Энсиклопедияи миллии тоҷик: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
[[Акс:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 3.jpg|thumb|Муқоваи [[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҷилди 3]]]]
'''Энсиклопедияи миллии тоҷик'''  — энсиклопедия ва ё донишномаи миллии [[Тоҷикистон]] мебошад.
Аз соли [[2008]] сар карда таълифу тадвини Энсиклопедияи миллии тоҷик, дар [[Тоҷикистон]] шурӯъ шудааст. Ҷилди якуми ЭМТ 5 ҳазор нусха бо сарфи 350 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Алмаатои [[Қазоқистон]] нашр шудааст. Дар донишнома 3200 мақола ҷой гирифтааст, ки ба қалами 650 муаллиф тааллуқ дорад.<ref>[http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=20268&Itemid=28 Нашри ҷилди аввали Энсиклопедияи миллии тоҷик дар Қазоқистон - — Tojnews]</ref>
 
Ҷилди аввали ин энсиклопедия аз ҳарфи «А» шурӯъ шуда, бо калимаи «Асос»-и ин ҳарф анҷом ёфтааст.
 
Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик [[20 март]]и соли [[2013]] ҷилди дуввуми донишномаи бисёрҷилдаи «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик»-ро ба нашр расонд. 25 дарсади иттилоот марбут ба ҳарфи «А» ба ҷилди дувум гузаштааст.<ref>[http://www.khovar.tj/culture/26907-1206ildi-duvvumi-ensiklopediyai-millii-to1207ik-ba-nashr-rasid.html Ҷилди дуввуми Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ба нашр расид - — Ховар]</ref>
 
== Таърих ==
{{асосӣ|Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик}}
Line 15 ⟶ 16:
 
=== Оғози фаъолият ===
[[Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]] аз ибтидои оғози кори китоби бисёрҷилдаи «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» ба муассисаҳои илмӣ, идораҳои давлатӣ, донишгоҳ ва донишкадаҳои олӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, мутахассисони алоҳидаи тамоми соҳаҳои илму фарҳанг ва ҳатто пажӯҳишгоҳҳои хориҷию мутахассисини ҷудогонаи бурунмарзӣ бо Лоиҳаи луғатномаи нашри мазкур муроҷиат намуда онҳоро ба ҳамкорӣ ва мадад даъват карда буд, ки дар натиҷа Луғатнома мавриди муҳокимаи васеи аҳли ҷамъият қарор гирифта то андозае такмил ёфт. Таҷрибаи нашр шудани 8 ҷилди Энсиклопедияи Советии Тоҷик мабнӣ бар тақризу нақдҳои фаровони дар васоити ахбори омма ба табърасида собит намуд, ки аксари эродҳои мутахассисон ва хонандагони одӣ ба ҷой дода шудани шахсиятҳо дар китоб оид буданд. Ба хотири минбаъд ҷилавгирӣ кор кардан аз чунин эродҳо дар Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№  439 аз 2 сентябри соли 2010) «"Дар бораи меъёрҳои ворид намудани шахсиятҳои маъруфи таърихӣ ва муосир ба «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» ба тасвиб расид, ки Сарредаксия тибқи он амал менамояд.
 
Вобаста ба татбиқи технологияи навтарини саҳифабандию ороиши китоб ва бодарназардошти сифати чопи китоб аз аксҳо ва расмҳои аксаран сиёҳу сафеди кӯҳнашуда, ки барқарор карданашон ғайриимкон буд, сарфи назар гардид. Ҳамчунин шахсиятҳое, ки акси худро пешниҳод накарданд, аз ҷилди аввал берун мондаанд. Ҳаҷми мақолаҳо вобаста ба мавқею манзалати мавзӯи пешниҳодшуда, муҳимияти он ва таклифи муаллифон бо мадди назар гирифтани маълумоти иловагӣ барои муҳаққиқони оянда муайян ва таъйин гардидааст.
Line 26 ⟶ 27:
Донишномаи «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» ҷанбаи илмию оммавӣ дошта нахуст энсиклопедияи миллист.
Дар Қомуси «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» мақолаҳо дар бораи таърихи кишвар, илм, иқтисодиёт, хоҷагии деҳот, фарханг, адабиёту санъат, урфу одат, маросимҳо, ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои бузург, ходимони маъруфи ҷамъият, намояндагони илму маърифат, адибон ҳунармандон ва санъаткорони маъруф дарҷ шудаанд. Дар айни замон дар Қомус бахше аз матолиб оид ба таърихи ҷаҳон, мухимтарин дастовардхои илму техника ва фарханги ҷаҳонӣ, хаёт ва кору пайкори нобиғагони ҷаҳонӣ, ки ибратомузанд оварда шудаанд.
 
== Мутолиаи ройгон ==
Хонандагон имкон доранд ба таври ройгон аз [http://donishnoma.tj/books/tajik-national-encyclopedia сомонаи расмии Муассиаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик] нусхаи электронии ҷилдҳои нашршудаи донишномаи мазкурро боргирӣ ва мутолиа намоянд.
 
Line 38 ⟶ 40:
нашр
|-
|1 ||[http://donishnoma.tj/images/documents/EMT-1.pdf А  — Асос]||2011 ||ISBN 978-99947-33-45-3||608|| 5000
|-
|2 ||[http://donishnoma.tj/images/documents/EMT-2.pdf Асос  — Боз]||2013 ||ISBN 978-99947-33-52-4|| 664 || 5000
|-
|3 ||[http://donishnoma.tj/images/documents/EMT-3.pdf Боз  — Вичкут]||2014 ||ISBN 978-99947-33-46-0||676|| 5000
|-
|4 ||[http://donishnoma.tj/images/documents/EMT-4.pdf Вичлас  — Гӯянда]||2015 ||ISBN 978-99947-33-77-4|| 660 || 5000
|-
|5 ||[http://donishnoma.tj/images/documents/EMT-5.pdf Ғ  — Дироя]||2016 ||ISBN 978-99947-33-67-5|| 664 || 5000
|-
|6 ||[http://donishnoma.tj/images/documents/EMT-6.pdf Дирҳам  — Замин]||2017 ||ISBN 978-99947-33-69-9|| 664 || 5000
|}
 
== ЭМТ дар [[Википедиаи Тоҷикӣ]] ==
Аз соли 2014 вироиши интишороти Энсиклопедияи Миллии Тоҷик дар [[Википедиаи Тоҷикӣ]] шурӯъ шудааст.