Андоз: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х иловаи Гурӯҳ:Пардохтҳо бо ёрии HotCat
No edit summary
Сатри 1:
'''Андóз''', '''боҷ''', '''молиёт '''пардохти[[пардохт]]и ҳатмӣ, ки онро шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси муқаррароти Кодекси андоз ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи кишвар ба буҷети умумидавлатӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ ворид менамоянд. Моҳияти иқтисодии андоз ин аст, ки давлат ба воситаи истифодаи ин фишанги иқтисодӣ як ҳиссаи муайяни даромади давлатро дар шакли марказонидашуда ҷамъоварӣ намуда, ба ин васила хазинаи давлатро ғанӣ мегардонад ва маблағҳои қисмати даромади буҷетро барои таъмини рушди иқтисоди миллии кишвар, бахусус соҳаҳои афзалиятноки миллии он, саҳмгирии зарурӣ дар амалӣ намудани вазифаҳои иҷтимоӣ, давлатӣ ва ғайра сарф менамояд. Шахсони воқеӣ (шаҳрвандон) ва шахсони ҳуқуқӣ (корхонаҳо, муассисаҳо ва ғайра) мутобиқи қонун ва қоидаҳои амалкунанда дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамчун андозсупорандагони асосӣ эътироф шудаанд ва онҳо ӯҳдадор мебошанд, ки андозҳои ба тарзи расмӣ муқарраршударо дар мӯҳлати муайяншуда, тибқи меъёри тасдиқшуда ва пурра ба буҷаи давлат пардохт намоянд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати андозро бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ амалӣ мегардонад.
 
Маъхазҳо ва адабиёти таърихӣ-иқтисодӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳеҷ як кишвари дунё бе пайванди мустақим бо сиёсати андозбандӣ ва андозситонӣ вазифаи пур кардани хазина ё қисмати даромади буҷети давлатро дар амал татбиқ карда наметавонад. Намудҳои гуногуни андоз баробари пайдо шудани давлат ва сохторҳои бо он марбут ба миён омадаанд. Ҳар як давлат вобаста ба талаботи давру замонҳои гуногуни таърихӣ низоми андоз, тарзу қоидаҳо, намудҳои мухталиф ва меъёрҳои онро ҷорӣ мекард ва менамояд. Мисоли равшани инро мо аз таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ, таҷрибаи аҳди Сомониён ва давлатдориҳои минбаъда дар ин минтақа, инчунин даврони мавҷудияти Ҳокимияти Шӯравӣ мушоҳида карда метавонем. Дар асрҳои 11 — 12 андозҳои гуногун, ба мисли хараҷ ва тамға барои савдогарон, мирал барои чорводорон ва ғайра истифода мешуданд. Дар солҳои баъдина давлатдорон сиёсати андозбандӣ ва андозситониро на танҳо дар мадди аввали сиёсати молиявӣ-иқтисодии хеш мегузоштанд, балки барои ғанӣ гардондани даромади буҷети давлат онро такмил медоданд, тағйироту иловаҳои нав ба нав ворид мекарданд.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Андоз"