Антигуа ва Барбуда: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 83:
 
== Иқтисод ==
Иқтисоди Антигуа ва Барбуда, ки наздики 300 сол ба парвариши найшакар асос ёфта буд, аз аввали солҳои 70 асри 20 сӯи сектори хизматрасонӣ — аввал дар соҳаи туризм ва аз солҳои 80 асри 20 ба соҳаи молия самт гирифт. Охири соли 1970 корхонаҳои истеҳсолии содиркунанда ба муддати 15 сол аз андоз озод карда, соли 2000 дар Антигуа минтақаи озоди тиҷоратию истеҳсолӣ кушода шуд; дар он низ соҳибикорон аз ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуданд. Истеҳсоли ром (соле 1,5 млн л), либос, васли техникаи рӯзгор дар иқтисоди Антигуа ва Барбуда мавқеи махсус дорад. Дар Антигуа ва Барбуда истеҳсоли барқ, коркарди нефт (Антигуа), истихроҷи реги сохтмонӣ (Барбуда) хуб ба роҳ монда шудааст. Давлат соҳиби замин аст. 9/10 ҳиссаи эҳтиёҷоти хӯрокворӣ аз ҳисоби воридот қонеъ карда мешавад. Сабзавоткорӣ бозори дохилиро таъмин мекунад. Пахта, мева аҳамияти содиротӣ доранд. Дар Антигуа ва Барбуда саршумори чорвои калони шохдор гӯсфанду буз, инчунин мурғ зиёд аст; моҳидорӣ ва шикори харчанги баҳрӣ (барои содирот) ҳам ҷойи намоёнро ишғол мекунад. Роҳҳои автомобилгард −1165 км; дар ҷазираи Антигуа 2 аэродром мавҷуд аст. Содирот — мева, ҳайвонҳои баҳрӣ, моддаҳои химиявӣ, воридот — молҳои ниёзи мардум, мошину таҷҳизот, мошинҳои сабукрав, нефт. Давлатҳои харидор — ИМА, Британияи Кабир, кишварҳои соҳили Кариб, Канада. Даромад асосан аз соҳаи туризм аст. Аз соли 1982 Антигуа ва Барбуда бизнеси оффшориро ривоҷ медиҳад. Дар минтақаи оффшорӣ (ҳудуди озод аз назорати асъорӣ ва сатҳи андозаш пасттарин) наздики 16 ҳазор ширкат ва 25 бонк ба қайд гирифта шудаанд.

== Саломати ва варзиш ==
Дар соҳаи тандурустӣ системаи давлатии суғӯртаи тиббӣ ба роҳ монда шудааст. Комитети олимпии Антигуа ва Барбударо соли 1976 МОК ба қайд гирифтааст. Дар Антигуа ва Барбуда крикет (намуди миллии варзиш), футбол, софтбол (намуди занона), голф, теннис, волейбол ва намудҳои обии варзиш тараққӣ кардааст.

== Маориф ва фарҳанг ==
Таҳсил барои кӯдакон ва ҷавонони то синни 16-сола ройгон аст. Синни гирифтани маълумоти ибтидоӣ 5 — 11 сол, маълумоти миёна — 11 — 16. Маълумоти миёнаи тахассусиро Коллеҷи давлатӣ ва Донишгоҳи байналмилалии технологӣ таъмин мекунад. Маълумоти олиро ҷавонони Антигуа ва Барбуда дар хориҷи кишвар мегиранд. Рӯзномаи куҳантарини кишвар «The Worker Voice» буда (органи ҳизби лейбористӣ), ҳафтае 2 бор нашр мешавад, 6 пойгоҳи радио ва 2 пойгоҳи телевизион дорад. Дар Антигуа ва Барбуда ҳар сол чорабинии муҳими фарҳангӣ — карнавали 10-рӯза бахшида ба бекор карда шудани ғуломдорӣ (аз соли 1834 ин ҷониб анъана гардидааст) баргузор мешавад. Ансамбли фолклории «Карибана» (ҷазираи Барбуда) дастаи ҳунарии дӯстдоштаи мардум аст. Музейи таърихӣ, музейи баҳрӣ, нигористони мусаввараҳо (намоиши осори рассомони маҳаллӣ) дорад.
 
== Адабиёт ==