Қуқнӯс: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 8:
[[Аллома Деҳхудо]] дар тавсифи қуқнус навиштааст: Гӯянд қуқнус ҳазор сол умр кунад ва чун ҳазор сол бигузарад ва умраш ба охир ояд ҳезуми бисёре ҷамъ созад ва бар болои он нишинад ва сурудан оғоз кунад ва маст гардад ва бол барҳам занад чунонки оташе аз бол ӯ биҷаҳад ва дар ҳезум афтад ва худ бо ҳезум бисӯзад ва аз хокистараш байзае падид ояд ва ӯро ҷуфт намебошад ва мусиқиро аз овоз ӯ дарёфтаанд<ref>{{Cite web|url=https://www.vajehyab.com/dehkhoda/%D9%82%D9%82%D9%86%D9%88%D8%B3|title=Маънои қуқнус|author=Луғатномаи Деҳхудо|website=www.vajehyab.com|date=|publisher=Вожаёб|lang=fa|accessdate=2018-08-17}}</ref>.
 
== Вожашиносӣ ==
Вожаи “қуқнус” арабишудаи “''kuknos''”-и юнонӣ (ба хатти юнонӣ: ''Κύκνος'' аст). Ин ном дар забони лотин ба сурати ''Cycnus'' ва ''Cygnus'' даромадааст. Дар устураҳои юнонӣ кукнус номи чанд тан, аз он миён номи писари Опулун (эзади ҳунар ва хуршед) аст. Кукнус бисёр зебо будааст ва пас аз моҷароҳое худкушӣ мекунад ва Опулун ӯро ба шакли қӯ дармеоварад. Дарвоқеъ, дар забони юнонӣ вожаи қуқнус ба маънои “қӯ” аст ва дар тавҷеҳи офариниши ин паранда достони писари Опулунро сохтаанд. Дар ахтаршиносӣ яке аз суратҳои фалакӣ (ҳамахтарон)-ро ба забони инглисӣ ''Cygnus'' мегӯянд ва дуктур Ҳайдарии Малоирӣ баробари “мокиён”-ро барои он ниҳодааст (ва дар арабӣ онро “дуҷоҷа” ба ҳамин маънои мокиён мегӯянд)<ref>{{Cite news|title=Вожашиносӣ: қақнусу анқо ва қӯ|author=|url=http://parsianjoman.org/cyr/?p=420|work=Порсӣ анҷуман|date=2014-05-08|accessdate=2018-08-17|language=tg}}</ref>.
 
Гӯё вожаи ''Kuknos''-и юнонӣ аз вожаи пурво-ҳиндуурупоии ''*keuk'' ба маънои “сапед будан” аст. Номи ин паранда дар инглисӣ swan аст, ки бо вожаи sing ба маънои овоз хондан ҳамреша аст.
 
== Эзоҳ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Қуқнӯс"