Таърихи Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Китоби фарханги модди ва маънави
Барчасбҳо: вироишгари дидорӣ вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 529:
Бо парокандашавии СССР муборизаи дурудароз барои ҳокимят оғоз ёфт. Тақобули шахсони баргузидаи кӯҳнаи шӯравӣ ва иттиҳоди мухолифини исломиҳо, зиёиёни миллатчӣ ва доираҳои тиҷоратию соҳибкорӣ ба муборизаи гурӯҳҳои минтақавию маҳаллӣ барои ҳокимят табдил ёфт.
Аз ҷониби азҳоби ба ҳукумат мухолифи сиёсӣ эътироф нашудани [[Қаҳҳор Махкамов]] ҳамчун Президенти ҶТ (аз [[29 ноябр]]и [[соли 1990]]), паи ҳам иваз шудани раисони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қ. Аслонов, С. Кенҷаев, А. Искандаров) мақомоти кишварро водор сохтанд, ки зери фишори тазоҳуркунандагони мухолифин ва барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ интихоботи умумихалқии [[Президенти Тоҷикистон]]ро баргузор намоянд. Маъракаи интихобот ба зиддиятҳои нави сиёсию идеолужиидеологӣ, мазҳабию маҳалгароӣ ва қавмию инфиродӣ боис гардид. Вазъи иҷчтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ рӯз ба рӯз бад мегардид. Пас аз ба вазифаи [[Президенти Тоҷикистон]] интихоб гардидани [[Раҳмон Набиев]] (58,8 % овозҳо) неруи мухолифин бо баҳонаҳои гуногун фаъолияти ҳукумати навро сарзаниш менамуданд.
Соли [[1992]] аз моҳи март то ибтидои май тазоҳуроти пай дар пайи ҳизбу ҳаракатҳои ба ҳукумат мухолифин ва ҷонибдорони ҳукумат дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, махсусан Душанбе ба фалаҷ шудани мақомоти иҷроиия ва қонунгузории марказӣ ва маҳаллӣ сабаб шуд.