Латифа: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''Латифа''' (шухӣ, мутоиба, сухани бозарофат, сухане, ки дорои мазмуни амиқ ва нозук аст), — дар фолклор ва адабиёти хаттии тоҷик аз қадим чун жанри мустақил ва маъмули насри бадеӣ вуҷуд дошт ва ҳоло низ дар авҷи инкишоф мебошад. Дар латифа ҳодисаҳои муайян не, балки як лаҳзаи хурди воқеаи мухтасар ишора меёбад. яъне латифа танҳо як лаҳзаро дар бар гирифта, дар он инкишофи воқеа ва характиристикаи қаҳрамонон дида намешавад. Латифа аксаран бе муқаддимаву хотима ва бе тайёрии махсус, бадохатан гуфта мешавад.
Қахрамонони асосии латифаҳои тоҷикӣ [[Абдураҳмони Мушфиқӣ|Мулло Мушфиқи]], Насриддин Афанди ([[Афандӣ]]) мебошанд. Силсилаи бузурги латифаҳои халкии тоҷики аз номи ин ё он маҳал (махаллати, ширини, румони, дарвози, хуфи, каротегини ва г.) гуфта мешаванд. Вале дар адабиёти хаттӣ номи персонаж ва қаҳрамонони зиёди ҳачви аз кабили Бахлул, Абунувос, Хуҷа, Талхакро дучор мекунем, ки баъдтар бо номи Хоҷа Насриддин ([[Афандӣ]]) иваз шудаанд.
 
'''Латифа''', нақли [[Афандӣ]]  — Яке маъмултарин жанрҳои насри шифоҳии тоҷик аст, ки мазмуни ҳаҷвӣ ва моҳияти танқидӣ дорад. Латифаҳо бо мақсади саргармӣ, фароғат ва хушҳол кардани мардум гуфта мешаванд. Дар мазмуни аксари латифаҳо камбудиҳои фардию ҷамъиятӣ танқид ва фош карда мешаванд. Дар латифаҳо ду-се нафар персонаж иштрок мекунанд ва муносибати онҳо бештар тавассути муколама сурат мегирад. Қаҳрамони асосии латифаҳои тоҷикӣ Насриддин [[Афандӣ]] ва [[Абдураҳмони Мушфиқӣ|Мушфиқӣ]] мебошанд. <ref>Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ — Душанбе: «Аржанг» 2016, — С. 12</ref><ref>http://www.pitfi.tj/files/txt/Fehristi_MFG_tj.pdf ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ]</ref>
 
== Нигаред ==
* [[Аскиягӯӣ]]
* [[Адабиёти тоҷик]]
 
== Манобеъ ==
== Сарчашма ==
<references/>
{{эзоҳ}}
{{таърих-нопурра}}
[[Гурӯҳ: Анъанаи шифоҳӣ дар Тоҷикистон]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Латифа"