54 982
edits
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) (→Эзоҳ: гурӯҳ) |
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) х (→3000 солагии Ҳисор: илова) |
||
== 3000 солагии Ҳисор ==
Шаҳри Ҳисор то инқилоби Октябр маркази Бухорои Шарқӣ ба шумор мерафт. Соли 1924 аз назди дарвозаи Арки Ҳисор эъломияи Ҷумҳурии Мухтори Шўравии Тоҷикистонро хонданд ва Душанбе марказ эълон карда шуд. Шаҳри асримиёнагии Ҳисор дар масофаи 10 км бо девор ва хандақи васеи пур аз об иҳота шуда буд. Шаҳр чор дарвоза дошт. Аз қисмати ҷанубии шаҳр дарвоза бо номи «Шакарӣ», зеро дар ин қисмат одамони ба қаннодӣ машғулбуда зиндагонӣ мекарданд. Аз қисмати ғарбии шаҳр дарвоза бо номи «Чангоб», зеро аз ин тараф дарёи Чангоб мегузашт. Аз қисмати шимолу шарқии дарвозаи «Чашмаи Моҳиён», дар он ҷо чашмаи обест, бо номи «Чашмаи Моҳиён» ва қисмати шарқии шаҳр бошад, дарвозае будааст, бо номи дарвозаи «Хоки Сафед», дар он ҷо теппаест бо номи теппаи Хоки Сафед.
Таҳти назари олимону мутахассисони Академияи илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг ва дигар муассисаҳои илмию фарҳангии кишвар аз ҷониби бинокорони моҳир барқарорсозии симои таърихии ин ёдгории бостонӣ ба роҳ монда шудааст. Ба муносибати таҷлили 3000 солагии Ҳисор, соли 2015 дар ҷараёни барқарорсозӣ деворҳои атрофи қалъа, дарвозаю аркҳои он, чойхона бо 100 ҷойи нишаст, ҳавзи дохил, 6 адад айвони суҳбатгоҳ, сарбозхона, амфитеатр бо 700 ҷойи нишаст, 10 адад дӯконҳои гуногун барои ҳунармандон ва дигар иншооти дорои аҳамияти таърихии он бунёд ва навсозӣ шудаанд.<ref>[http://tajsohtmon.tj/tj/habarkho/144-bozdidi-sarvari-davlat-emomal-ramon-az-alai-isor.html Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ / Тоҷикӣ / Хабарҳо Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз қалъаи Ҳисор] </ref> ▼
Баландии девори атрофи шаҳр 5-8 метр, паҳноии девор 4-5 метрро ташкил медод, ки мир шаб бо аспу ароба болои девор гашту гузор намуда, атрофи шаҳрро назорат мекард.
Дар ду тарафи дарвозаи асосии арк ду бурҷи баланди мудаввар қад афрохтаанд, ки ғафсии деворҳояшон зиёда аз як метр мебошад. Бурҷҳо ҳаштогӣ тиркаш доранд. Дар пешорӯи дарвоза ду тарафи он суфаҳои калон мавҷуданд, ки дар ин ҷо тўпҳо меистоданд. Баъди аз дарвозаи Арк гузаштан дар ду тарафаш қаровулхонаҳоро мебинем. Пас аз убури миёнсарои дар самтҳои чапу рости Арк ду хоктудаи азим ба чашм мерасанд. Дар ин ҷо зиндонҳо будаанд. Дар яке аз ин зиндонҳо сарвари шўриши машҳури халқӣ бар зидди золимони манғит ҷувозкаши балҷувонӣ Восеъ ҳангоми ба Шаҳрисабз барои қатл бурданаш маҳбус буд. Дар тали баландтарини тарафи рости қалъа қароргоҳи ҳоким буд. Қисмати ғарбии начандон баланди қалъаро «Уштурхона» ном мебурданд. Дар ин ҷо аспу уштурҳоро нигоҳ медоштанд. Дар қисмати шимолии қалъа майдони мудаввар воқеъ мебошад, ки «Аскархона» ном дошт. Дар қисмати ғарбии Аскархона дарвозае будааст ва аз ин ҷо ба дохили қалъа озуқаворию молҳои хоҷагӣ ворид мекардаанд.<ref>[http://www.vfarhang.tj/index.php/tj/asos/22-jodgori-oi-ta-rikhii-to-ikiston/784-mamnu-go-i-ta-rikhiyu-far-angii-isor Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор]</ref>Мадрасаи Кӯҳна дар муҳофизати давлат мебошад.
▲Таҳти назари олимону мутахассисони Академияи илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг ва дигар муассисаҳои илмию фарҳангии кишвар аз ҷониби бинокорони моҳир барқарорсозии симои таърихии ин ёдгории бостонӣ ба роҳ монда шудааст. Ба муносибати таҷлили 3000 солагии Ҳисор, соли 2015 дар ҷараёни барқарорсозӣ деворҳои атрофи қалъа, дарвозаю аркҳои он, чойхона бо 100 ҷойи нишаст, ҳавзи дохил, 6 адад айвони суҳбатгоҳ, сарбозхона, амфитеатр бо 700 ҷойи нишаст, 10 адад дӯконҳои гуногун барои ҳунармандон ва дигар иншооти дорои аҳамияти таърихии он бунёд ва навсозӣ шудаанд.<ref>[http://tajsohtmon.tj/tj/habarkho/144-bozdidi-sarvari-davlat-emomal-ramon-az-alai-isor.html Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ / Тоҷикӣ / Хабарҳо Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз қалъаи Ҳисор]
== Нигаред ==
|