Антигуа ва Барбуда: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 70:
== Сохти давлатӣ ==
Антигуа ва Барбуда — давлат дар таркиби Иттиҳоди Британияи Кабир. Сардори давлат — шоҳи Британия, ки ӯро дар мамлакат генерал-губернатор намояндагӣ мекунад. Мақоми қонунгузор — парламенти дупалатагӣ. Палатаи намояндагон (17 аъзо) ва Сенат (17 аъзо) ба мӯҳлати 5 сол интихоб мешаванд (аъзои Сенатро генерал-губернатор таъйин мекунад). Сардори Ҳукумат — сарвазир (инро ҳам генерал-губернатор таъйин мекунад). Ҳокимияти иҷроия — Шӯрои вазирон. Мақомоти судиро судя-резиденти Суди Олии Кариби Шарқӣ (дар Сент-Люсия ҷойгир аст) идора мекунад. Дар ҷазираи Барбуда маҷлиси қонунбарори мухтор — Шӯрои Барбуда (9 аъзо) амал мекунад. Антигуа ва Барбуда узви СММ ва зерсохторҳои махсуси он, Ташкилоти давлатҳои Кариби Шарқӣ ва ғайра мебошад. Ҳизбҳои сиёсиаш: Ҳизби лейбористии Антигуа, Ҳизби муттаҳиди прогрессивӣ, Ҳаракати халқии Барбуда.
 
==
== Табиат ==
Аз назари геологию орографӣ Антигуаро ба се қисм ҷудо мекунанд: хамии шимолӣ шарқӣ, ки аз оҳаксанги марҷонӣ, хамии марказӣ, ки аз регҳои таҳшинӣ ва оҳаксанг; теппаҳои пайдоишашон вулқонӣ, ки аз ҷинсҳои кристаллӣ иборатанд. Нуқтаи баландтаринаш Богги-Пик (403 м аз сатҳи баҳр). Баъзан заминҷунбӣ рух медиҳад. Пайдоиши Барбуда — марҷонӣ, заминаш мусаттаҳ, ҷойи баландтаринаш −36 м. Иқлимаш хушки тропикӣ. Ҳарорати миёнаи январ — феврал 24°С. август — сентябр 30°С. Боришоти солона аз 1070 то 1140 мм. Ҳар 5 — 10 сол сатҳи боришот аз 500 мм ҳам кам шуда, хушксолӣ меорад. Аз июл то октябр тӯфонҳои тропикӣ рӯй медиҳанд. Обро асосан аз чоҳҳои карстии чуқуриашон 5 — 10 м мегиранд. Аз соли 1970 нисфи ҳаҷми обҳои истифодашавандаро ба воситаи таҷҳизоти махсуси (аз намак тозакунанда) ҳосил мекунанд (73 млн м<sup>3</sup> дар як сол). Норасоии оби ошомиданӣ мушкили экологии кишвар аст. Олами ҳайвоноташ хеле камбағал (асосан сангпушт ва калтакалос) буда, аз ҷиҳати гуногунии парандагони маҳаллӣ ва кӯчӣ (то 170 намуд) ғанӣ мебошад. Ҷазира Редонде мамнӯъгоҳи парандагон ҳисоб мешавад.