Open main menu

Changes

 
== Сохти давлатӣ ==
[[Акс:St Johns Antigua 2012.jpg|thumb|250px|Маркази Сент-Ҷонс]]
Антигуа ва Барбуда — давлат дар таркиби Иттиҳоди Британияи Кабир. Сардори давлат — шоҳи Британия, ки ӯро дар мамлакат генерал-губернатор намояндагӣ мекунад. Мақоми қонунгузор — парламенти дупалатагӣ. Палатаи намояндагон (17 аъзо) ва Сенат (17 аъзо) ба мӯҳлати 5 сол интихоб мешаванд (аъзои Сенатро генерал-губернатор таъйин мекунад). Сардори Ҳукумат — сарвазир (инро ҳам генерал-губернатор таъйин мекунад). Ҳокимияти иҷроия — Шӯрои вазирон. Мақомоти судиро судя-резиденти Суди Олии Кариби Шарқӣ (дар Сент-Люсия ҷойгир аст) идора мекунад. Дар ҷазираи Барбуда маҷлиси қонунбарори мухтор — Шӯрои Барбуда (9 аъзо) амал мекунад. Антигуа ва Барбуда узви СММ ва зерсохторҳои махсуси он, Ташкилоти давлатҳои Кариби Шарқӣ ва ғайра мебошад. Ҳизбҳои сиёсиаш: Ҳизби лейбористии Антигуа, Ҳизби муттаҳиди прогрессивӣ, Ҳаракати халқии Барбуда.