Қуқнӯс: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
мацолащои ЭМТ using AWB
(бе тафовут)

Нусха 16:19, 16 августи 2018

Анқо (арабӣ – дарозгардан), мурғи афсонавӣ, ки гӯё ҷойгоҳаш ба мисли Симурғ дар кӯҳи Қоф будааст. Азбаски ин мурғ аз мардум дур буд ва диданаш на ба ҳама муяссар мегардид, ба маънои маҷозии чизи ноёфт, чизе, ки номаш ҳасту худаш нест, ба кор рафтааст. Дар адабиёти форс-тоҷик чун образи шеърӣ (дар ирфон) ба маънои гӯшанишинӣ, канораҷӯӣ омадааст:

Бибур зи халқу зи Анқо қиёси кор бигир,

Ки сити гӯшанишинон зи Қоф то Қоф аст.

(Ҳофиз).

Вобаста ба дур будани Анқо аз назари мардум, ноёфт буданаш ривоёти исломӣ мавҷуданд, ки тибқи онҳо Анқоро муғриб, миғраб гуфта, ба ду маънӣ «фурӯбаранда», «балъкунанда» ва «ғарибу нав» ташреҳ додаанд. Дар яке аз ривоятҳо омадааст, ки Анқо дар байни мардум мезист. Рӯзе ӯ ба шикор баромад, вале ягон парандае ба чанг оварда натавонисту кӯдакеро рабуда фурӯ бурд. Мардум ба пайғамбари Худо шикоят карданд. Пайғамбар дуо кард ва насл додани Анқо канда шуд. Аз ҳамин ҷост, ки Анқо ноёфт гардид. Дар қиссаҳои марбут ба ҳазрати Сулаймон (а) низ аз Анқо ва дар паси кӯҳи Қоф маскан доштанаш сухан меравад. Ба Анқо, Анқои муғриб (миғраб) аксаран шоирону адибони мутасаввиф муроҷиат кардаанд. Масалан:

Кас наёбад ба ишқ-бар пирӯз,

Ишқ Анқои муғриб аст имрӯз.

                                (Саноӣ).

Дар ошёни ақл чу Анқои муғрибам,

Бар осмони фазл чу хуршеди азҳарам.

                                (Анварӣ).

Сулаймонвор девонро мутеи амри худ гардон,

Нишин бар тахти билқисиву чатр аз парри Анқо кун.

                                (Саноӣ).

Наққоши чирадаст аст он нохудои тарс,

Анқо надида, сурати Анқо кунад ҳаме.

     (Масъуди Саъд).  

Адабиёт

  • Ёҳақӣ Муҳаммад Ҷаъфар, Фарҳанги асотир ва ишороти достонӣ дар адабиёти форсӣ, Т., 1375 ҳ. ш.

Эзоҳ

Сарчашма