Ансамбли давлатии «Шашмақом»: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х тасвир
No edit summary
Сатри 1:
[[FileАкс:Народная мелодия в исполнении Насибы Омонбоевой и Камолиддина Хамдамова.jpg|thumb|Насиба Омонбоева ва Комолиддин Хамдамов шогирдони Боймуҳаммад Ниёзов дар дарси "«Шашмақом"»]]
'''Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов''' - — дастаи ҳунарии [[Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон]] мебошад. Ансамбли давлатии «Шашмақом» дар пойтахти Тоҷикистон ш. [[Душанбе]] ҷойгир аст.
 
== Таърих ==
[[Акс:Донишномаи Шашмаком.jpg|thumb|Муқоваи таълифоти "«Донишномаи Шашмақом" –» — Душанбе,2009.]]
Ансамбли давлатии «Шашмақом» аввалин дастаи ҳирфаии мақомсароён, ки [[соли 1947]] дар назди Радиои ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта, дар ҳифз ва рушди анъанаҳои устодонаи мақомсаро нақши босазо гузоштааст. Ба дастаи мазкур сарояндагон ва донандагони мусиқии мардумӣ ва классикӣ [[Шоҳназар Соҳибов]], [[Фазлиддин Шаҳобов]], [[Нерё Аминов]], [[Муҳиддин Мавлонов]], [[Саидхони Ҳисорӣ]] (Тӯхтаев), [[Абдумаҷид Ҳомидов]], [[Маъруфхоҷа Баҳодуров]], ва дигарон сафарбар шуданд. Дастаи мазкур баробари иҷрою тарғиби мақомҳо, инчунин дар иҷрои кулли мероси мусиқии халқи тоҷик нақши арзанда дошта, дар чандин ҷашнвораҳои мусиқии умумииттифоқӣ, сабти намунаҳои қисм ва шохаҳои ҷудогонаи мақомҳо дар сафҳаҳои мусиқӣ (қарта) кори бузургеро анҷом додаст. Зимни ин тавассути ин гурӯҳ бори аввал намунаҳои баргузидаи мақоми «Наво» ва шохаҳои созию овозии мусиқии устодонаи тоҷикон сабт гардида, дастраси ҷомеа гаштанд.
Фаъолияти пурбору ҳунарии даста дар ҷараёни сабти адвории «[[Шашмақом]]», ки бештар тавассути устодон Б. Файзуллоев, Ш. Соҳибов, Ф. Шаҳобов бо ҷалби донандагони санъати мақом Саидхони Ҳисорӣ, Муҳиддин Мавлонов, Нериё Аминов ва дигарон сурат мегирифт, назаррас аст. Тавассути пешоҳангону сарварони дастаи мақомсароён мактаб ва сабки иҷроии Душанбе бо риояи анъаноти иҷроии сабки Бухоро, яъне услуби аслии мақомхонии тоҷикӣ ташаккул ёфт. Барои таҳким ва рушди санъати мақом ва мақомсароӣ нимаи аввали солҳои 50-ум нерӯҳои нави иҷроӣ чун [[Барно Исҳоқова]], [[Фариза Саъдуллоева]], [[Нӯъмон Тоштемиров]], [[Абдуназар Ҳасанов]], [[Турсун Ӯлмасов]], [[Нисон Шоулов]], [[Яъқуб Бободӯстов]], [[Бозор Солиев]], [[Ҷӯрахон Искандаров]], [[Холиқ Саидов]], [[Авнер Аминов]], [[Уриэл Толмасов]] ва дигарон ба даста шомил шуданд.
Соли 1964 фаъолияти дастаи мақомхонон дар назди Кумитаи давлатии Радио ва телевизиони РСС Тоҷикистон ба ҷалби истеъдодҳои нави иҷроӣ таҳти сарварии Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов пурвусъат шуда, сарояндагони пурумед Б. Ниёзов, М. Исҳоқбоева, Л. Баракаева, К. Қосимов, Б. Яхшиев, Т. Иброҳимова, Ҳ. Маҳмудов, А. Солиев, Қ. Қодирова ва дигарон шомили даста шуданд. Солҳои 70-ум бошад ба дастаи мақомхонон истеъдодҳои нав — [[София Бадалбоева]], [[Мастона Эргашева]], [[Асадулло Атоуллев]], [[Шӯҳрат Матмуродов]], [[Нигина Рауфова]], [[Нуқра Раҳматова]], Маҳбуба Боҳирова, [[Саидқул Билолов]], [[Ҷамшед Исмоилов]], навозандагони боҳунари созҳои мусиқии миллӣ Г. Саодатов, А. Абдуллоев, Ф. Ӯлмасов, М. Ҷумъаев, М. Сафармамадов, Н. Азизов, К. Бурҳонов, С. Манонов, М. Ҷумъаев ва дигарон ворид шуда, дар вусъати иҷрои мақомҳо саҳми хоса доранд.
[[Акс:Ансамбль народных исполнителей.jpg|thumb|Ансамбли сарояндагони "«Шашмақом"»]]
Солҳои 70-90-ум бошад хатмкунандагони кафедраи мусиқии Шарқи Институти давлатии санъати Тоҷикистони ба номи М. Турсунзода, Р. Норкалаев, С. Шарифов, А. Сафоев, Р. Абдуллоева, С. Умарова, Ш. Ҳошимова, Н. Алиев, С. Наҷмиддинова, Ф. Саидов, Л. Мӯъминова, О. Ашӯрова, Ш. Ҳомидов, Ҷ. Қӯзиев, А. Орифов ва дигарон ворид шуданд, ки тавонҳои иҷроии дастаро таҳким бахшид. Дастаи мақомхонон ҳамеша аз ҳисоби нерӯҳои ҷавони иҷроӣ сафи хешро устувор намуда, дар паи дарёфти роҳу равиши нави иҷро ва тарғиби ин шоҳкории шеъру мусиқӣ кӯшишҳо ба харҷ медиҳад.
Дастаи мақомсароён дар тӯли фаъолият таҳти сарварии устодон [[Шоҳназар Соҳибов]], [[Фазлиддин Шаҳобов]], [[Аҳмад Бобоқулов]], [[Боймаҳмад Ниёзов]], [[Аъзам Солиев]] ва баъдан [[Алмос Абдуллоев]], [[Аслиддин Низомов]], [[Абдувалӣ Абдурашидов]], Д. Қурбонов ва [[Фурқат Саидов]] ин шоҳасари мусиқиро барои хазинаи тиллоии Радиои тоҷик сабт намудаанд. Ансамбли давлатии шашмақомхонон иштирокдори чандин ҷашнвора ва Симпозиумҳои байналмилалии мусиқӣ (Самарқанд - — 1978, 1983, 1987, Душанбе - — 1990, Теҳрон - — 2000, Исфара - — 2003, Душанбе - — 2006), рӯзҳои фарҳанги тоҷик дар Русия, Франсия (Москва, Париж-2005) ва ғайра буда, мероси пурмояю санъати олишони мақомҳоро бо диду бардоштҳои нави иҷроӣ манзури сомеъон намудааст. Барои хидматҳои шоиста ва маҳорати баланди иҷроӣ, тарғиби анъанаҳои асили мақом ва мақомсароӣ иддаи зиёди сарояндагони ансамбл ба унвонҳои фахрӣ, нишону ифтихорномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардидаанд — Ансамбли давлатии Шашмақом [[соли 2000]] бо Фармони Президенти ҶТ унвони Ансамбли давлатии шашмақомхонони ба номи Фазлиддин Шаҳобов дода шуд.<ref> [http://www.ktr.tj/node/120 Ансамбли давлатии "«Шашмақом"»]</ref><ref>Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. -  — Душанбе, 2009. -  — с. 28 ISBN 978-99947-49-13-3 </ref>
 
== Нигаред ==
* [[Шашмақом]]
 
== Адабиёт ==
* Маводи бойгонии Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати ҶТ;
* Таджикская музыка. - — Душанбе, 2002;
* Низомов А.Таърих ва назарияи Шашмақом. - — Душанбе, 2006;
* Ҳакимов Н. Шашмақом дар қарни ХХ. - — Хуҷанд, 2006;
 
== Манбаъ ==
{{эзоҳ}}
<references/>
[[Гурӯҳ:Шашмақом]]
[[Гурӯҳ:Мусиқии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дастаҳои ҳунарии Тоҷикистон]]