Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
[[FileАкс:Presidential National Guardsman.jpg|thumb]]
'''Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон''' - — воҳиди мустақили ҳарбии таъйи­ноти махсус ва бевосита ба Президент[[Президенти Тоҷикистон|Президент]] — [[Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Му­сал­лаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон]] тобеъ, ки анҷоми ва­зифаҳои махсу­сан муҳимми давлатиро ба зимма дорад.
 
== Таъсис ==
17 январи 1995 бо Фар­мони Президенти Ҷумҳурии То­ҷи­кистон таҳти №  155 Гвардияи президентӣ таъсис дода шуд. Сол­ҳои аввали соҳиб­ис­тиқ­лолии То­ҷи­кистон афсарону сарбозони он дар баробари ди­гар кормандони сохторҳои қудра­тӣ дар ни­гоҳ дош­тани тартиботи ҷамъия­тӣ, қону­нӣ, барқарор намудани сох­ти конс­титутсионӣ, таъмини амният ва таҳкими истиқ­лоли давлатии То­ҷикистон фаъолона шир­кат намуданд. 26 январи 2004 баъди та­ғйи­ро­ти сохторӣ бо Фар­мони Президенти Ҷумҳу­рии То­ҷи­кис­тон ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард.
 
== Сох­тор ==
* Раёсати кор­ҳои фар­мондеҳӣ
* Раёсати тай­ёрии ҷан­гӣ
* Сарситод (Раёсати ама­лиё­тӣ, шуъ­баи ташкил ва са­фарбарӣ, шуъбаи алоқа, шуъбаи хидмати қӯ­шун­ҳо ва бехатарии хидмати ҳар­бӣ, Раёсати хизмати комен­дан­тӣ, оркестри ҳар­биро дар бар ме­гирад)
* Раёсати кор­ҳои тар­бия­вӣ (аз бахшҳои тайёрии тар­бияи ва­тандӯстӣ, ин­ти­зоми ҳарбӣ ва пешгирии ҳуқуқ­вай­ронкунӣ, корҳои рӯҳ­ши­носӣ иборат аст)
* Раёсати асли­ҳа ва техника
* Раёсати ақиб­гоҳ, қисмҳои ҳарбии 051052 (Мар­кази тайёрии кадрҳо), 051053 (звенои авиатсионӣ), 051054, 051055, 051056, 051057, 051058, 051059, шуъбаи кадрҳо, шуъбаи молия.
 
Дар наз­ди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон наш­рияи «Род­мардон», ансамбли созию овозии «Диловарон», шуъбаи тиббӣ-ҳарбӣ ва шифохона фаъолият доранд.
* Раёсати кор­ҳои фар­мондеҳӣ
* Раёсати тай­ёрии ҷан­гӣ
* Сарситод (Раёсати ама­лиё­тӣ, шуъ­баи ташкил ва са­фарбарӣ, шуъбаи алоқа, шуъбаи хидмати қӯ­шун­ҳо ва бехатарии хидмати ҳар­бӣ, Раёсати хизмати комен­дан­тӣ, оркестри ҳар­биро дар бар ме­гирад)
* Раёсати кор­ҳои тар­бия­вӣ (аз бахшҳои тайёрии тар­бияи ва­тандӯстӣ, ин­ти­зоми ҳарбӣ ва пешгирии ҳуқуқ­вай­ронкунӣ, корҳои рӯҳ­ши­носӣ иборат аст)
* Раёсати асли­ҳа ва техника
* Раёсати ақиб­гоҳ, қисмҳои ҳарбии 051052 (Мар­кази тайёрии кадрҳо), 051053 (звенои авиатсионӣ), 051054, 051055, 051056, 051057, 051058, 051059, шуъбаи кадрҳо, шуъбаи молия.
 
Дар наз­ди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон наш­рияи «Род­мардон», ансамбли созию овозии «Диловарон», шуъбаи тиббӣ-ҳарбӣ ва шифохона фаъолият доранд.
 
== Фаъолият ==
Фаъо­лияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсип­ҳои волоияти қонун, са­доқат ба Ватан, халқи Тоҷикистон ва Президент, башар­дӯстӣ, муқад­дас будани масъулияти шаҳр­вандӣ барои ҳифзи Ватан, ҳи­мояи манфиати давлат, тамомияти арзӣ, таҳкими истиқ­лол, амният ва иқтидори мудофиавии Ҷум­ҳурии Тоҷи­кис­тон, эҳти­ро­ми ҳуқуқ ва озо­диҳои инсон ва шаҳрванд, омо­дагии доимии ҷангӣ ва сафарбарӣ, идоракунии мутамарказ, як­ка­сардорӣ, риояи ин­тизоми ҳарбӣ, нигоҳдории сирри давлатӣ ва дигар прин­сипҳои башардӯс­тона асос ёфтааст. Иҷрои тадобири маросими қабулу гусели сарони дав­лату ҳуку­мат­ҳои хо­ри­ҷӣ, созмонҳои байнал­милалӣ, анҷоми чо­раби­ни­ҳои ҳимоявӣ — низомӣ, фав­рӣ-ҷустуҷӯӣ ва дигар чораву тад­бир­ҳои вобастаи таъмини амнияти иншооти ҳифз­шавандаи махсусан муҳимми дав­латӣ, иморатҳо ва ҳу­ду­ди ҳам­ша­фа­ти онҳо, инчунин, аквато­рияҳо, ки ном­гӯи он­ҳо­ро Президент — Сар­фар­мон­деҳи Олии Қувва­ҳои Му­сал­лаҳи Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон муайян мекунад, ва­зифаи асо­сии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо супориши Президенти Ҷум­ҳурии То­ҷи­кис­тон Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои вобаста ба му­бо­ри­за бар зид­ди терроризм, мудофиаи гражданӣ, бартараф намудани оқи­бат­ҳои офатҳои табиӣ, фалокат ва са­да­маҳо иштирок менамояд. Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷум­ҳу­рии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Гвардияи мил­лии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон» ва Низомномаи Гвардияи мил­лии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
 
== Ҳайат ==
Ҳайати шах­сии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро шаҳр­вандони То­ҷи­кистон, ки тибқи даъват ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд ва афсарону прапоршикҳо ташкил меди­ҳанд. Хидмат дар сафи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ко­ри шарафнок бу­да, пас аз рутбаи хидматчиёни Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи «гвардия» ило­ва карда мешавад. Дар давоми фаъолияти чандинсола хидматчиёни Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои омодабошии ҷангӣ, хидмати қӯшунҳо, иҷ­рои нақшаву чорабиниҳо, на­ти­ҷа ва сифати машғу­лият­ҳои таълимӣ, тарбияи ватанпарастии ҳайати шахсӣ, иҷ­рои корҳои ободонӣ ва кабу­ди­зор­кунӣ дар қис­му воҳид­ҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар самти пуррагардонии қис­му воҳид­ҳо, робита ва ҳамкорӣ бо сох­тор­ҳои дохиливу бу­рунмарзӣ, ҳолати тайёрии ҷамъятӣ-ба­шар­дӯстона, таъминоти аслиҳа ва техникаи ҳарбии ақибгоҳ, моливию хоҷа­ги­дорӣ, авиатсия, вар­зиш, фароҳам овардани шароити ху­би хидмат ва ғ. ба на­ти­ҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла қисми ҳар­бии 051059 ба бригадаи зудамал ва Маркази таълимии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қис­ми ҳарбии 051052) табдил ва дар де­ҳаи Чоряккорони но­ҳияи Рӯдакӣ шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қис­ми ҳарбии 051060) ба истифода дода шуд. Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳамкориҳои Ҷум­ҳу­рии Тоҷикистон бо дав­лат­ҳои ИМА, Федератсияи Руссия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Фаронса, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Олмон, Ҷумҳу­рии Мисри Араб, Қазоқистон, Қир­ғизистон, Белоруссия, ҳамчунин Созмони Амният ва Ҳам­корӣ дар Аврупо (САҲА), ташки­лот­ҳои байналмилалию корпусҳои дип­ло­ма­тӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони низомии киш­варҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон робитаву ҳамкориҳои густурда дорад. Ҳама­со­ла хидматчиёни ҳар­бии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дав­лат­ҳои хо­риҷӣ дар самт­ҳои гуногуни омӯзи­ши ҳарбӣ мутахассис ва соҳиби маълумот мегарданд. Хид­матчиёни ҳар­бии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо дар машқҳои муштараке, ки дар чаҳор­чӯби Соз­мони Паймони Амнияти Даста­ҷамъӣ ташкил карда шу­даанд, ба монанди «Рубеж–2010Рубеж-2010» ва дар доираи ҳам­ко­риҳо бо ИМА дар машқ­ҳои якҷои «Ҳамкориҳои мин­та­қа­вӣ»-и солҳои 2008, 2009, 2010 ширкат варзидаанд. Тиб­қи мемориандуме, ки аз ҷониби Сафорати ИМА ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст, отряди таъйиноти махсуси Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо отряди таъйиноти махсуси ИМА ҳар сол ду бор дар урду­гоҳ­ҳои То­ҷи­кис­тон машқ­ҳои зидди­тер­ро­ристӣ ва мубориза алай­ҳи гардиши ғай­риқонунии маводди мухаддир анҷом ме­ди­ҳанд, ки ҷиҳа­ти баланд бардоштани донишу маҳо­рат ва са­вияи касбии хидматчиёни ҳар­бӣ дар роҳи мубориза бар зуҳуроти манфии замон аҳам­мия­ти бузург дорад.
 
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳар сол 3 сентябр ҳамчун Рӯзи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ҷамолзода Бобоҷон (аз ноябри 2013) мебошад.  
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== Адабиёт ==
* {{ЭМТ|Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон|3|муаллиф=М. Комилова}}
 
[[Гурӯҳ:Амнияти давлатӣ]]