Ҷӯрабек Муродов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Адабиёт: илова
Сатри 38:
 
== Эҷодиёт ==
Дар тӯли фаъолияти овозхониаш зиёда аз 2000 суруд сароидааст, аз ҷумла оҳангҳои 450-тоаш эҷоди Ҷӯрабек Муродов аст.<ref>[http://news.tj/ru/node/249035 Певец нации/ Сарояндаи миллат]</ref>
Ҷӯрабек Мурод солҳои 70-80-уми асри пушти саршуда як силсила мақолаҳои илмӣ таълиф намудааст, ки дар роҳи омӯзиши мусиқии суннатӣ бебаҳоянд. Махсусан, мақолаҳои ӯ — «Умри ҷовидонаи санъаткор» (роҷеъ ба ҳофиз, бастакор ва машшоқи забардасти халқи тоҷик [[Ҳоҷӣ Абдулазиз]] (Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов), «Ба рағми булбулон» (ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди [[Домулло Ҳалим]]), «Ҳофизи мумтози халқ» (оид ба асолати навозандагию сарояндагии устоди мумтози мусиқии халқию классикии тоҷик [[Бобоқул Файзуллоев]]), «Ҳунарвари бузург» (роҷеъ ба [[Борбад]]и Марвазӣ) ва ғайраро метавон зикр намуд, ки барои бедор намудани завқи мусиқишиносии хонанда арзиши баландро соҳибанд. Ҷӯрабек Мурод сарояндаи ҷӯянда ва нисбат ба касби худ серталаб аст. Ӯ пайваста санъати мусиқии гузаштаю имрӯзаи миллатамонро бо як ҳисси шавқмандӣ меомӯзад. Махсусан намунаи овозҳои ҳофизони халқӣ ва ҳирфаии тоҷик [[Ҳоҷӣ Абдулазиз]], [[Содирхон]], [[Домулло Ҳалим]], устод Шодӣ, [[Акашариф Ҷӯраев]], [[Бобоқул Файзуллоев]], ки ба қарта сабт шудаанд, ҷамъ намуда, унсурҳои бо худ хос ва характерноки вокализми халқӣ-профессионалии тоҷикро ба комёбиҳои навинаш пайваста меомӯзад. Ин аст яке аз чашмгиртарин асрори шӯҳратёри ӯ дар ҷодаи санъат.
Дар мавриди истеъдоди фитрӣ ва ҳунари нотакрори ин устоди беназири ҳунар ҳанӯз дар нимаи дуюми садаи ХХ шоири маҳбубу маъруф, Қаҳрамони Тоҷикистон, Мирзо Турсунзода чунин хабар дода буд:
{{аввали иқтибос}}«Ҷӯрабекро ба чашми кам набинед, халқи мо хушбахт аст, ки Ҷӯрабек барин сарояндаву мутриби нотакрорро пайдо кардааст…. Ҷӯрабек аз ҳофизони муосир ягона касест, ки... шеърро гӯёву расо мехонад, муроди шеъру оҳангро ба дилу мағзи шунаванда мерасонад».{{охири иқтибос|сарчашма=[[Мирзо Турсунзода]]}}
 
Бар замми ин ҳама сифатҳои мумтози сарояндагӣ заҳмати шабонарўзии тозакориву бозофаринӣ барои ӯ имкон дод, ки бо афроди барӯманди адабиву фарҳангӣ ба монанди Чингиз Айтматов, Расул Ғамзатов, Раҷ Капур, Аҳмад Зоҳир, Муҳаммадризо Шаҷариён, Саттор, Пӯлод Булбул-уғлӣ, Зейнаб Хонларова, Вахтанг Кикабидзе, Роза Римбаева, Людмила Зикина, Иосиф Кобзон, Алла Пугачёва, София Ротару, Шералӣ Ҷӯраев ва дигарон аз наздик ошноӣ пайдо кунад ва бо онҳо иртиботи ногусастанӣ дошта бошад...<ref>[http://asiri.tj/index.php/news/262-jurabek-murodov БОРБАДИ СОНӢ]</ref>
 
Ҷӯрабек Мурод ба маънои пурраи сухан эҷодкори ҳақиқии санъат мебошад. Зеро ин абармарди дунёи санъат дар иҷрои ҳар як суруди нав тарафҳои тоза ба тозаи истеъдоди худро ба мухлисон зоҳир мекунад. Пешравии ӯро ҳатто аз суруд то суруд ва аз оҳанг то оҳанг метавон мушоҳида намуд. Дуди чароғ хӯрдану дандон болои ҷигар гузоштан ва зулмотро ба субҳ бадал намудан гувоҳи умри 50-солаи санъаткории ӯст. Маҳз ҳамин сӯхтанҳову сохтанҳои устод дар роҳи эҳёи санъати мусиқӣ ва овозхонии аҷдодонамон боис гардид, ки номи муборакаш вирди забонҳову сабти китобу қомусҳои зиёде гардад.
 
Ҷӯрабек Мурод ба маънои пурраи сухан эҷодкори ҳақиқии санъат мебошад. Зеро ин абармарди дунёи санъат дар иҷрои ҳар як суруди нав тарафҳои тоза ба тозаи истеъдоди худро ба мухлисон зоҳир мекунад. Пешравии ӯро ҳатто аз суруд то суруд ва аз оҳанг то оҳанг метавон мушоҳида намуд. Дуди чароғ хӯрдану дандон болои ҷигар гузоштан ва зулмотро ба субҳ бадал намудан гувоҳи умри 50-солаи санъаткории ӯст. Маҳз ҳамин сӯхтанҳову сохтанҳои устод дар роҳи эҳёи санъати мусиқӣ ва овозхонии аҷдодонамон боис гардид, ки номи муборакаш вирди забонҳову сабти китобу қомусҳои зиёде гардад.
== Дар бораи Муродов ==
Соли 1998 ҷилди якуми китоби бисёрҷилдаи тарҷумаиҳолӣ дар Москва таҳти унвони «Дар тамаддуни имрӯза, кӣ кӣ аст?» аз чоп баромад. Китоби мавриди назар фарогири 3 боб буда, қисматҳои «Инсони асри ХХ», «200 нафар арбоби барҷастаи имрӯз» ва «Хазинаи тиллоӣ»-ро дар бар мегирад.