Антарктида: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 35:
Олами набототи Антарктидаро ушна, гулсанг, обсабзҳо, замбӯруғҳо ва ғайра ташкил медиҳанд. Олами ҳайвоноташ низ хеле камбағалу якранг аст. Дар ин ҷо ҳашароти қанотдор, ширхорҳои хушкигард ва моҳиҳои обҳои ширин вонамехӯранд, танҳо якчанд намуди буғумпойҳо ва бактерияҳо дучор меоянд. Аз парандагон асосан пингвин, мурғи тӯфон, моҳихӯраки шимолӣ ва белпойҳо бисёранд. Антарктида аҳолии муқимӣ надорад. Дар қитъа ва ҷазираҳои наздисоҳилии он 45 маркази тадқиқотӣ ва пойгоҳҳои давлатҳои гуногун ҷойгиранд. Дар баъзе пойгоҳҳо шаҳракҳои барои зисти дарозмуддат ҷиҳозонида ҳастанд.
 
Экспедитсияи баҳрнавардони рус (1819  — 21) бо роҳбарии Ф.  Ф.  Беллинсгаузен ва М.  П.  Лазарев, ки Антарктидаро январи 1920 кашф намуд, дар бораи мавҷудияти хушкии даруни доираи Қутби Ҷанубӣ маълумоти аввалин дод. Аз ин пеш вуҷуд доштани материки ҷанубиро (лотинӣ Terra Australis) тахмин мекарданд ва аксаран онро бо Америкаи Ҷанубӣ (масалан, дар харитаи соли 1513 тартибдодаи Пири-Реис) ва ё Австралия (номи лотиниаш далолат мекунад) якҷо медонистанд. Ҳамин экспедитсия вуҷуд доштани қитъаи шашуми оламро тасдиқ кард. Ибтидои асри 20 тадқиқотчиёни Қутб  — англисҳо Р. Скотт (1901  — 04, 1910  — 12) ва Э. Шелтон (1907  — 09), норвег Р. Амундсен (1910  — 12) аввалин шуда ба Қутби Ҷанубӣ расиданд; австралиягӣ Д. Моусон (1911  — 14) ва дигарон ба ноҳияҳои дохили материк сафарҳо карданд. Аз соли 1928 омӯзиши Антарктида бо ёрии самолётҳо оғоз ёфт; америкоӣ Ҷ. Уилкинс (1928  — 30), англис Л. Элсуорт (1935, 1938  — 39), америкоӣ Р. Бэрд (1929  — 31, 1933  — 35, 1939  — 41, 1946  — 47) дар ин бобат ташаббус нишон доданд. Тадқиқоти нави Антарктида дар давраи сеюмини Соли байналхалқии геофизикӣ (1957  — 58) вусъат ёфт. Дар ин муддат доир ба омӯхтани Антарктида корҳои бузурге анҷом дода шуда, пойгоҳҳои махсуси илмӣ таъсис ёфтанд. Дар омӯзиши Антарктида саҳми экспедитсияҳои антарктикии советӣ бузург аст. Сеяки соҳилҳои Антарктидаро олимони советӣ тадқиқ карда, бештар аз 200 объекти номаълумро дар харитаи қитъа қайд намуданд.
 
Иттифоқи Советӣ то миёнаи солҳои 80 асри 20 дар омӯзиши Қутби Ҷанубӣ мавқеи назаррас дошт ва ҳоло Федератсияи Русия ин мавқеъро аз даст надодааст. Айни ҳол азхудкунии Антарктида дар баробари азхудкунии кайҳон масъалаи аввалиндараҷа дар арсаи ҷаҳон гардидааст. Экспедитсияи аввалин ва расмии Тоҷикистон ба Антарктида (дар ҳайати экспедитсияи илмию тадқиқотии Русия) тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№  587 аз 30 ноябри 2007) аз 29 октябри 2008 то 24 майи 2009 дар шахси профессор Абдулҳамид Қаюмов сурат гирифтааст. Дар бахши иқлимшиносӣ ин муҳаққиқи тоҷик якҷоя бо мутахассисони Институти Арктика ва Антарктикаи Агентии метеорологияи назди Вазорати ҳифзӣ табиати Русия дар омӯзиши мавзӯи глобалии тағйирёбии иқлим, таъсири он ба муҳити атроф, ба пиряхҳо ва мутобиқшавии инсон ба ин тағйирот машғул шуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Натиҷаи ин тадқиқот чун модели дақиқи омӯзиши тағйирёбии иқлим эътироф шудааст ва чунин омӯзиш дар шароити лабораторӣ имкон надорад. Дастовардҳои ин экспедитсия ба шароити иқлими Тоҷикистон, пиряхҳо ва мавзеъҳои яхбастагии доимии он татбиқ хоҳад шуд. Дар қитъаи шашуми олам партавфишон будани Парчами давлатии Тоҷикистон боиси ифтихор аст ва аҳамияти бузурги сиёсӣ дорад. Оид ба таърихи тадқиқоти Антарктида ва низоми байналмилалию ҳуқуқии Антарктида нигар низ [[Антарктика]].
<gallery>
Kaiserpinguine mit Jungen.jpg|[[Императорский пингвин|Императорские пингвины]] в Антарктиде
Emperor Penguin Manchot empereur.jpg|[[Императорский пингвин]]
Antarctic_krill_(Euphausia_superba).jpg|Антарктический [[криль]] ''[[Euphausia superba]]''
Underwater mcmurdo sound.jpg|Подводный мир Антарктиды
</gallery>
 
== Эзоҳ ==