӣ ба самти Ҷануб бешаҳои сернами ҳамешасабз ва омехтаи хокашон сиёҳтоб воқеанд.
 
== Олами наботот ==
Сатри 30:
 
== Олами ҳайвонот ==
Анд олами ба худ хоси ҳайвонот дорад: намудҳои эндемии маймунҳои чангакдум, хирси «айнакдор», оҳуи пуду ва гаэмал, хоянда туко-туко, паранда кондор (то 7 ҳазор м баланд парвоз мекунад); лама, алпак (гӯшт ва пашмашро истифода мебаранд), гуанако, опоссумҳо (аз оилаи халтадорҳо), рӯбоҳи кабудтоб, саги магелланӣ ва ғайра. Дар ҷангалзорҳои тропикии Анд 17001 700 намуд (33,6 % — эндемӣ) парандагон (махсусан хелҳои аҷоиби колибрӣ) мавҷуданд. Анд аз обхокиҳо (900 намуд), ширхӯрҳо (600 намуд, 13 % — эндемӣ) моҳӣ (400 намуд, 34,5 % — эндемӣ) бой аст. Ба намудҳои нодиру эндемии вашақ, чомгӣ ва парандаи ҳуштаккаше, ки танҳо назди кӯли Титикака вомехӯрад, хатари нобудшавӣ таҳдид дорад.
 
== Экология ==